Шукр бояд кард!

     Айёми ҷавонӣ беҳтарин ва пурсамартарин давраест барои инсоният. Бесабаб ин айёмро давраи тиллоӣ наномиданд, зеро заминаҳои асосии зиндагии одамон барои фардо маҳз аз ҳамин давра оғоз меёбанд. Дар ҳамин давра мо бояд  дар ғафлат намонем. Зеро истифодабарандагони – идеологҳои экстремистӣ моҳияти синнусолӣ ва дарки давраи гузариши ин даврони пурмаҳсулро хуб дарк намуда, онҳоро бо ҳар роҳу восита ба худ моил менамоянд. Дар ин роҳ онҳо харҷи маблағҳои зиёдро  низ дареғ намедоранд.

     Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Ҳоло дар дохили кишвар зиёда аз 200 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил доранд. Аммо новобаста ба кушишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани баъзе аз онҳо ҷой доранд.

       Нақши оила, мактабу маориф дар таълиму тарбияи насли наврас бағоят бузург аст. Бо иштироки донишҷўён, хонандагон, аҳли ҷомеа баргузор намудани вохўрию мулоқот ва фаҳмондани хатари падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, ба монанди  терроризм, экстремизм ба манфиати кор аст. Гузарондани чунин чорабиниҳо дар  назди, махсусан ҷавонони кишвар ба татбиқи сиёсати давлати соҳибистиқлоламон мусоидат хоҳад кард. Барои тарбияи ҷавонон дар рўҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ моро зарур аст, ки аз матбуоти даврӣ, телевизион, радио ва интернет самаранок истифода барем.

    Омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон    тариқи шабакаи телевизионии «Тоҷикистон» филми мустанади таҳиякардаи маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Омилони қатли  Сафаралӣ Кенҷаев  ошкор  ва  дастгир  шуданд»- ро  тамошо намуда, нисбат ба кирдори ноҷавонмардонаи Ҳалим Назарзода- хиёнаткори Ватан ва пуштибонони ӯ ҳисси нафрат доранд.  Ошкоро изҳор намудан аз аъмоли зишту ноҷавонмардона ва афсӯсу надомати «қаҳрамонон» -и филми мустанад, пушаймоншавии онҳо имрӯз шаҳодати пойдории сулҳу субот ва осоиштагӣ дар ҷумҳурӣ аст. Онҳо фаҳмиданд, ки бо амалҳои худ натавонистанд ин миллати тамаддунофарро пароканда созанд, ҷумҳуриро пора-пора кунанд, кишварро бе олиму зиёӣ гардонанд, сохти идоракунии ба мақсадҳои худ мувофиқро барқарор созанд.

     Сарнавишти миллат дар ҳама давру замон ба чигунагии вазъи ҷуғрофӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ, фикрӣ ва фарҳангӣ вобастагӣ дорад. Решаю омилҳои бурузи ифротгароӣ ва ба истилоҳ экстремизми динӣ-мазҳабӣ, қабл аз ҳама, дар ақибмондагии саросарии иҷтимоӣ зоҳир мегардад. Ҳар қадар иҷтимоъ моили ҷаҳолату афкори пӯсидаи гузашта бошад, ҳамон қадар хатари ҳама гуна ифроту тафритгарӣ онро таҳдид мекунад.

    Дар  ин дунёи пурталотум ва олами набардњо, ки хатарњои гуногун ба пойдориву устувории давлату миллатњо рўз аз рўз ба таври афзунтар тањдид мекунанд ва љањонишавии сиёсату иттилоот бавижа миллатњои хурдро тањти фишор ќарор медињанд, кўшиш  бояд кард, ки аз ин тўфони балои бањри нопайдоканори набарди тезутунди зиндагї киштии умеди миллатро зери сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соњили муроду офият бидуни шикаст бирасонем.

             Муовини ректори ДТТ                                                                                                           Юсупова З.Р.

02/09/2017 09:05

Шанбегии ДТТ

     Бахшида ба ҷашни 25 солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар ДТТ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ  гардида, омодагӣ ба ин рӯз рафта истодааст.  Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани дохили…

17/02/2018 16:39 Муфассалтар

ВНМО ва роҳҳои пешгирии он

    Санаи 15-уми феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии донишҷуён ва устодони донишгоҳ бо мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ…

17/02/2018 15:37 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English