Вокуниш дар робита ба озод намудани терористи дар пайгарди байналмилалии интерпол узви ташкилоти террористию экстремистии ҲНИТ Мирзораҳим Кузов (маъруф ба Шоҳнаими Қосим)

     Мо, аҳли раёсат ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо қатъияти том, озод шудани террористи дар пайгарди интерпол қарор доштаи аъзои ташкилоти  террористию экстремистии ҲНИТ Мирзораҳим Кузовро (машҳур ба Шоҳнаими Карим) маҳкум менамоем. Зеро ин нафар ба ҳайси муовини ин ташаккулаи терористӣ дар иддае аз ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин даст дошта, дар кудатои сиёсии моҳи сентябри соли 2015, ки боиси кушта шудани иддае аз шаҳрвандони кишвар гардид даст дорад. Амали аз ҷониби додгоҳи Олии Юнон анҷом ёфтаро, мо  амалиғайримунсифона ва ғаразнок меҳисобем, зеро додгоҳ бо таъсири тавтиапардозӣ ва дуруғҳои дигар аъзоёни ташкилоти терористию экестремистии ҲНИТ, аз ҷумла сарвари ин ҷинояткорон Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифтааст. Кабирӣ дар тавтиабозию дуруғпардозӣ беҳамто буда, тай ду соли ахир, ки дар кишварҳои аврупоӣ, пас аз маҷмуи ҷиноятҳои содир намудаааш дар дохили Тоҷикистон ба ҳайси паноҳандаву фирорӣ иқомат дорад. Тайи ин муддат худро ба дари созмонҳои байналмилаии дифоъ аз ҳуқуқи инсон зада даъво пеш меорад, ки гуё ташкилоти  терористию экстремистии ҲНИТ ва сарварони сиёсии он «мусичаҳои бегуноҳ» бошанд. Ҳол он ки ин ҳизб дар тули мавҷудияти хеш маҷмӯи ҷиноятҳои сангинеро аз қабили террор, даҳшатафканӣ, куштори дастаҷамъона ва амсоли ин анҷом додаст, ки барои мардуи Тоҷикистон бениҳоят зарари маънавӣ иқтисодӣ ва иҷтимоиро дар пай доштааст. Муфассалтар….

07/12/2017 15:15

Шанбегии ДТТ

     Бахшида ба ҷашни 25 солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар ДТТ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ  гардида, омодагӣ ба ин рӯз рафта истодааст.  Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани дохили…

17/02/2018 16:39 Муфассалтар

ВНМО ва роҳҳои пешгирии он

    Санаи 15-уми феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии донишҷуён ва устодони донишгоҳ бо мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ…

17/02/2018 15:37 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English