Вохурии корӣ бо ҶДММ “Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон”

      Чи хеле, ки маълум аст санаи 25.09.2017 кормандони Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамокриҳои судманд бо намояндагони шуъбаи кадрҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон” вохурии корӣ баргузор намуданд. Дар ин вохурӣ масъалаҳои таҷрибаомузиҳои истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷуёну хатмкунадагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва гузаронидани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, буд ва вохурии расмии роҳбарияти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва директори генералии ин ширкат ба нақша гирифта шуда буд.

         Дар ин замина санаи 1 –уми ноябри соли 2017 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии расмии роҳбарони ду муассиса баргузор гардид. Дар рафти гуфтушунид байни ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур ва директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кока Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон” Эзел Агаоглу шартномаи ҳамкорӣ оиди таҷрибаомузӣ, рушди касбият, ва ба ҷои кор таъмин намудани хатмкунандагони донишгоҳ ба имзо расид.

     Ҳамчунин дар рафти ин вохӯрӣ меҳмонон бо роҳбаладии проректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов Мирзо Чулиевич, проректор оид ба илм ва татбиқот Ҳакимов Ғафурҷон Қосимҷонович, декани факултети менеҷменти байналмилалӣ ва инвеститсионӣ Рабиева Таҳмина Муқимовна ва сардори маркази рушди касбият ва инноватсия Холиқов Музаффар Ғафурович аз маркази рушди касбият ва инноватсия, маҳфили волонтёрии “Эко+”, парки технологӣ-инноватсионии “Фановар”, Академияи шабакавии «Cisco» ва факултети менеҷменти байналмилалӣ ва инвеститсионӣ дидан намуда, аз кору фаъолияти  ин сохторҳо аз назикӣ шиносоӣ пайдо намуданд.

_MG_0017

_MG_0051

_MG_0057

_MG_0087

_MG_0132

26/10/2017 13:26

Шанбегии ДТТ

     Бахшида ба ҷашни 25 солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар ДТТ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ  гардида, омодагӣ ба ин рӯз рафта истодааст.  Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани дохили…

17/02/2018 16:39 Муфассалтар

ВНМО ва роҳҳои пешгирии он

    Санаи 15-уми феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии донишҷуён ва устодони донишгоҳ бо мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ…

17/02/2018 15:37 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English