Татбиқи лоиҳаи CANEM II-и барномаи Эрасмус Мундуси Иттиҳоди Аврупо дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

1                                                                              2

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз соли 2010 инҷониб  дар амалӣ намудани як қатор лоиҳаҳои барномаи Эрасмус Мундуси Иттиҳоди Аврупо, аз он ҷумла шуруъ аз соли 2013 дар татбиқ намудани лоиҳаи CANEM II – «Ҳамкориҳои Донишгоҳҳои Осиёи Мараказӣ ва Аврупо дар соҳаи иқтисод ва менеҷмент 2» фаъолона иштирок менамояд. Дар доираи амалишавии лоиҳаҳои барномаи Эрасмус Мундус зиёда аз 50 нафар донишҷӯён ва устодони донишгоҳ бо истифода аз имкониятҳои лоиҳаҳо, махсусан имкониятҳои лоиҳаи CANEM II  дар муассисаҳои таҳсилоти олии Аврупо аз рӯи зинаҳои бакалавр, магистрӣ, докторантураи PhD, постдокторантура ва бозомӯзии кормандон ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Қайд кардан бомаврид аст, ки тайи рӯзҳои 15-17 майи соли 2017 дар Донишгоҳи миллии аграрии Қазоқистон (ш. Алмаато)  конференсия муштараки Осиёи Марказӣ ва Аврупо таҳти унвони «Натиҷагирии татбиқи лоиҳаҳои Эрасмус Мундус дар Осиёи Марказӣ» ташкил ва баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 100 нафар намояднагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки консорсиуми лоиҳаҳои гуногунро муаррифӣ менамуданд, ширкат доштанд. Конференсияи мазкур бо мақсади табодули таҷрибаи беҳтарин байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муҳокима ва баррасии ҳамкориҳои оянда, консорсиуми 7 лоиҳаро бо ҳам ҷамъ овард.

3

Тибқи барномаи кории конференсия Ректори Донишгоҳи миллии аграрии Қазоқистон профессор Тиектес Иесполов, мушовири лоиҳавии Агентии иҷроия оид ба маориф, воситаҳои аудиовизуалӣ ва фарҳанги Иттиҳоди Аврупо хонум Елиза Мавиглиа, ҳамоҳангсози лоиҳаи CANEM II  аз Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канария хонум  София Сименс ва дигар иштирокчиён  оиди натиҷагирии  амалишавии лоиҳаҳои барномаи  Эрасмус Мундус, имкониятҳои барнома ва лоиҳаҳои оянда барои донишгоҳҳо маърӯзаҳо намуданд.

4

Рӯзи сеюми конференсия пурра ба вохӯрии ҷамъбасти алоҳидаи консорсиуми ҳар як лоиҳа, махсусан вохӯрии алоҳидаи консорсиуми лоиҳаи CANEM II, ки дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии аграрии Қазоқистон баргузор гардид, бахшида шуда буд. Ҳангоми вохӯрӣ ҳамоҳангсози лоиҳаи CANEM II аз Донишгоҳи Лас Палмас де Гран Канария хонум  София Сименс оиди натиҷагирӣ аз амалишавии лоиҳа ба таври муфассал маърӯза намуда, қайд карданд, ки дар тули 4 соли амалишавии лоиҳаи CANEM II-и Эрасмус Мундус бо маблаѓгузории Коммисияи Аврупо 132 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбии хеш, омӯхтани фарҳанги кишвари дигар ва муаррифӣ намудани фарҳанги кишвари худ, мубодилаи таҷриба ва афкор дар муассисаҳои таҳсилоти олии Иттиҳоди Аврупо ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

5

08/06/2017 14:58

Иди Меҳргон

       Санаи 15 октябри соли 2017 дар муассисаи давлатии Боғи Ирам Иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ 200 нафар донишҷӯёни ДТТ бо роҳбарии кормандони Департаменти корҳои тарбиявӣ…

16/10/2017 14:27 Муфассалтар

Намоиши дастовардҳо ва мизи мудаввари донишҷӯён

     Ҳисобот оиди баргузории  намоиши дастовардҳо ва мизи мудаввари донишҷӯёни  факултети  муҳандисӣ – технологӣ    кафедраи  Технологияи истеҳсоли маводи хӯрока ба номи Қурбонов И.И.  ДТТ дар мавзӯи  „Саҳм ва мақоми…

16/10/2017 12:03 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

Семинари илмӣ таҳти унвони «Роҳандозии равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои макотиби олӣ»

Китобхонаи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Шуморо ба семинар таҳти унвони «Роҳандозии равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои макотиби олӣ», ки санаи   28 октябри соли 2017 соати 10:00 дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва…

16/10/2017 14:17 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English