Факултети технологияҳои иттилоотии соҳавӣ

ТАЪРИХИ ТАШКИЛ ВА РУШДИ  ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИИ СОҲАВӢ

Аз 1 сентябри соли 2008 факултети система ва технологияҳои иттилоотӣ ба тайёр намудани бакалаври технологияи иттилоотӣ аз рўи ихтисоси 1- 40 01 02 02 «Технология ва системаҳои иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)» шурўъ намуд. Тибқи фармони ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти рақами 6/ХУ аз 20 январи соли 2010 дар замимаи факултетҳои система ва технологияҳои иттилоотӣ ва факултети технологияҳои инноватсионӣ ва компютерӣ факултети технологияҳои компютерӣ ва системаҳои иттилоотӣ таъсис дода шуда, фаъолияти худро аз 01 феврали соли 2010 то 01 сентябри соли 2011 давом додаст. Аз 01 сентябри соли 2014 факултети система ва технологияҳои иттилоотии соҳавӣ ва факултети технологияҳои инноватсионӣ ва компютерӣ ҳамчун як факултет бо номи факултети технологияҳои иттилоотии соҳавй дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи системаҳои иттилоотӣ фаъолият намуда истодааст.Ба зимаи факултет тайёр намудани бакалавронро аз рўи ихтисосҳои 1- 40 01 02 02- «Система ва технологияҳои иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)» ,1-40 01 01 07-«таъминоти математики ва барномавии истеҳсолоти автоматикунонидашуда», 1-40 01 01 04-«Системаҳои таъмини бехатарии маълумот», 1-40010108-«Муҳандиси барномавй»давом дода истодааст.Дар соли таҳсили 2014-2015 дар сохтори факултет 3 кафедра фаъолият намуда, раванди мунтазами ҷараёни таълимро таъмин намуданд. Аз ҷумла, кафедраи «Системаҳои иттилоотӣ» ,кафедраи «Барномасозй ва технологияҳои иттилоотй», кафедраи «Математикаи олй ва информатика».Кафедраи «Системаҳои иттилоотӣ» тайёр намудани бакалаврон аз рўи ихтисосҳои 1-40010202 – «Система ва технологияҳои иттилоотӣ», 1-40 01 01 04-«Системаҳои таъмини бехатарии маълумот» ва кафедраи «Барномасозӣ ва технологияҳои иттилоотӣ» тайёр намудани бакалаврон аз рўи ихтисосҳои 1-40 01 01 07-«Таъминоти математики ва барномавии истеҳсолоти автоматикунонидашуда» ва 1-40010108-«Муҳандиси барномавй» ҳамчун кафедраҳои пешбар мутасаддй мебошанд.

Факултети технологияҳои иттилоотии соҳавӣ соли таҳсили 2014-2015 тамоми саъю кўшишро барои ҷустуҷўи усул ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардонидани мутахассисони замони нав равона намудааст.

Ашуров Субҳон Бурҳонович

Декани факултет

Номзади илмҳои физика-математика., доктори илмҳои иқтисодӣ

 

Номгўи ихтисосҳои факултет бо таснифи кўтоҳи он

  • 1-40010202 – Система ва технологияҳои иттилооти (дар иқтисодиёт).
  • 1-40010107 -Таъминоти математикӣ ва барномавии истеҳсолоти автоматикунонидашуда.
  • 1-40010108 – Муҳандисии барномавӣ.

Кафедраҳои факултет

 

  1. Кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ
  2. Кафедраи барномасози ва муҳандисии компютерӣ
  3. Кафедраи Математикаи олӣ ва информатика
  4. Кафедраи фанҳои гуманитарӣ

Дастовардҳои асосии факултет бо овардани расмҳо

Ҷашни Наврӯзии донишҷӯёни донишгоҳи ДТТ. Хони Наврӯзии Факултети технологияҳои иттилоотии соҳавӣ

Дастаи мунтахаби Факултети Технологияҳои иттилоотии соҳавӣ, ки ғолиби мусобиқаи футбол бахшида ба ҷашни Наврӯз-2015 гардида буданд.

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English