28 феврали соли 2020 ҷаласаи Шӯрои Агентии мустақил оид ба аккредитатсия ва рейтинги Ҷумҳурии Қазоқистон (IAAR) баргузор гашт, ки дар он масъалаи ба се барномаҳои ихтисосҳои «Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ», «Молия ва қарз» ва «Иқтисоди ҷаҳонӣ» и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  додани шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ муҳокима карда шуд. Баъди омӯзиши ҳуҷҷатҳо ва қарори комиссияи экспертии берунаи IAAR Шӯро қарор қабул кард, ки ба ихтисосҳои «Технологияи шир ва маҳсулоти ширӣ», «Молия ва қарз» ба муддати 5 сол ва барои ихтисоси «Иқтисоди ҷаҳонӣ» ба муддати 3 сол шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ дода шавад.

Дар натиҷа, хатмкунандагони ин се ихтисос соҳиби дипломи дараҷаи байналмилалӣ гашта, имконияти кору фаъолиятро дар давлатҳои хориҷи кишвар бе гузаштан аз баробарарзишӣ (Нострификатся) пайдо намуданд ва дар бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир эътироф хоҳанд шуд.

Ба ин муносибат раёсати Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамаи омӯзгорону кормандон ва донишҷуёнро табрик гуфта қайд менамояд, ки аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани се барномаи таълимӣ ин натиҷаи заҳматҳои тамоми коллектив и донишгоҳ аст ва ҳар як корманду донишҷӯ саҳмгузор аст.