Китобхона

Таърихи пайдоиш.Китобхонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ягҷоягӣ  бо Донишкадаи  технологии саноати  сабук  ва  хўрокворӣ  соли 1991  дар  асоси қарори Девони вазирони РСС  Тоҷикистон аз 2.09.1991  № 26 “оид  ба таъсиси Донишкадаи хизматрасонии  маишӣ ва Донишкадаи саноати сабук ва  хўрокворӣ ” дар шаҳри  Душанбе таъсис дода шуд. Соли 1993 бо қарори Девони  вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали  соли 1993 № 80 “оиди табдил додани Донишкадаи технологии саноати сабук ва хўрокворӣ дар шаҳри Душанбе” ба Донишгоҳи  технологии Тоҷикистон  ва   кушодани  филиали он  дар шаҳри Хуҷанд Донишгоҳи технологии Тоҷикистон номи ҳозирадошта гирифт. Аз ҳамин вақт таърихи пайдоиш ва фаъолияти китобхонаи Донишгоҳи технологии Точикистон оѓоз ёфт. Китобхона узви сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, вазифаи таъминоти ҷараёни таълимӣ, фаъолияти илмӣ – тадқиқотӣ ва тарбиявии донишгоҳ таъмин мекунад. Китобхона инчунин маркази маънавӣ, зеҳнӣ ва маъданӣ мебошад.

Таъсисдиҳандаи китобхонаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Бобохонова Галина Николаевна мебошад, ки он фаъолияти китобхонаро маблаѓгузорӣ карда фаъолияти онро мувофиқи қонунгузории амалкунанда назорат мекунад. Кори китобхона таҳти Оинномаи ДТТ, Низомнома  дар  бораи  китобхонаи  ДТТ, фармонҳо ва фармоишҳои ДТТ сурат мегирад.

Аз рўзи таъсиси  китобхона  роҳбарии китобхонаро  Бобохонова Галина Николаевна (солҳои 1991 – 2006) ба ўҳда дошт,  ки дар таъсиси  китобхона  саҳми зиёд  гузошт. Аз  соли 2006  то соли   2012 Ҳусанова Тамара Қодировна сарварӣ кард. Аз соли  2012 то ҳол роҳбари  китобхона Чагай Светлана Александровна мебошад.

-сохтори ташкилӣ

Сохтори китобхона  дар асоси  масъалаҳои асосӣ, равияҳои фаъолият, вазифаҳои китобхона,  сохтор ва штати  муқаррарӣ сохта шуда, аз  тарафи ректори ДТТ (бо пешниҳоди  роҳбари  китобхона) тасдиқ карда мешавад.

Сохтори китобхонаи ДТТ имрўз  аз шўъбаҳои зерин иборат аст:

  1. Шўъбаи маълумотӣ – бибилиографӣ
  2. Шўъбаи нашрии даврӣ
  3. Шўъбаи адабиёти  хориҷӣ  ва илмӣ
  4. Шўъбаи пурракунӣ ва экспертизаи нархи  китобҳо.
  5. Абанимент
  6. Бойгонии китобхона
  7. Толори мутолиа (хониш)
  8. Китобхонаи электронӣ

-равияҳои фаъолият

Китобхонаи ДТТ хизмати  фаврии китобхонагӣ  ва итилоотӣ – бибилиографии  устодон, донишҷуён  ва   кормандони  донишгоҳро  иҷро мекунад. Китобхона пур  кардани  фонди  адабиётро мувофиқи тавсияҳои  стандартҳои  давлатии таълимӣ,  пешниҳоди устодон ва  инчунин Шўрои илмӣ-методии  ДТТ –ро  таъмин  мекунад.

Китобхона  хизматрасонии мушаххаси  хонандагонро  дар  шўъбаҳои  гуногун  ташкил мекунад:  дар  толори  хониш,  абонимент,  толори нашрияи даврӣ, инчунин  ба донишҷўён  тарзи ҷустуҷўи  иттилоот дар системаҳои  ёрирасон  ва  асосҳои  маданияти  иттилотиро ёд медиҳад.

Ѓайр  аз  ин,  китобхона   дар  корҳои  таълимӣ  ва  илмии  ДТТ фаъолона  иштирок карда,  дар  пешниҳод  кардани рўйхати иттилоотии адабиёт  ёрӣ  мекунад,  ахбори  мавзўӣ нишонӣ  ва    фатографӣ  тартиб  медиҳад.

Бо  мақсади  ҳаматарафа  кушодани  фонди  мавҷудаи    китобҳои   китобхона  аппарати иттилоотӣ – ҷустуҷўи  амал   мекунад; системаи   каталогҳои    алифбоӣ  ва  систематикӣ; системаи картотекаи   мақолаҳо  сохта  шуда  истодааст; нишондиҳандаи алифбоӣ – фаннӣ мавҷуд   аст.  Ҳамин тавр, сохтор  дар    ҳаёти  донишгоҳ  дар   ҳамоҳангӣ бо  департаменту  факултетҳои  ДТТ  фаъолан иштирок  мекунад.

-дастовардҳо

Дар  раванди  рушди   маркази электронии  китобхонаи ДТТ  дастовардҳои  зеринро бояд  кард:

Оиди  хабаррасон  кардани   кафедраю  факултетҳо  дар бораи   мавҷудияти  адабиёти  таълимӣ   дар  фонди   китобхонаи  ДТТ    стандартҳо  сохта   шуда,   ба истифода дода шудаанд.

Оиди  нишондодҳои  асосии  китобхона ( таъмин будан бо китобҳо, ташрифи китобхона, хониш ва мубодилаи фонди китобҳо) назорати махсусияти донишгоҳи таълимии олии стандартҳои ҳисоботӣ (ба монанди электронӣ) сохта шудааст.

Ба намуди электронӣ фонди чопии китобхонаи ДТТ сохта шудааст.

Мудири китобхона Сафаров Саид Сангович соли 1974 Техникуми сохтмонии ш.Душанберо хатм намуда дар СУ-14 «Душанбесохтмон» ба {айси мастери сохтмон корро шуруъ кардааст. Дар ин давом то xонишини Директори заводи арматурбарории ш.Лушанбе фаъолият кардааст. Соли 2013 факултаи филологияи русии Донишго{и славянии тоxики-россиягиро бо тарзи uоибона хатм намудааст.

Ҳайати кормандони китобхонаи  ДТТ дар якҷоягӣ бо сохторҳои дигари ДТТ корҳои таълимӣ ва тарбиявиро баҳри рушди инноватсионӣ ва ноил гаштан ба муваффақиятҳои нав дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос корҳои зиёдеро иҷро  карда истодааст.

-фаъолияти инноватсиони.

Ҷиддияти паҳнкунии тарзи иттилоотии тафаккур дар мутахассисони оянда, тайёр кардан ба қабули фаврӣ ва коркарди ҳаҷмҳои ками иттилоот, азхудкунии восита ва технологияҳои ҳозиразамонии корро ба назар гирифта, китобхона дар назди худ масъалаҳои инноватсионии зеринро гузоштааст;

васеъ кардани хизматрасонии китобхона, баланд бардоштани сифати он бо роҳи аз нав  таҷҳизонидани техникаи китобхона;

автоматӣ кардани ҷараёнҳои китобхонагӣ – библиографӣ,  татбиқи технологияҳои нави  иттилоотӣ дар кори китобхона;

бунёди каталоги электронӣ, татбиқи барномаҳои ҷустуҷў ва дохил кардани китобҳои нав ба каталоги электронӣ;  нашрияҳои даврӣ ва материалҳои таълимӣ – методӣ;

автоматӣ кардани ташаккулли захираи китобҳои китобхона мувофиқи кафедраҳо ва фанҳои таълимӣ;

ҷустуҷуи автоматикӣ сарчашмаҳои ба хонанда лозим аз рўи параметрҳои гуногун.

-нақшаҳо барои оянда.

Китобхонаи донишгоҳ – маркази иттилоотию мадании ҳозиразамон мебошад. Дар ташаккули маданияти иттилоотии хонандагон нақши ҷиддиро мебозад. Чун зерсохтори донишгоҳ китобхона вазифадор аст, ки талаботи китобхонагӣ – библиографӣ ва иттилоотии хонандагонро қонеъ созад, ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисос такмили, ҷараёни таълим ва тарбия,  пеш бурдани корҳои иллмӣ – тадқиқоти кўмак расонад.

Китобхона барои ояндаи наздик иҷро кардани лоиҳаҳои зеринро ба нақша гирифтааст:

хабардор кардани кафедраҳо ва факултетҳо оиди кори китобхона;

таъмин кардани факултету кафедраҳо бо шакли электронии китобҳо, ки дар китобхонаи  ДТТ мавҷуданд (китобхонаҳои электронии факултету кафедраҳо);

ба нишонии электронии донишҷуён ва устодон фиристодани китобҳои электронӣ, маводҳои таълимӣ – методии фанҳои омўхташаванда.

-лоиҳаҳои байналхалқӣ

Китобхонаи ДТТ дар ҳамаи лоиҳаҳо ва барномаҳои байналхалқии пешниҳод шуда дар чорчўбаи рушди кори китобхонаҳо, захираҳои китобхонаҳо, беҳтар кардани дастрасӣ ба захираҳои иттилоотӣ ва рушди ҷамъияти интернети фаъолона иштирок мекунад.

-гирифтани грантҳои молиявӣ.

Китобхонаи ДТТ барои гирифтани грантҳои гуногуни байналхалқӣ оиди рушд ва ҳамкорӣ дархостҳо пешниҳод мекунад. Умедворем, ки чун иштирокчӣ барномаҳои грантӣ интихоб мешавем.

-расми коллективии кормандон

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English