Паёми рӯҳбахш

      Санаи 22-юми декабри  соли 2017 мардуми шарифи Тоҷикистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоии кишвар бо мароқи том тамошо ва гӯш карданд. Аз ҷумла, ҳайати устодону профессорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ Паёми Пешвои миллатро ба воситаи телевизионҳои дар толорҳо, синфхонаҳо ва кафедраҳои донишгоҳ ва литсеи инноватсионии “Душанбе” гузошташуда бодиққат гӯш карданд. Инчунин Паёми мазкур ба воситаи радиои донишгоҳ, ки дар тамоми биноҳои факултаҳо насб гардидааст садо дод.

      Бояд гуфт, ки омодагии хуби Раёсати донишгоҳ,  алалхусус ҷиҳати таъмин намудани толору синфхонаҳо бо телевизионҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ имкон дод, ки ҳайати устодону профессорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ суханронии Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мароқи том гӯш кунанд.

    Ҳайати устодону профессорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз Паёми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳбаланд гардида, тамоми дониш ва  кӯшишу ғайрати худро баҳри дар амал татбиқ намудани Паёми имсолаи Президент, ки барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла мактабу маориф ҳамчун барномаи мукаммал хизмат хоҳад кард, равона мекунанд.

 

 

 

25/12/2017 12:58

ОМӮЗИШИ ЭКОЛОГӢ

Яке аз самтҳои фаъолияти маҳфили волонтёрии Эко+ ин баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён мебошад. Дар ин замина санаи 15 – декабри соли 2017 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон…

16/01/2018 12:07 Муфассалтар

КОРОМӮЗӢ ДАР GIZ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази рушди касбият ва инноватсия ин ҳамокрӣ бо ташкилоту муассисаҳои давалативу байналмилалӣ бо мақсади рақобатпазиргардонии донишҳои касбӣ- тахассусии донишҷуёну хаткунандагон мебошад. Вобаста ба ин санаи…

12/01/2018 14:26 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English