Муносибатҳои байналмиллалӣ

Шуъбаи равобити хориҷӣ дар соли 1992 баҳри танзиму таҳкими равобити хориҷӣ ва рушди фаъолияти байналмилалии ДТТ таъсис дода шудааст. Самтҳои асосии шуъба:

  • ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок бо  муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар;
  • кор бо сафоратхонаҳо, созмонҳо ва фондҳои байналмалалӣ дар ш. Душанбе;
  •  таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати  ба даст овардани  грантҳои Иттиҳоди Аврупо;
  • таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома, созишнома ва протоколҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм;
  • таҳияи лоиҳаи тафоҳумнома, шартнома ва созишномаҳо оид ба ҳамкории байни созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз кишвар;
  • назорати татбиқи созишномаҳои байнидонишгоҳӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо кишварҳои хориҷӣ;
  • назорати раванди таҳсили донишҷўён, коромўзон, аспирантон ва устодони хориҷӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • таъмини назорати риояи реҷаи раводид ва қоидаҳои иқомати донишҷўён, аспирантҳо, коромўзон ва устодони хориҷӣ  дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдори ҷумҳурӣ;
  • таъмин ҷалби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таълимӣ ва коршиносони соҳа ҷиҳати муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти байналмиллалӣ дар соҳаи маориф ва роҳҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷониба;
  • Ҳамкориҳои зич дар доираи лоиҳаи барномаҳои  Эрасмус+, FP7  ва Горизонт 2020-и Иттиҳоди Аврупо.
  • Дар сохтори шуъба сектори таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии байналмилалӣ фаъолият дорад.

    Самтҳои фаъолияти сектори таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии байналмилалӣ:

  • ҷустуҷў ва дарёфти барномаҳо, лоиҳаҳо ва фондҳои байналмилалие, ки грантҳои соҳаи маориф ва илм;
  • таҳияи барномаҳои муштарак оид ба фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи таҳсилот, таълиму тарбия, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар заминаи технологияҳои муосир;
  • муаррифии лоиҳаҳои инноватсионии байналмилалии грантӣ;
  • таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи инноватсионии байналмилалии грантӣ.

То имрўз, донишгоҳ бо зиёда аз 70 муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст. Аз ҷумла, бо Донишгоҳи техникии Рига, Латвия, Донишгоҳи аграрии Латвия, Коллеҷи Ню Ҷерсии ИМА, Донишгоҳи Отто фон Гўерки Олмон, Донишгоҳи Монтанаи ИМА, Донишгоҳи  Болл Стейти ИМА, Донишгоҳи Техникии Илменауи Олмон, Донишгоҳи Нанҷии Ҷумҳурии халқии Чин, Донишгоҳи Небраскаи ИМА, Донишгоҳи Ҳамболт ва Донишгоҳи нассоҷи ва технологияи либоси Олмон,  Донишгоҳи давлатии индустриалии ш.Москва, Донишгоҳи давлатии химиявӣ-технологии шаҳри Иваново,  Академияи давлатии бофандагии ш.Иваново, Донишгоҳи давлатии технологии шаҳри Кострома,  Академияҳои давлатии кишоварзии ш.Иваново ва Донишгоҳи давлатии технологии ш.Кострома, Академияҳои давлатии кишоварзии ш.Иваново ва Кострома, Академияи давлатии технологии ш.Воронеж, Донишгохи давлатии техникии ш.Орел  бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Украина, Донишгоҳи миллии техникии ба номи Иван Пулюяи ш.Тернополи  Украина, Донишгоҳи миллии сохтмон ва меъмории ш.Киев, Донишгоҳи миллии технология ва дизайни ш.Киев ва диг. Тибқи созишномаҳои ҳамкорӣ як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, мубодилаи донишҷўён ва устодон баҳри таҷрибаомўзӣ ва иштирок дар симпозиуму конфоронсҳои муштарак  ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, то ба имрўз зиёда аз 1280-нафар донишҷўёни тоҷик дар муасссисаҳои таҳсилоти олии касбии Россия  таҳсил менамоянд.

Дар чаҳорчўбаи ҳамкориҳои тарафайн миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Тернопол ба номи Иван Пулюй аз 1-уми сентябри соли 2008 дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ фаъолият мекунад, ки дар он мутахассисон аз рўи ду равия: «Менеҷменти байналмилалӣ» ва «Автоматизатсия ва технологияҳои ба компютер интегриронидашуда» тайёр карда мешаванд. Таҳсил дар ин факултет дар ду зина: ду соли аввал дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ду соли баъдӣ дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Тернопол ба номи Иван Пулюй сурат мегирад.

Ҳамчунин натиҷаи ҳамкориҳои тарафайн миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишгоҳи кимиёвӣ-технологии шаҳри Иваново кушодашавии факултети муштараки тоҷикӣ-русиягиро дар филиали шаҳри Кўлоби ДТТ метавон мисол овард, ки он мувофиқи нақша аз 1-уми сентябри соли 2009 ба фаъолияти хеш шурўъ намудааст.

ҲАМКОРИҲО

Лоиҳаҳои  байналмилалии грантӣ, ки айни ҳол дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон амалӣ шуда истодаанд:

Лоиҳаҳои барномаи Эрасмус Мундуси Иттиҳоди Аврупо:

MARCO ХXI

CANEM II – «Ҳамкориҳои Донишгоҳҳои Осиёи Мараказӣ ва Аврупо дар соҳаи иқтисод ва менеҷмент 2»

  • Лоиҳаҳои барномаи ТЕМПУС:
  • DOQUP – «Ҳуҷҷатгузорӣ барои таъмини сифати барномаҳои таълимӣ»

  • MAPREE – «Таҳияи барномаи магистрӣ аз рўи ихтисоси манбаҳои барқароршавандаи энергия дар биноҳои Осиёи Марказӣ ва Россия»
  • INNOCAST – «Озмоишгоҳҳои инноватсионӣ дар ОсиёиМарказӣ – сабабгори рушди босуботи инноватсия дар сегонаи дониш»
  • UNIWORK– «Тақвияти марказҳои рушди касбият дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ҷиҳати фароҳам сохтани шароити мусоид ба хатмкунандагон дар дарёфти ҷойҳои корӣ»
  • PROMIS – «Барномаи тадқиқоти касбии магистрии равияи информатика ҳамчун компетенсияи дуюм»
  • MFQSE –«Такмили маълумоти олии касбӣ дар соҳаи таъмини сифат ва бехатарии озуқаворӣ»

    Лоиҳаи FP7 (Seventh Framework Program):

  • eINTERASIA – «Интиқоли натиҷаи тадқиқотҳои  давлатҳои Аврупо дар соҳаи ТИК  барои  мутобиқгардонӣ ва  истифода  дар Осиёи Марказӣ»

    Ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Олмон

  • GIZ– «Ташкилоти хамкориҳои байналмилалии Олмон»

Лоиҳаи «Барномаи минтақавии тахсилоти касбӣ ва такмили ихтисос дар Осиёи Марказӣ», бахши технологияи коркарди мева ва сабзавот дар доираи барномаи технологияи истеҳсоли маводи хўрока.

  • LOGO.eV– Ташкилоти ҷамъиятии «Аграрӣ ва мувозинати экологӣ бо Аврупои Шарқӣ».

Қобили қайд аст, ки дар натиҷаи ҳамкориҳои судманд бо  муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар ва иштироки фаъолона дар лоиҳаҳои грантӣ беш аз 200 нафар омўзгорону кормандон ва 50-нафар донишҷўён курсҳои бозомўзӣ ва такмили ихтисосро аз худ намуда,  соҳиби сертификатҳову дипломҳои байналмилалӣ гаштанд. Инчунин аз буҷети лоиҳаҳои грантӣ барои донишгоҳ таҷҳизот ва маводи дарсӣ харидорӣ шудааст, ки дар раванди таълим самаранок истифода мегарданд.

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English