Иттифоқи касабаи донишҷуён

     Санаи 29.09.2017 Маҷлиси умумии иттифоқи касабаи донишҷуёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон баргузор гардид. Сараввал Холиқов М.Ғ. меҳмонон ва раёсати маҷлисро ба ҳозирин шинос намуд. Баъдан дар бораи фаъолияти иттифоқи касабаи донишҷуёни ДТТ маълумот дода, қайд намуд, ки мувофиқи конференсияи ҳисобию интихоботии Кумитаи иттифоқи касабаи ДТТ, фаъолияти кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯён аз 24 июни соли 2017 аз нав барқарор карда шуд.

1

     Муовини ректор оид ба тарбия ва тарғибот Юсупова З.Р. баромад намуда, дар бораи вазифа ва уҳдадориҳои аъзоёни иттифоқи касабаи донишҷуён ибрози андеша намуд. Ҳамчунин ӯ қайд намуд, ки дар баробари фаъолияти иттифоқи касабаи донишҷуён кори маҳфили волонтёрии ЭКО+ низ ба мақсаду мароми ин ташкилот монанд ва ҳамоҳанг мебошад. Аз ин ру номбурда даъват ба амал овард, ки донишҷуён дар гирди ин иттифоқу маҳфил сарҷамъ шуда ба хонаи ятимону бепарастонрон, маъюбон, пиронсолони барҷомонда ва ҷавонони аз ҷиҳати иҷтимоӣ  нотавон кумак намоянд.

2

     Сипас муовини ректор оид ба инноватсия ва технологияҳои таълимӣ Юсупов М.Ч. фикру андешаи худро нисбати омода будан ба фаъолияти инноватсионӣ ва ҷавобгу будан ба талаботҳои зудтағирёбандаи бозори меҳнат иброз дошт. Ҳамчунин дар бораи курсҳои кутоҳмуддати фаннӣ, ки барои донишҷуён ташкил карда шудааст, маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

3

    Мудири шӯъбаи ташкилӣ ва робитаҳои байналмиллалии Кумитаи марказии иттифоқи касабаи кормандони саноати маъдан ва металлургияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Тоҷикметалл” Исмоилов Қ.М. дар суханронӣ намуда сараввал донишҷуёнро ба соли ҷавонон табрик гуфта, омодагии хеш ва Кумитаи марказиро ба ҳозирин иброз намуд. Қ.М. Исмоилов ҳамчунин қайд намуд, ки мо дар якҷоягӣ ба мақсадҳои гузоштаи худ сарбаландона мерасем агар якдилона ба кору фаъолият камар бандем.

4

        Ҷураев О.О. – раиси кумитаи иттифоқи касабаи кормандону устодони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар суханронии худ дар бораи оиннома ва низомномаи фаъолияти иттифоқҳои касаба истода гузашт ва донишҷуёнро барои барқарор гардидани иттифоқи касабаи донишҷуён табрику таҳният гуфта, барои фаъолияти минбаъдаи онҳо барору комёбиҳоро таманно намуд.

5

      Иҷрокунандаи вазифаи роҳбари маҳфили волонтёрии ЭКО+ Султонҷони Нуралӣ дар бораи фаъолияти он ҳисоботи  муфассал дода, донишҷуёнро барои аъзо шудан ба ин маҳфил даъват намуд. Бояд қайд намуд, ки маҳфили волонтёрии ЭКО+ маҳфили хоҳишмандӣ буда, бештари чорабиниҳои мо дар ятимхонаҳо, хонаи маъюбон ва пиронсолон гузаронида мешавад, афзуд Султонҷони Нуралӣ.

6

 

30/09/2017 12:16

Шанбегии ДТТ

     Бахшида ба ҷашни 25 солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар ДТТ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ  гардида, омодагӣ ба ин рӯз рафта истодааст.  Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани дохили…

17/02/2018 16:39 Муфассалтар

ВНМО ва роҳҳои пешгирии он

    Санаи 15-уми феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии донишҷуён ва устодони донишгоҳ бо мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ…

17/02/2018 15:37 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English