Факултети технология ва дизайн

Факултети  технология ва дизайн ftd.tut.tj собиқ факултети саноати сабук, соли 1990 дар як вақт бо таъсис ёфтани донишгоҳ (он ваrт Коллеҷи олии технологии Тоxикистон) ташкил шудааст. Баъдан он дар ҳайати факултети муҳандисӣ-технологӣ фаъолият мебурд.  Бо фармони ректор №69 аз 5.09.2003 с. аз нав ба сохтори мустаrили донишгоҳ табдил дода шуд.
Аз 01 феврали соли 2014 сарварии факултетро мутахассиси соҳаи коркарди маснуоти нассоҷӣ ва ашё, доктори илмҳои техникӣ, профессор Иброҳимов Холназар Исломович, аз 01.02.2014 ҷонишини декан оид ба тарбия ва тарғибот  Шарипова  Лола  Рамазоновна, ҷонишини декан оид ба инноватсия Алишери Раҳматзода ва Абдуллоева Фотима Мамасолиевна танзимгари факултет фаъолият менамоянд.Шумораи донишҷӯёни  факултет имрeз 357 нафарро ташкил мекунад.
Барои курсҳои 1-4 низоми кредитии таҳсил ҷорӣ шудааст.
Аз 01 сентябри соли 2008 дар факултет барномаи чорсолаи тайёр кардани бакалаврҳои техника ва технология ба накша  гирифта  шудааст.
Тибки  супориши Хукумати Xумҳури  Тоxикистон  оиди  бо  мутахассисони  варзидаи  соҳаи  саноати  сабук  таъмин  намудани  корхонаҳои  соҳавии  мамлакат  аз ҷумла  маҷмӯаи  коргоҳи  саноати  сабук  дар  н. Дангара,  садорати  факултети  технология  ва  дизайн ба  накша  гирифтааст,  ки  дар асоси иҷозатномаи нави  Донишгоҳи  технологии  Тоxикистон     мутахассисонро  аз  руи  ихтисосхои  зерин тайёр  намояд;

Иброҳимов Холназар Исломович

декани факултет
доктори илмҳои техникӣ, профессор
тел:      2-345689
Email: TUT_ftd@mail.ru

Ихтисосҳо

  • 1-19 01 01      – «Дизайн (аз руи самтҳо)
  • 1-19 01 01 05 01 – «Дизайни маҳсулоти дузандагӣ»
  • 1-19 01 01 05 – «Дизайни костюм ва газвор»
  • 1-50 01 01      –  «Технологияи ришта, матоъ, нассоҷӣ ва ва матои бе тору пуд»
  • 1-50 01 01 01 – «Ресидани нахҳои табиӣ»
  • 1-50 01 01 04 – «Технологияи матоъҳо»
  • 1-50 01 01 05 – «Технологияи трикотаж»
  • 1-50 01 01 07 – «Лоиҳакашии ороиши матои нассоҷи»
  • 1-50 01 02 02 – «Технологияи маҳсулоти дўзандагӣ»
  • 1-54 01 01-04 – «Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук)»

Кафедраҳои факултет

  • Кафедраи таҳрезии бадеӣ ва  таърихи  санъати  татбиқӣ;
  • Кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ ва стандартикунонии соҳа

Кафедраи технологияи маснуоти нассоҷӣ ва стандартикунонии соҳа барои гузаронидани машѓулиятҳои фанҳои тахассусӣ, таҷрибаомўзии истеҳсолӣ ва роҳбарии корҳои курсию лоиҳаҳои дипломӣ барои ихтисосҳои 1-500101-технологияи мануоти нассоҷӣ, ва 1-54010104 – метрология, стандартизатсия ва сертификатсия (саноати сабук) масъул аст. Мудири кафедра номзади имҳои педегогӣ, хатмкардаи Донишкадаи нассоҷии ш. Иваново-и ФР Ниёзбоқиев С.Қ. мебошад. Дар кафедраи мазкур доктори илмҳои техникӣ профессор Ишматов Аскаралӣ Бозорович, доктори илмҳои техникӣ профессор Иброгимов Холназар Исломович, омўзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дарс меомўзанд. Саноати нассоҷии ватанӣ, ки қаблан соҳаи пешбари хоҷагии халқи мамлакат буду имрўз дар таҷаддуд аст, ба миқдори зиёди муҳандисон-технологҳои дараҷаи касбиашон баланд ниёз дорад. ФТваД, ки бо тайёр намудани бакалаврҳо (кадрҳои муҳандисӣ) барои соҳа  машѓул аст, дар ҳалли ин масъалаи таъхирнопазир  саҳм мегузорад.

Бакалаврҳои (муҳандисони) саноати нассоҷӣ бояд дар самтҳои тарҳрезии ресмонҳо ва матоъҳои таъиноташон гуногун, истеҳсоли онҳо дар шароити саноати муосир, тарҳрезӣ намудани фабрикаҳои нассоҷии бунёдшаванда, такмил додани истеҳсолоти мавҷуда ва ташкили истеҳсолоту меҳнат соҳибмалака бошанд. Машѓулиятҳо дар озмоишгоҳи технология ва масолеҳшиносии нассоҷӣ, ки бо асбобҳои санҷишию дастгоҳҳои истеҳсолӣ таҷҳизонида шудаанд, мегузаранд. Таҷрибаомўзии истеҳсолии донишҷўён ва қисман машѓулиятҳои амалию озмоишӣ аз фанҳои тахассусӣ дар ҶСШК «Нассоҷи тоҷик», ки дар пойтахт калонтарин корхонаи нассоҷӣ ба ҳисоб меравад, гузаронида мешаванд.

Кафедраи таҳрезии бадеӣ ва  таърихи  санъати  татбиқӣ

Кафедраи тарҳрезии бадеӣ ва таърихи санъати татбиқӣ аз соли 1991 фаъолият дошта, масъули ташкили раванди таълим барои ихтисосҳои 1-50 01 02 02 ва 1-19 01 01 05 мебошад. Сарварии кафедраро доктори илми таърих, профессор, узви вобастаи Академияи муҳандисии ҶТ, Аълочии маорифи Тоҷикистон Иброҳимов Муродалӣ Файзалиевич ба уҳда дорад. Дар ҳайати кафедра номзади илми санъатшиносӣ, профессор, Ходими шоистаи санъати Тоҷикистон Муродов Рауф Муродович, номзади илми меъморӣ, дотсент Ѓанизода Ҷамшеди Сиҷоат дар якҷоягӣ бо дигар омўзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дар тайёр кардани дизайнерон ва тарроҳон барои хоҷагии халқи мамлакат саҳми арзанда мегиранд.
Хатмкардагони ихтисоси 1-50 01 02 02 – Тарҳрезии маснуоти дўзандагӣ соҳиби дараҷаи касбии бакалаври истеҳсолоти дўзандагӣ мегарданд ва хатмкунандагони ихтисоси 1-19 01 01 05 – Дизайни сару либос ва газвор ба дараҷаи касбии бакалаври соҳаи дизайн соҳиб мегарданд. Тадриси фанҳои тахассусӣ барои донишҷўёни ихтисосҳои номбурда дар синфхонаҳои махсус гардонидашуда – студияҳои таърихи санъат, қаламқашӣ, рангкашӣ, дизайн, инчунин озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ-истеҳсолии дўзандагӣ сурат мегирад. Дар давоми таҳсил онҳо қоидаю усулҳои таҳияи тамсилаҳои (моделҳои) нави асосашон таърихӣ, анъанавӣ ва муосир, шаклбурӣ (пора) намудани масолеҳ барои либоси шакл ва андозааш гуногун, дар шароитҳои хонаю ателйе  (ба таври супоришӣ) ва саноатӣ (бисёрададӣ) дўхтани онҳоро меомўзанд.

Таълими фанҳои тахассусӣ  дар кафедраи дизайн, тарҳрезии бадеӣ ва таърихи санъати татбиқӣ имкон медиҳад, ки донишҷўён бо таърихи сару либос ва мўди миллӣ ва ҷаҳонӣ, асосҳои интихоби масолеҳи либосвор, технологияи тайёр кардани ҷузъҳои гуногуни сару либос, лавозимот ва ороишот, ҳисоб кардани арзиши аслӣ ва нархи он, инчунин ташкили истеҳсолот шинос шаванд. Дар ин машѓулиятҳо ва маҳфилҳои беруназдарсӣ ба истифодаи сабтҳои телевизионии намоишҳои дастовардҳои дизайнерон ва тарҳрезони маъруфи гузаштаю ҷаҳони муосир диққати калон дода мешавад. Пас аз ҳар як нимсолаи таҳсил дар сатҳи кафедра намоиши корҳои семестрӣ баргузор карда шуда, аз рўи натиҷаи он ба малакаи касбии донишҷўён баҳогузорӣ карда мешавад.

Ҳар ду-се моҳ дар толори асосии донишгоҳ намоиши моделҳои аз ҷониби донишҷўён тарҳрезӣ ва дўхташуда ташкил карда мешавад. Бахусус ҷараёни ҳимояи лоиҳаҳои дипломӣ ё корҳои ниҳоии хатмкунандагон басо дилангез сурат мегирад. Донишҷўёни алоҳида бо сарварии омўзгорони кафедра ҳанўз дар рафти таҳсил берун аз донишгоҳ ба таври фардӣ намоишҳои эҷодӣ доир менамоянд ва ба ин васила донишу малакаи соҳибгаштаи худро тарѓиб менамоянд. Теъдоди зиёди хатмкардагони кафедра имрўзҳо ба ҳайси дизайнер ва моделйерҳо шуҳрат пайдо намудаанд.

Иброхимов М.Ф. Организация швейного производства. Метод. указания

 

Иброхимов М.Ф. Проектирование ткацкого производства. Метод. пособие

 

Иброҳимов М.Ф. Сохт ва тарҳрезии матоъҳо. Дастури амалӣИшматов А.Б.,

 

Иброҳимов М.Ф. Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English