Тибқи мактуби расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 12.12.2020 ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон роҳбарияти донишгоҳи Пертаминаи Индонезия бо раёсати ДТТ вохурӣ гузаронида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ба ДТТ  ректори донишгоҳи Пертамина проф. Ахмалока, муовини ректор Буди Суджито, менеҷери шуъбаи равобити хориҷӣ Ариянти Сарвано ва корманди техникии сафорати Индонезия дар Ҷумҳурии Қазоқистон Шарифҷон Сафаров ташриф намуданд.

Дар раванди гузаронидани вохӯри бо ректори ДТТ масъалаи ҳамкорӣ миёни ду донишгоҳ ва ташкили мубидилият миёни донишҷӯён, магистрон, докторантон ва омӯзгорон  муҳокима карда шуд.

Инчунин қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи шиносоӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон миёни ду донишгоҳ  созишномаи ҳамкорӣ баста шуд.