Ҷамъбасти соли 2017 ва вазифаҳо дар соли 2018

      Дар ҷамъомаде, ки 9-уми январи соли 2018 дар толори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки устодону профессорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид, натиҷаҳои соли 2017 баррасӣ гардида, вазифаҳо барои соли 2018 муайян карда шуданд.

    Дар маърӯзаи ректори донишгоҳ, ки аз ҷониби муовини аввали ректор Тошматов Маҳмуд Неъматович ироа гардид, тамоми самтҳои фаъолияти омӯзгорӣ ва дастоварду камбудиҳои соҳаи таълиму тарбия, илму муносибатҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар маҷмӯъ соли сипаригардида барои коллективи донишгоҳ бобарор ва пур аз дастовардҳо маънидод карда шуд.

   Ҳамчунин таъкид гардид, ки аҳли илму заҳмати донишгоҳ набояд аз комёбию муваффақиятҳои бадастоварда хотирҷамъ шаванд, балки ҳар як узви коллективро зарур аст, ки дар кори таълиму тарбия, бахусус тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда гузошта, дар татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахусус Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши босазо гузоранд.

   Дар ҷамъомад муовини сардори идораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Шоев суханронӣ намуда, нақши донишгоҳро дар рушди соҳаи маориф назаррас  маънидод кард. Ӯ аз ҷумла сатҳи сифати таълимро хуб арзёбӣ намуда, ба корҳои анҷомдодаи тарбиявии донишгоҳ баҳои баланд дод. Инчунин барои баланд бардоштани иқтидори илмии донишгоҳ ҳайати омӯзгорон, бахусус ҷавононро барои  дифои рисолаҳои  илмӣ даъват намуд.

     Маҳмудхон Шоев изҳори умед намуд, ки аҳли илму заҳмати донишгоҳ дар соли 2018 низ хубтару беҳтар кор карда, ба  нишондиҳандаҳои назаррас ноил мегарданд.

Дар хотимаи ҷамъомад ба чанде аз устодону олимони донишгоҳ ифтихорномаҳо супорида шуданд.

11/01/2018 19:35

ОМӮЗИШИ ЭКОЛОГӢ

Яке аз самтҳои фаъолияти маҳфили волонтёрии Эко+ ин баланд бардоштани маърифати экологии донишҷӯён мебошад. Дар ин замина санаи 15 – декабри соли 2017 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон…

16/01/2018 12:07 Муфассалтар

КОРОМӮЗӢ ДАР GIZ

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маркази рушди касбият ва инноватсия ин ҳамокрӣ бо ташкилоту муассисаҳои давалативу байналмилалӣ бо мақсади рақобатпазиргардонии донишҳои касбӣ- тахассусии донишҷуёну хаткунандагон мебошад. Вобаста ба ин санаи…

12/01/2018 14:26 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English