Озмуни навоварон ва ихтирокорони ҷавон

Ба диққати ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон (PhD) расонида мешавад, ки санаи 15-марти соли 2017 бо мақсади дастгирии иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  озмуни навоварон ва ихтирокорони ҷавон дар мавзӯи “ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН” баргузор намояд.

Хоҳишмандон метавонанд, бо ихтироот ва навгонии худ  аз рӯи бахшҳои зерин пешниҳод намоянд:

  1. Техника ва технологияи инноватсионӣ
  2. Инноватсия дар технологияҳои иттилоотию иртиботӣ
  3. Илмҳои табиӣ-риёзӣ
  4. Инноватсия дар иқтисодиёт
  5. Инноватсия ва рушди илмҳои улумибашарӣ.

Ихтирооти беҳтарин аз тарафи донишгоҳ барои дорандагони ҷойҳои намоён 1-1500сомонӣ ҷойи 2-1000сомонӣ ва ҷойи 3-700сомонӣ пешбини шудааст. Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи Донишгоҳ ва аз телефонҳои  зерин дастрас намоед:

(+992) 234 91 69 корӣ

(+992) 915 48 03 85 моб.

(+992) 907 79 89 07 моб.

JAVONON

27/02/2017 11:34

Ин мусибат ва ин хиёнат аз зеҳни миллат зудуда нахоҳад шуд

Исомиддин Шарифзода, номзади илмҳои фалсафа, мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ Пахши мустанади дафтари матбуотии ВКД, ки дар он боздоштшудагони муҷрими ҲНИТ-ӣ дар солҳои 90-ум то 2000-уми аз маҷмӯи ҷиноёти содиркардаашон қисса…

11/08/2017 17:10 Муфассалтар

Дустони ба ном «Ҷонӣ»

     Мардуми тоҷик аз дастовардҳои истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор намуда шукронаи онро дорем, ки…

11/08/2017 16:05 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

Симпозиум-конференсия дар мавзуи “Пешбурди технологияҳои иттилоотӣ дар Осиё-2017”

  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо ба ташкилоти куриёгии  WTIT-T (World Transfer Information of Technology in Tajikistan), ки дар асоси иҷозатномаи махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳ…

22/06/2017 15:13 Муфассалтар

(Русский) Русская научная гуманитарная экспедиция

Саҳифаи мазкур ҳоло маълумот надорад.

16/06/2017 16:59 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English