Бо мақсади омодасозии мутахассисони ҷавобгӯи талаботҳои зудтағйирёбандаи бозори меҳнат Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон пайваста вохуриву ҷамъомадҳо ва семинару курсҳои бозомӯзии касбиро барои донишҷӯён ва хатмкунандагон ташкил ва доир менамояд. Ин чорабиниҳо донишҳои назариявиро бо татбиқшавии он дар амал боз ҳам наздиктар намуда, имкон медиҳад, ки донишҷуён ва хатмкунандагони донишгоҳ дар вақти таҳсил бо талаботҳои корфармо аз наздик ошно гарданд ва пас аз хатм барои пайдо намудани ҷои кори мувофиқ заминаи хуб фароҳам оваранд. Вобаста ба ин санаи 20-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои кушоди ҶСП Бонки «АРВАНД» баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва хатмкунандагони факултетҳои иқтисодиёт ва молия, менеҷмент ва маркетинги байналмилалӣ, телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ширкат варзиданд. Сараввал дар толори маҷлисгоҳи донишгоҳ семинари омӯзишӣ ва муаррифии ин ташкилот аз ҷониби кормандони ҶСП Бонки “Арванд” гузаронида шуда, дар рафти он маросими бастани созишномаи ҳамкориҳои дуҷониба аз тарафи муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Юсупов Мирзо Чулиевич ва аз ҷониби дигар директори филиали Бонки “Арванд” дар шаҳри Душанбе Ҷалилова Фотима Маруфовна доир гардид. Пас аз он дар толори шӯрои олимони донишгоҳ бо ҷалби 100 нафар донишҷуёни курси 4-ми ихтисосҳои иқтисодӣ ва барномасозӣ озмуни ишғоли вазифаҳои хазиначӣ, маъмури барномасозӣ ва коршиноси қарздиҳӣ гузаронида шуд.