Вохӯри бо истиқоматкунандагони хобгоҳ

     Тибқи нақшаи чорабиниҳои Департаменти корҳои тарбиявӣ санаи 07-уми ноябри соли равон дар хобгоҳи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии кормандони департаменти тарбия ва департаменти равобити хориҷӣ ва масоили иҷтимоӣ бо истиқоматкунандагони хобгоҳ баргузор гардид. Вохӯрии мазкур ба муносибати 23–юмин солгарди  Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикстон бахшида шуда, дар он муовини ректор оид ба тарбия Юсупова З. Р.  оиди  Қонуни асосии кишвар – Конститутсия маълумоти муфассал дода, қайд намуд, ки бо шарофату ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар мамлакат сулҳу ваҳдат пойдору мустаҳкам буда, кишвари азизамон рӯз аз рӯз рушд карда истодааст. Алалхусус, барои ҷавонону наврасон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Инчунин, кормандони департаменти тарбия боз як бори дигар оиди тартибу интизом ва сару либоси тавсиявии донишҷӯён таъкидҳо карданд.

20171107_161721

20171107_161804

20171107_161853

20171107_161858

10/11/2017 18:23

Шанбегии ДТТ

     Бахшида ба ҷашни 25 солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар ДТТ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ  гардида, омодагӣ ба ин рӯз рафта истодааст.  Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани дохили…

17/02/2018 16:39 Муфассалтар

ВНМО ва роҳҳои пешгирии он

    Санаи 15-уми феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии донишҷуён ва устодони донишгоҳ бо мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ…

17/02/2018 15:37 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English