ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДТТ, АМОНЗОДА ИЛҲОМ ТЕМУР БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Устодон ва донишҷӯёни азиз!

   Соли 2017, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардида буд, баъди чанд рӯз ба ҳукми таърих ворид шуда ҳукмрониро ба Cоли нав – соле, ки тоҷикону тоҷикистониён аз он файзу баракат, шодию нишот ва комёбию дастовардҳои бузургро интизоранд, во мегузорад.

    Соли 2017 барои мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла ҳайати устодону профессорон ва донишҷӯёни ДТТ аз бисёр ҷиҳат соли бобарор ва пур аз комёбиҳо буд,

   Табиист, ки Соли нав  дар тамоми идораю муассисаҳо, корхонаю ташкилотҳо ва дигар коллективҳои меҳнатӣ, новобаста аз шакли моликияташон бо натиҷагирии соли сипаришуда ва муайян намудани вазифаҳо дар Соли нав оғоз мегардад.

   Натиҷагирӣ ва таҳлилҳо нишон доданд, ки заҳматҳои аҳли илм ва дигар кормандони донишгоҳ баҳри ободонӣ ва боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия, тайёр намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир самараи хуб доданд. Аз ин рӯ, Шуморо бо анҷоми бобарори соли 2017 ва оғози Соли нави 2018 самимона шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор, ривоҷи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ва таҳсили хубу аъло таманно дорам.

    Соли 2017 дар ҳақиқат соли таърихӣ, соли рӯйдодҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ буд. Аз ҷумла, таҷлили бошукӯҳи Наврӯзи байналмилалӣ, 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуданд. Ба истифода додани якчанд иншоотҳои муҳими аҳамияти ҷумҳуридошта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани роҳу пулҳо ва даҳҳо биноҳои хуштарҳу замонавии маданию маъмурӣ ва истиқоматӣ, ки ба ҳамин сол рост омаданд, ба беҳтар гаштани сатҳи зиндагии мардум ва ободии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидати бештар намуданд.

    Яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои сол ин Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки 22-юми декабр ироа гардид. Паёми Пешвои миллат, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ва соҳаҳои ҳаётан муҳими кишварро дар бар мегирад, ҳамчун роҳнамо дар рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва баланд гардидани обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нақши арзанда хоҳад гузошт,

   Комёбиҳои бадастовардаи ҳайати устодону профессорон, кормандон ва донишҷӯёни мо низ дар соли 2017 кам набуданд. Донишгоҳ дар соҳаи илм ва таълиму тарбия як қатор дастовардҳоро соҳиб шуд. Дар соли сипаришаванда ҳамкориҳои донишгоҳ бо дигар мактабҳои олии кишварҳои хориҷи дуру наздик вусъат ёфтанд.

   Ҳамкорону донишҷӯёни азиз! Аз  комёбиҳое, ки мову шумо дар соли 2017 ба даст овардем, набояд хотирҷамъ шуд. Баръакс мову шуморо лозим аст, ки баҳри татбиқи сиёсати оқилонаю хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус,  Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳчанд заҳмат кашида, кӯшишу ғайрати бештар ба харҷ диҳем.

    Боварӣ дорам, дар соли 2018, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, мову шумо дар якҷоягӣ баҳри иҷрои нақшаҳои базиммадоштаамон кӯшиш ба харҷ дода, комёбиҳоямонро боз ҳам бештар мегардонем.

Соли наватон муборак бошад!

30/12/2017 11:37

ОМӮЗИШИ ЭКОЛОГӢ

Яке аз самтҳои фаъолияти маҳфили волонтёрии Эко+ ин баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён мебошад. Дар ин замина санаи 15 – декабри соли 2017 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон…

16/01/2018 12:07 Муфассалтар

КОРОМӮЗӢ ДАР GIZ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази рушди касбият ва инноватсия ин ҳамокрӣ бо ташкилоту муассисаҳои давалативу байналмилалӣ бо мақсади рақобатпазиргардонии донишҳои касбӣ- тахассусии донишҷуёну хаткунандагон мебошад. Вобаста ба ин санаи…

12/01/2018 14:26 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English