БАХШИДА БА «СОЛИ ҶАВОНОН» ВА РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Тибқи нақшаи баргузории барномаҳои фарҳангии муассисаҳои таълимӣ дар мавзеъҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, санаи 11-уми июни соли ҷорӣ санъаткорони ансамбли «Нури Роғун»-и Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва хонандагони Литсейи инноватсионии «Душанбе»-и назди донишгоҳ дар муассисаи давлатии Амфитеатри «Аҳорун» барномаи хуби омодакардаи консертиро манзури сокинони пойтахт гардониданд. Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд. Сурудҳои дар васфи ватан, ваҳдат, дӯстӣ, ҷавонӣ бахшидашуда ва рақсҳои ҷаззобу дилнишине, ки аз ҷониби ҳунармандони ансамбли «Нури Роғун» ва хонандагони литсей дар сатҳи баланд иҷро карда шуданд, писанди ҳозирин гардида, ба дилҳо шодию фараҳ бахшиданд. Умуман чорабинии мазкур дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаронида шуд.

13/06/2017 15:52

Иди Меҳргон

       Санаи 15 октябри соли 2017 дар муассисаи давлатии Боғи Ирам Иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд. Дар чорабинӣ 200 нафар донишҷӯёни ДТТ бо роҳбарии кормандони Департаменти корҳои тарбиявӣ…

16/10/2017 14:27 Муфассалтар

Намоиши дастовардҳо ва мизи мудаввари донишҷӯён

     Ҳисобот оиди баргузории  намоиши дастовардҳо ва мизи мудаввари донишҷӯёни  факултети  муҳандисӣ – технологӣ    кафедраи  Технологияи истеҳсоли маводи хӯрока ба номи Қурбонов И.И.  ДТТ дар мавзӯи  „Саҳм ва мақоми…

16/10/2017 12:03 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

Семинари илмӣ таҳти унвони «Роҳандозии равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои макотиби олӣ»

Китобхонаи Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон Шуморо ба семинар таҳти унвони «Роҳандозии равандҳои инноватсионӣ дар фаъолияти китобхонаҳои макотиби олӣ», ки санаи   28 октябри соли 2017 соати 10:00 дар шуъбаи адабиёти хориҷӣ ва…

16/10/2017 14:17 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English