Дар асоси шартномаи судманди ҳамкории дуҷонибаи байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ки соли 2016 ба имзо расонида шуда буд, санаи 25-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинӣ бо номи “Як рӯзи ҲУМО дар ДТТ” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва хатмкунандагони факултетҳои иқтисодиёт ва молия, менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ, телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ иштирок намуданд. Маҳмадиев Ҷамшед – мутахассис оид ба қабули кормандони ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” дар бораи самтҳои фаъолияти кории ташкилот, шакли маъмуриву ташкилӣ ва тартиби ба кор қабулшавии мутахассисон ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Бояд ёдовар шуда, ки Ҷамъияти саҳомии пўшидаи «Ҳумо», ташкилоти амонатии қарзии хурди пешрафт ва инкишофёбанда мебошад. Вазифаи асосии он, ин пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии босифат ва дастрас ба аҳолӣ ва инчунин кӯмак расонидан ба рушди тиҷорати хурд барои таъмини имкониятҳои иқтисодии нав ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар доираи фаъолияти худ, ин ташкилот аз технологияҳои муосир ва стандартҳои баланди маблағгузорӣ истифода мебарад ва ин имконият медиҳад, ки мутобиқи таҷрибаи умумиҷаҳонии пешрафта, фаъолияти самаранок роҳандозӣ гардад.

Дар ҷамъбасти чорабинӣ байни кормандони ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” ва донишҷуёну хатмкунандагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон суолу ҷавоб оид ба ҷалби онҳо ба таҷрибаомӯзӣ, коромӯзӣ ва ба кор қабулшавии онҳо доир гардид. Аз хатмкунандагон даъват ба амал оварда шуд, ки онҳо бештар ба технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ диққати бештар зоҳир намоянд, зеро дар оянда аксарияти амалиётҳои хихматрасониҳои молиявӣ дар ташиклоту идора ва боннҳо тавассути онҳо сурат мегирад.