Семинартренингҳо дар доираи амалигардонии лоиҳаи PROMIS –и Барномаи Tempus-и Иттиҳоди Аврупо

TEMPUS-LOGO      PROMIS-1a

Ҳамкориҳои Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо олимону мутахассисони хориҷи кишвар сол ба сол вусъат ёфта истодааст. Дар доираи лоиҳаи PROMIS –и Барномаи Tempus-и Иттиҳоди Аврупо «Тадқиқотҳои магистрӣ дар самти ТИК ҳамчун компетенсияи дуюм» профессорони Донишгоҳи технологии Люблини Ҷумҳурии Лаҳистон Марек Милош ва Элизабетта Милош ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташриф оварданд. Бо иштироки ин олимон тайи рӯзҳои 22 то 26 майи соли 2017 семинар – курси бозомӯзӣ барои кормандону донишҷӯён ва магистрони ихтисоси 1-530101 – «Автоматикунонии равандҳои технологӣ ва истеҳсолот» оғоз гардид. Дар ин семинар – тренинг олимони Лаҳистонӣ аз фанҳои «Идоракунии лоиҳаҳо дар самти барномасозӣ» ва «Барномасозӣ» дарс гуфта, ба шунавандагон оид ба технологияҳои муосири иттилоотӣ ва методикаи муосири тадриси фанҳои номбурда, маълумот доданд. Баъди ба итмом расидани курсҳо 24 нафар устодон, магистрон ва донишҷуёни донишгоҳ соҳиби сертификатҳо гардиданд. Рафти семинар-тренингҳоро пурра тариқи воситаҳои наворбардорӣ сабт гардидаанд ва ҳамчун маводҳои видеоии таълими дар оянда истифода хоҳанд гардид. Ҳамчунин дар давоми гузаронидани курсҳо тариқи таҷҳизоти видеоконфронсӣ барои донишҷуёну магистрони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, ки шарики лоиҳа ба шумор мераванд, пахши мустақими видеоӣ таъмин карда шуд.

IMG_4821

IMG_4847

IMG_4875

IMG_4389
 

IMG_4406

IMG_4409

IMG_4411

IMG_4461

IMG_4465

IMG_4478

Навор: Семинартренингҳо дар доираи амалигардонии лоиҳаи PROMIS –и Барномаи Tempus-и Иттиҳоди Аврупо

05/06/2017 17:45

Ифтитоҳи маркази тестӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

   Рӯзи 12 декабри соли равон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии ҶДММ  “Хуаксин Ғайюр Семент”-и Ҷумҳурии мардумии Хитой…

14/12/2017 08:53 Муфассалтар

Ғалаба муборак

    Аз 7-ум то 12-уми декабри соли 2017 бахшида ба «Соли ҷавонон» дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерӣ мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол байни донишҷӯёни макотиби олии ноҳияи Фирдавсӣ…

14/12/2017 08:43 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English