Омӯзиши забони хитоӣ василаи рушди фарҳангии Тоҷикистон ва Хитой

    Рӯзи 01.12.2017 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон боз як рӯйдоди таърихӣ ба вуқуъ пайваст. Дар ин рӯз  меҳмонон аз донишкадаи Конфутсияи Ҷумҳурии мардумии Хитой дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори маркази Конфутсия аз тарафи Ҷумҳурии Халқии Хитой  хонум  Дзя  Дзин  Фанн  ва директори марказии Конфутсия аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маҳмадиев Н. ба донишгоҳ ташриф оварданд.

     Меҳмонони олиқадрро  Ректори донишгоҳ Амонзода И.Т., муовини ректори донишгоҳ оид  ба равобити хориҷӣ  ва масоили иҷтимоӣ  Х.Бобоев, муовини ректор оид ба илм ва татбиқот
Ҳакимов Ғ.Қ. ва мудири шуъбаи равобити хориҷӣ Фарзонаи Ф. қабул намуданд.

    Мақсад аз боздид ва мулоқот бо меҳмонон ин ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ, фарҳангӣ, омӯзиши  забони  хитойӣ  ва  баланд бардоштани сатҳи забондонӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён ва устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад.

   Ҷиҳати ба роҳ мондани ин ҳамкориҳо созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва маркази Конфутсияи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарони муассисаҳо ба имзо расид. Тибқи ин созишнома омӯзиши забони  хитойӣ дар оғози нимсолаи 2-юми соли таҳсили 2017-2018  барои донишҷӯён ва омӯзгорон ба роҳ монда мешавад. Ба ғайр аз ин, гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ низ дар назар дошта шудааст.

06/12/2017 15:48

Шанбегии ДТТ

     Бахшида ба ҷашни 25 солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар ДТТ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ  гардида, омодагӣ ба ин рӯз рафта истодааст.  Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани дохили…

17/02/2018 16:39 Муфассалтар

ВНМО ва роҳҳои пешгирии он

    Санаи 15-уми феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии донишҷуён ва устодони донишгоҳ бо мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ…

17/02/2018 15:37 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English