“ХУШ ОМАДЕД МЕҲМОНОН”

Дар доираи эълон гардидани соли 2017 ҳамчун “Соли ҷавонон” аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи технологии Тоҷикистон санаи 01.06.2017 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар байни донишҷӯдухтарони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон барои баланд бардоштани фарҳангу маданияти меҳмонпазирӣ ва мутобиқ гардонидани он бае меъёрҳои байналмиллалӣ озмуни “Хуш омадед меҳмонон”-ро баргузор намуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- Самадова Баҳрия сармутахасиси протоколи идораи хоҷагӣ,Ҷойлобов Роҳбар –директори воҳиди савдо ва хӯроки умумӣ,Ҷабборов Хуршед-муовини директори корхонаи воҳиди савдо ва хӯроки умумии ДИПҶТ, Давлатзода Зулфия –муовини кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷураева Мавҷигул –намояндаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Озмун дар 2 бахш баргузор гардид, яъне бахши амалӣ ва назариявӣ. Ҳакамон аз байни донишҷӯдухтарон беҳтаринҳоро интихоб намуданд.
Ҷойи аввал насиби донишҷӯдухтари курси дуввуми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Ҳиҷобова Маҳина, ҷойи дуввум насиби донишҷӯдухтари курси якуми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Абдураҳмонова Моҳира ва ҷойи сеюм насиби донишҷӯдухтари Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон….. гардид. Ѓолибон аз тарафи кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тӯҳфаҳо сарфароз гардиданд.

20170602_131835

20170602_133315

20170602_133302

20170602_132452

20170602_132139

05/06/2017 15:09

Ифтитоҳи маркази тестӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

   Рӯзи 12 декабри соли равон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии ҶДММ  “Хуаксин Ғайюр Семент”-и Ҷумҳурии мардумии Хитой…

14/12/2017 08:53 Муфассалтар

Ғалаба муборак

    Аз 7-ум то 12-уми декабри соли 2017 бахшида ба «Соли ҷавонон» дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни донишҷӯёни макотиби олии ноҳияи Фирдавсӣ…

14/12/2017 08:43 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English