Парки-илмӣ техникӣ

Парки технологӣ-инноватсионии “Фановар”-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  01.09.2011 сол дар асоси низомномаи аз тарафи ректори донишгоҳ тасдиқшуда  таъсис ёфта, дар кушодашавии он Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон иштирок намудааст.
Фаъолияти парки технологӣ-инноватсионии «Фановар» ва сохторҳое, ки дар итоати он мебошанд:           

Инчунин, дар зерсохтори парки технологӣ-инноватсионии «Фановар» 4 маркази  тренингӣ ва таълимӣ  фаъолият менамояд ва новобаста аз он донишгоҳ ба ихтисосҳои соҳаи хизматрасонӣ ва технологияи хӯрока бо мақсади сайқали маҳорати касбӣ ва боз ҳам қавитар гаштани донишҳои амаливу таҷрибавии донишҷӯён роли муҳимро мебозанд.

Секторҳои зерсохтори технопарки «Фановар»

Парки технологӣ- инноватсионии «Фановар» аз рӯзи ташкилёбиаш то ҳол фаъолияти молиявии мустақил нанамудааст.Парки технологӣ-инноватсионии «Фановар» ҳамчун маркази озмоишӣ, амалию

илмӣ ва инноватсионӣ мавриди истифода қарор дорад. Аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз технопарк ба якчанд дастовардҳо муваффақ гардидааст. Яъне, истеҳсоли таҷрибавии обҳои маъданӣ ва нушиданӣ, истеҳсоли таҷрибавии навъҳои нави макаронҳо бо иловаҳои   растаниҳои шифобахши ҳамаи минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ  монда шуда, дастурамалҳои нав  оиди истеҳсоли обҳои маъданӣ ва нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, макаронҳо, кефиру ёгуртҳои мевагӣ, навъҳои гуногуни маҳсулоти соҳаҳои қаннодӣ тартиб дода шуда, истеҳсоли таҷрибавии онҳо  ташкил карда шудааст ва барои омӯзиши донишҷӯён аз ин манбаъ шароитҳо муҳайё карда шудааст.
Дар озмоишгоҳи парки технологӣ-инноватсионии «Фановар»» барои санҷишу таҳлили маҳсулоти истеҳсолшудаи таҷрибавӣ ҳамаи таҷҳизот насб шуда, корҳои илмии донишҷӯёну омӯзгорони ҷавон аз рӯи  стандарти таълимӣ ва нақшаи иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида мешаванд. Инчунин, истеҳсоли натқеъҳои растаниву гиёҳӣ ва мевагиву сабзавотӣ ба роҳ монда шудааст. Наткеъҳои истеҳсолшуда консентратҳои табиӣ буда, барои иваз намудани хушбӯйкунандаҳо ва консентратҳои сунъие, ки аз хориҷи кишвар ворид мегарданд, барои истеҳсоли маводи хурока истифода шуда,  хамчун маводи табобатӣ  низ  ба ҳисоб мераванд.
Исботи ин амал истеҳсоли  консентрати (хока) хурмо мебошад. Ин консентрат барои истифода дар корҳонаҳои истеҳсоли маҳсулоти шир ва қаннодӣ васеъ истифода мешавад. Ҳангоми истеҳсоли кефирҳои мевагӣ ва ёгуртҳо, инчунин барои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ  ҳам истифода мекунанд.  Ҳамин гуна навоварӣ (кори инноватсионӣ) дар истеҳсоли макаронҳо низ ба роҳ монда шудааст. Ба таркиби макаронҳое, ки истеҳсол карда мешаванд,  наткеъҳои райҳону пудина ва дигар растаниву меваҳо, инчунин  рангҳои табиӣ ва тухми мурғ илова карда мешаванд . Гиёҳҳо ва меваву сабзавот  хушк ва майда карда, қимаи он дар истеҳсоли маводи хурока  илова карда мешаванд.
Дар рафти истеҳсоли таҷрибавии ин нӯшокиҳо як қатор дастурамалҳо  тартиб дода шудаанд. Чунин дастурамалҳо дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ дар айни замон  мавҷуда тартиб дода  шуда, ба тамоми талаботи стандарти сифат   ҷавобгӯ мебошанд, зеро дар рафти истеҳсоли онҳо консервант ва дигар иловаҳои кимиёӣ   истифода намешаванд.
4

Истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ ва ташхиси озмоишӣ

Барои донишҷӯёни донишгоҳ ва хонандагони литсейи инноватсионии «Душанбе» дарсҳои назариявӣ ва амалии омӯзиши дастгоҳҳои истеҳсолӣ  ва технологияи истеҳсоли  консентратҳои хӯрока, истеҳсоли макаронҳо  ва нӯшокиҳои ғайриспиртию обҳои ошомиданию  маъданӣ, дар муддати аз  10-рӯз то 1-моҳ курсҳои кӯтоҳмуддат мунтазам гузаронида мешаванд.  Дар ин давра, хонандагони литсейи инноватсионӣ фаъолона иштирок намуда, тарзи тартиб додани дастурамалҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрока, истеҳсоли корхонавии он, тарзи ҳисоби арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда ва инчунин, бо тарзи кори дастгоҳҳо ва хатҳои технологии истеҳсолкунанда аз наздик шинос мешаванд.
Хонандагону донишҷӯён ҳамчунин, тарзи тайёр кардани натқеъҳоро, ки барои истехсоли нӯшокиҳо ва маводи қаннодӣ истифода мешаванд аз худ менамоянд. Ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, бо истифода аз гиёҳҳои табиӣ маводи макаронии серғизо тайёр намуда қурби ғизоӣ ва қимматнокии энергетикии онҳоро муайян менамоянд.
Донишҷӯёне, ки (духтарон) тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ қабул шудаанд дар технопарк  номнавис карда мешаванд ва  курсҳои  бепули бозомӯзӣ оиди омӯзиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрока гузаронида  мешаванд.
6Раванди истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ

Кормандони технопарк барои кӯмак ба сектори таълимӣ-тренингии таомҳои озмоишии донишҷӯӣ «Мини-макс бо Нархҳои хандаовар»  ба истеҳсоли макаронҳо машғуланд ва барои пешравии кори ин сектор дастурамалҳои нави пухтани хӯрокҳо бо нархи на зиёда аз ду сомон тартиб медиҳанд. Айни ҳол якто дастурамали таом бо номи «Сырный суп от Натали»  бо нархи ду сомонӣ аз тарафи Қурбонова Н.Н. тартиб дода шуда, таоми пухташуда дар назди раёсати донишгоҳ барои санҷиши  экспертӣ пешниҳод шуд ва иҷозат барои пухтани ин таом дар сектори назди хобгоҳ иҷозат дода шуд.

 Истеҳсоли шириниҳо аз тарафи донишҷӯёни соли 5-ум

Истеҳсоли намудҳои гуногуни макаронҳо бо таҷҳизоти тақдимнамудаи олмониҳо (GIZ)Инчунин, донишҷӯён дар технопарк таҷрибаомӯзии худро мегузаронанд. Онҳо аз ашёи хом намудҳои гуногуни макаронҳо, маҳсулоти қаннодӣ, (истеҳсоли тортҳо, кулчақандҳо), маҳсулоти гӯштӣ (нони гӯштӣ, барак), маҳсулоти ширӣ (истеҳсоли кефир, ҷурғот, панир) ва дигар намуди маҳсулоти хурокаро таҷрибавӣ истеҳсол менамоянд.

Истеҳсоли макарон ва пироги гӯштӣ

Технопарки «Фановар» барои равнақу ривоҷи  корҳои илмиву инноватсионӣ бо корхонаҳову ташкилоти хориҷиву дохилӣ ҳамкориҳои судманд дорад. Яке аз чунин ҳамкориҳо бо Ташкилоти Ҳамкории Олмон (GIZ) мебошад, ки соли 2013 ин ташкилот  як қатор асбобу таҷҳизоти озмоиширо барои пешрафти корҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва озмоишию инноватсионӣ аз хориҷи кишвар харидорӣ намуда ба технопарки «Фановар» ва дигар озмоишгоҳҳои мавҷудаи донишгоҳ тақдим намуд. Айни замон бо он асбобу таҷҳизоте, ки Ташкилоти Ҳамкории Олмон (GIZ) тақдим намудааст, донишҷӯёну муаллимон корҳои илмиву инноватсионӣ мегузаронанд.
Ташкилоти дигаре, ки бо парки технологӣ-инноватсионии «Фановар» ҳамкорӣ дорад, Барномаи рушди кишоварзии «USAID»  аз мардуми Амрико мебошад, ки дар семинару намоишгоҳҳое, ки ташкил менамояд, кормандони технопаркро бо дастовардҳояшон даъват намуда бо дигар корхонаву ташкилот шинос намуда аз пешравиҳои илму техникаи ҳозиразамон ташвиқоту  тарғибот менамояд.
Бо корхонаву ташкилоти ватанӣ низ ҳамкориҳо оид ба илова намудани иловаҳои гиёҳу растанӣ ва меваю сабзавоти ба консентрат табдилдода  ташкил карда шудааст, ки  ба таркиби маҳсулоти хурокаи дар он корхонаҳо истеҳсолшаванда хокаҳову натқеъҳои дар технопарк истеҳсолшуда илова карда мешаванд. Айни замон ҳамкорӣ бо корхонаи қаннодии «Амирӣ» ва «Комбинати шири шаҳри Душанбе»  ба роҳ монда шудааст.
Барои рушду нумуъ ва фаъолияти босамар дар технопарки «Фановар»,  нақшаи дурнамо тартиб додааст, ки  соли равон  озмоишгоҳи парки технологӣ-инноватсионии «Фановар»  бояд аз аккредитатсияи давлатӣ гузарад. Аз ин сабаб,  баҳри иҷрои ин мақсади  гузошташуда,  дар технопарк дар нимсолаи аввал асбобу таҷҳизоти озмоишии ҳозиразамон  харидорӣ карда мешавад, ки он заминаи азми гирифтаи раёсати донишгоҳ ва кормандони технопарк мебошад.
Зикр кардан ҷоиз аст, ки кормандони технопарк дар озмоишгоҳҳои агентии «Тоҷикстандарт» курсҳои бозомӯзӣ гузашта истодаанд ва дар оянда аз рӯи шартномаҳои басташуда онҳо ба донишгоҳу марказҳои илмии давлатҳои аврупо  барои сайқали дониши худ равона мегарданд.
Барои дар амал татбиқ намудани корҳои илмӣ-инноватсионӣ ва дастурамалҳои бадастовардаи омӯзгорон ва донишҷӯён, кормандони технопарк оид ба  истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ ва маҳсулоти макаронӣ бозоршиносӣ (маркетинг)  гузаронида шуда  истодаанд ва дар оянда ният доранд, ки истеҳсоли маводи хурокаи зикршударо дар технопарк ба роҳ монанд.

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English