Рӯзномаи “Фановар”

Рӯзномаи “Фановар”, ки муассисаш Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад, соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 0136/рз ба қайд гирифта шудааст. 14-уми июни соли 2014 бошад, рӯзнома аз сари нав дар Вазорати фарҳанг таҳти рақами 0136/рз ба қайд гирифта шуд.

Аввалин шумораи  “Фановар” 19-уми марти соли 2008 ба табъ расид, ки аксар маводҳои он ба ҷашни “Наврӯз” бахшида шуда буд.

Рӯзнома аз рӯзи таъсисёбиаш то ба имрӯз  аз ҳаёти устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ,  инчунин дастовардҳои илмию фарҳангӣ, варзишӣ ва навоварию ихтироотии донишҷӯёну устодон маводҳои зиёдро рӯи чоп овардааст.

Боиси хурсандист, ки ба туфайли дастгирии раёсати донишгоҳ ва департаменти корҳои тарбиявӣ аз моҳи сентябри соли 2016 сар карда рӯзнома мунтазам ба нашр мерасад. Падидаи хуби дигар ин аст, ки ба “Фановар” 1300 – нафар донишҷӯёни донишгоҳ обуна шуданд.

Бояд гуфт, ки рӯзнома чӣ  аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва чӣ аз ҷиҳати ороиш ба талаботи замон ҷавобгӯ аст. Бо вуҷуди ин, ҳайати эҷодӣ тамоми кӯшишу ғайрат ва маҳорати рӯзноманигориашонро ба он равона карданианд, ки сифат ва мазмуну мундариҷаи хабару мақолаҳо дар сатҳи боз ҳам баландтар ба роҳ монда шавад.

Тибқи нақшаи корӣ рӯзнома ҳар моҳ ду маротиба аз чоп бароварда мешавад. Ҳамчунин, бо мақсади боз ҳам хонданбоб ва беҳтар намудани сифати мақолаҳо ҳайати эҷодии рӯзнома тасмим гирифтааст, ки гӯшаву рубрикаҳои нав ба навро ҷорӣ намояд.

ФАНОВАР декабрь 1 2017

ФАНОВАР ноябрь 2017

ФАНОВАР октябрь 2017

ФАНОВАР (2017) ЯНВАР

ФАНОВАР (2016) ДЕКАБР

ФАНОВАР (2016) ДЕКАБР-2

ФАНОВАР (2016) ОКТЯБР

ФАНОВАР (2016) СЕНТЯБР

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English