ҶАМЪБАСТИ СОЛИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ

     Санаи 28-уми декабри соли 2017 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон чорабинии ҷамъбастӣ бахшида «Соли ҷавонон» таҳти унвони «Ташаббусҳои ҷавонон – ояндаи дурахшони Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовинони ректор, деканони факултетҳо ва дигар кормандону устодон ва донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов Мирзо Чулиевич ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуд ва ин боиси хурсандии тамоми ҷавонони кишвар гардид.     Дар ҳақиқат ҷавонон мо имрӯз аз дигар қишрҳои ҷомеа дида фаъолтаранд ва қариб 70 фисади аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд. Фаъолияти ҷавонон имрӯз дар тамоми самтҳо баръало мушоҳида мешавад. Бо боварии том метавон гӯфт, ки донишҷӯёни донишгоҳ бо донишу заковати хеш оянда ҳамчун ҷавонони фаъол барои гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз саҳмгузор хоҳанд шуд. Баъдан Фирӯз Табаров – сардори шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш суханронӣ намуда, қайд намуд, ки ҷавонон давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар ва ворисони аҷдодии халқи тамаддунофари миллатанд. То ҷамъбасти Соли ҷавонон рӯзҳои башумор мондааст, вале мо ҷавонон бояд ба ин нигоҳ накарда шабу рӯз дониш омӯзем, заҳмат кашем ва дар оянда мутахассиси замони нав шуда, ба халқу ватани хеш содиқона хизмат намоем, ба боварию эътиқоди Пешвои муаззами миллат, ки нисбат ба ҷавонон доранд, бояд содиқ бошем. Аз фурсати муносиб истифода намуда, ҳамаи шуморо бо Соли нави мелодии 2018 табрик ва муборакбод менамоям.

     Баъдан аз ҷониби муовинони ректор ва деканони факултетҳо маросими супоридани ифтихорнома ва медалу ҷоизаҳо ба ғолибони озмун ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ сурат гирифт. Дар маҷмӯъ ба 85 нафар донишҷӯёни фаъол ва аъзоёни дастаҳои футболбозон, баскетболбозон ва волейболбозон, ки дар мусобиқаҳои варзишӣ байни факултетҳои донишгоҳ ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, ифтихорнома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравии аз ҷониби раёсати донишгоҳ омодашуда супорида шуданд. Чорабиниро барномаи фарҳангии омоданамудаи ҷавонон, ки дар сатҳи баланд таҳия шуда буд, ҳусни анҷом бахшид.

30/12/2017 09:53

ОМӮЗИШИ ЭКОЛОГӢ

Яке аз самтҳои фаъолияти маҳфили волонтёрии Эко+ ин баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён мебошад. Дар ин замина санаи 15 – декабри соли 2017 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон…

16/01/2018 12:07 Муфассалтар

КОРОМӮЗӢ ДАР GIZ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази рушди касбият ва инноватсия ин ҳамокрӣ бо ташкилоту муассисаҳои давалативу байналмилалӣ бо мақсади рақобатпазиргардонии донишҳои касбӣ- тахассусии донишҷуёну хаткунандагон мебошад. Вобаста ба ин санаи…

12/01/2018 14:26 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English