Кафедраи мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хўрока

Маълумоти умумӣ дар бораи кафедра

Сентябри соли  1991 кафедра ҳамчун   кафедраи мустақил «Технологияи маводи хӯрока» таъсис ёфт. Мудири кафедра номзади илми кимиё, и.в. Юсупов Ш.Т.  таъин шуд. Бо қарори Шӯрои илмии  Донишгоҳ аз 15 декабри  1996 суратмаҷлиси №7  ва дар асоси фармони №250/ОХ аз 25 декабри соли 1996 Департаменти       илм    ва технологияи  саноати хӯрокворӣ таъсис ёфт, ки ба он кафедраи Технологияи маводи хӯрока дохил буд. Бо сабаби тағйиротҳои  сохторӣ дар таркиби  Департамент сентябри соли 2000 кафедраҳои Кимиё ва Биокимиё (мудирикафедра номзади илмҳои биологӣ, дотсент БобоҷоноваХ.И.) ва Технологияи маводи хӯрока (мудири кафедра номзади илми кимиё, дотсент ЮсуповШ.Т.) таъсис ёфт. Аз феврали соли  2003  кафедра ҳамчун кафедраи «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» номгузори шуд. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ҚурбоновФ.Б. таъин шуд. 5-уми сентябри соли  2007  боқарори  Шӯрои илмии  ДТТ  суратмаҷлиси № 01 аз 5.09.2007 кафедраи «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» ба  кафедраҳои «Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти  истеҳсоли хӯрока» ва  «Технологияи маводи  хӯрока» тақсим карда шуд. Соли 2006 вазифаи  мудири кафедраи «Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» ба зиммаи  н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ.  гузошта шуд. Соли 2007 дар  асоси қарори Шӯрои илмии ДТТвазифаи мудири кафедраи «Дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» ба зимаи н.и.т., дотсент ЧиркинаТ.В. гузошта шуд. Солҳои 2011-2013 мудири кафедра д.и.т. Юсупов Ш.Т. буд. Соли 2014 вазифаи мазкурро д.и.в., профессор Розиқов Ш.Ш. ба ӯҳда дошт. Аз 01.10.2015 бо фармони ректори ДТТ тахти №25 Мирзоев Гулмаҳмад Холович  мудири кафедра таъин шуд.


01

Мирзоев Гулмаҳмад Холович

17 августи соли 1983 таваллуд шудааст,  номзади илмҳои техникӣ, дорандаи дипломи ихтироъкори Чумҳурии Тоҷикистон, Фаронса ва медали биринҷӣ «Архимед» дар.

4 – нахустпатент оид ба ихтирооти ҶТ ва 3 патент оид ба ихтироооти  Федератсияи Русия

Соли 2007 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисосӣ муҳандис-механик бо дипломи аъло хатм намудааст.

Рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси 05.18.06 «Технологияи равғанҳо, равғанҳои эфирӣ ва маҳсулотҳои парфюмерӣ» дар мавзӯи «Коркарди технологияи истеҳсоли равған ва кунҷораи дорои протеини баланд аз донаи харбуза» ҳимоя намудааст.  Самти фаъолияти илмиашро  дар мавзӯи «Техника ва технологияи истеҳсоли равғанҳои полезӣ ва меваю сабзавот» машғул аст.

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳад:

  • Маҷмааи идоракунии равандҳои истеҳсолӣ
  • Таъмир, васлкунонӣ ва ташхиси таҷҳизот
  • Таҷҳизоти технологияи соҳа
  • Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия

Муаллифи дастурҳои таълимии зерин мебошад:

  1. Абдуллоева М.А., Мирзоев Г.Х. Дастури методӣ аз фанни «Технологияи истеҳсоли меваҳои хушк ва технологияи хушкунии маҳсулоти хӯрока» барои донишҷӯёни ихтисосӣ 270800 –Технологияи консервакунонӣ Нашриёти ДТТ    Душанбе,
  2. Самиев К.А., Мирзоев Г.Х. Дастури методӣ аз фанни «Масолеҳшиносӣ ва технологияи металлҳои конструксионӣ» барои донишҷӯёни  ихтисоси   170600- «Мошинҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока» 072000- «Метрология, стандартизатсия ва  сертификасия» Нашриёти «Империал – Групп», 2010.
  3. Лебедева Н.В. Мирзоев Г.Х., Хубони С., Ниматов И.Х. Дастури методӣ аз фанни «Технологияи таҷҳизоти соҳа» барои донишҷӯёни равияҳои 552400, 551800, 072000 шакли таҳсили рӯзона ва ғобона. Нашриёти «ЭР-граф» Душанбе. 2010.
  4. Ҳакимов F.Ќ., Мирзоев Г.Х. Курси мухтасари лексияҳо аз  фанни   «Гидравлика»  барои донишҷӯёни  равияҳoи  36.0901 – «Дастгоҳҳои технологӣ ва таҷҳизот» ва 1.49.01. – «Технологияи маводи хӯрока» Нашриёти «Ирфон»  Душанбе, 2010.
  5. Ҷаъфаров С.Ф., Ясинов М.М., Мирзоев Г.Х. Дастури методӣ аз фанни «Бехатарии фаъолияти зист» барои корҳои димломӣ донишҷӯёни равияҳои 552400, 551800, 280300 шакли таҳсили рӯзона. Нашриёти «ЭР-граф» Душанбе, 2011

E-mail: gulmahmad-x@mail.ru


10Амонзода Илҳом Темур

Ректор

н.и.т.  дотсент

E-mail: ilhomamonov@mail.ru


09Ҳакимов Ғафурҷон  Қосимҷонович

07 октябри соли 1968 таваллуд шудааст, номзади илмҳои техникӣ, и.в.профессор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дорандаи дипломи беҳтарин ихтироъкори ҶТ.

Соли 1992 Донишкадаи политехникии Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистонро аз рӯи ихтисоси муҳандис-механики соҳаҳои хӯрокворӣ атм намудааст. 16 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рисолаи номзадиро аз рӯи ихтисоси  05.23.04. “Таъминоти об, канализатсия, системаи сохтмони ҳифзи захираҳои об” дар мавзӯи  Технологияи хушкунии чуқури партовҳо аз обҳои истеҳсолоти саноати хӯрокворӣ  дар майдончаҳо.

Самти фаъолияти илмиашро дар мавзӯи «Техника ва технологияи коркарди меваю сабзавот»  пеш бурда истодааст.

Аз фанҳои зерин дарс медиҳад:

  • Равандҳо ва адоти истеҳсоли хӯрока
  • Системаи сифат дар соҳа

Муаллифи дастурҳои таълимии зерин мебошад:

  1. Ҳакимов Ғ.Қ. ва диг. Равандҳо ва адоти истеҳсоли хӯрока. Равандҳои механикӣ ва гидромеханикӣ. Қисми 1. (бо забони тоҷикӣ). Душанбе, “Ирфон”, 2008. -318с.
  2. Хакимов Г.К. Процессы и аппараты пищевых производств. Душанбе, “Ирфон”, 2008. -275с.
  3. Ҳакимов Ғ.Қ. ва диг. Равандҳо ва адоти истеҳсоли хӯрока. Равандҳои мубодилаи гармӣ ва массавӣ. Қисми 2. (бо забони тоҷикӣ). Душанбе, “Ирфон”, 2010. -335с.
  4. Ҳакимов Ғ.Қ., Мирзоев Г.Х. Гидравлика. Курси мухтасари лексияҳо. Душанбе, “Ирфон”, -125с.

E-mail: Gafurjon-68@mail.ru


01Қурбонов Файзали Бобоевич

н.и.т., дотсент

E-mail: Faizali_58@mail.ru


02Самиев Қудбидин Абдулҳаейвич

н.и.т. и. в. дотсент

E-mail: Samiev1965@mail.ru


08Мирокилов Валиджон Мирсобитович

н.и.т., дотсент

E-mail: v.mirakilov@mail.ru


05

Ҳабибов Абдураҳмон Ҳакимбоевич

19 январи соли 1983 таваллуд шудааст.

Соли 2004 Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Ростови лаби Донро аз рӯи ихтисоси мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока бо дипломи аъло хатм намудааст.

Бо масъалаи рушди инноватсионӣ-технологии саноати хӯрокворӣ машғул аст.

6 патент оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз фанҳои зерин дарс медиҳад:

– техникаи гармо ва хунуккунӣ

– таҷхизоти муассисаҳои хӯроки омма

– ташкили истеҳсолот

Муаллифи дастурҳои таълимии зерин мебошад:

  1. Саидаминов И.А., Ҳакимов Ғ.Қ., Ҳабибов А.Ҳ. Равандҳо ва адоти истеҳсоли хӯрока. Қисми 1. – Душанбе, Ирфон. 2009.
  2. Саидаминов И.А., Ҳакимов Ғ.Қ., Ҳабибов А.Ҳ. Равандҳо ва адоти истеҳсоли хӯрока. Қисми 2. – Душанбе, Ирфон. 2010.
  3. Ҳабибов А.Ҳ. Техникаи гармо. – Душанбе, Эр-граф. 2011.
  4. Ҳабибов А.Ҳ. Теплотехника. – Душанбе, Эр-граф. 2011.

E-mail: habibov@bk.ru


04Зиёваддинов Суҳробжон Субҳониддинович

саромӯзгор

E-mail: suhrobs@mail.ru


03Ҷумаев Асадулло Тагоевич

саромӯзгор

E-mail: Jumaev67@mail.ru

03

Кокулов Пармон Махманазаревич

14 майи соли 1972    таваллуд шудааст. Саромузгори кафедра.

Соли 1996 Донишгоҳи  Техникии Точикистон ба номи М. Осими хатм кардааст.

Аз фанҳои зерин дарс медиҳад:

  • Равандҳо ва адоти истеҳсоли хӯрока
  • Назарияи умумии ченкуниҳо

Муаллифи дастури таълимии зерин мебошад:

  1. Ҳакимов Ғ.Қ., Кокулов П.М. дастури методи оид ба иҷрои корҳои мустақилона. Душанбе 2014.

*Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1997-1998- Коргари анбори рохи охани ш.Днепропетровск Чумхурии Украина
Солҳои 1999-2005- Коргари истехсолоти шакарбарории шахри Шопокови Чумхурии Кыргызстон
Солҳои -2005-2010  Коргари ХМР дар ш.Москва
Соли  2011 Мудири озмоишгоххои кафедраи МваДИМХ факултаи Мухандис-Технологии Донишгохи Технологии Точикистон
Солҳои 2011-2012- Мухандис-механики технопарки инноватсионии «Фановар»-и Донишгохи Технологии Точикистон
Аз соли 2012 то холо Муаллими калони кафедраи МваДИХ-и факултаи Мухандис-Технологи Донишгохи Технологии Точикистон

 

E-mail: FKokulov@mail.ru


06Назаров Шуҳрат Абдуғуломович

саромӯзгор

E-mail: Shn8383@mail.ru

02

Муродов Озодбахт Ҷумъаевич

27 июли соли 1984 таваллуд шудааст.

Соли 2007 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро аз рўи ихтисоси муҳандиси  хатм намудааст.

Аз фанҳои зерин дарс медиҳад:

– технологияи таҳияи стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ

– ташкили сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасони дар ҶТ

– системаи сифат дар соҳа

 

 

Кафедра аз рӯи равия ва ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад

1-360901 – «Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока»:

1-36 09 01 01 – «Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ»;

1-36 09 01 04 – «Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти нонӣ, макаронӣ ва маводи ѓизоии консентронидашуда»;

1-36 09 01 05 – «Таҷҳизоти саноати шароббарорӣ»;

1-36 09 01 06 – «Таҷҳизоти саноати гӯштию ширӣ»;

1-54010105 – «Метрология, стандарткунонӣ ва сертификатсия (маҳсулоти хӯрокворӣ)».

Кафедра дорои 6 озмоишгоҳҳо мебошад, ки дарсҳои назариявӣ, лабораторӣ ва амалӣ гузаронида мешаванд. Дарсҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ мегузаранд.

Барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯёни кафедра бо корхонаҳои саноати хӯрокворию мошинсозии ҷумҳурӣ, ки бо техникаю технологияи нави муосир таҷҳизонида шудаанд, дар асоси шартномаҳои тарафайн имконияти гузаштани таҷрибаомузӣ доранд.

Кафедра бо марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ, макотиби олӣ алоқаи зич дорад, ки  устодон метавонанд барои баланд бардоштани савияи илмию педагогии худ тадқиқот гузаронанд.

 

Номгӯи фанҳои таълимим кафедра

Масолеҳшиносӣ ва технологияи масолеҳи конструксионӣ
Ҷузъҳои мошин ва асосҳои тарҳрезӣ
Молшиносии маҳсулоти хӯрокворӣ
Асосҳои тадқиқоти илмӣ
Равандҳои технологӣ дар мошинсозӣ
Равандҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока
Таҷҳизоти технологии соҳа
Ҳисоб ва тарҳрезии дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока
Техникаи гармо ва хунуккунӣ
Таҷҳизоти муассисаҳои хӯроки омма
Лоиҳакашии муассисаҳои хӯроки омма
Ташкили истеҳсолот
Тарҳрезии корхонаҳои соҳа
Технологияи асбобсозӣ ва ташхиси метрологии асбобҳо ва олоти ченкунӣ
Технологияи таҳияи стандартҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ
Усуслҳои омории назорат ва идораи сифат
Автоматикунонии ченкунӣ, назорат ва санҷиш
Квалиметрия ва идораи сифати маҳсулот
Системаҳои сифат дар соҳа
Молшиносӣ дар соҳа
Технологияи санҷиши давлатии воситаҳои ченкунӣ ва калибровкаи ченакҳо
Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия
Асосҳои дизайни техникаи ченкунӣ
Тартиби аккредитатсияи марказҳои ташхисӣ ва озмоишгоҳҳо
Ташкили сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ дар ҶТ
Назарияи умумии ченкунӣ
Стандартизатсияи байналхалқӣ
Ташкили танзими техникӣ дар истеҳсолот
Тамсилаҳои байналхалқии системаҳои сифат
Ташкили ташхиси молҳои хӯрока
Ташкили ташхиси молҳои ниёзи мардум
Гидравлика
Назарияи механизмҳо ва мошинҳо
Механизатсияи корҳои борбарорӣ-борфарорӣ, нақлкунонӣ ва анборӣ
Таъмир, васлкунӣ ва ташхиси таҷҳизот
Маҷмааи идоракунии равандҳои муҳандисӣ-технологӣ
Ташкили истеҳсолот дар муассисаҳои хӯроки омма
Ташкили назорати сифат дар соҳа
Банақшагирӣ ва ташкили таҷриба
Усулҳо ва васоити ченкунӣ, назорат ва санҷиш
Хадамоти миллии метрологӣ
Технологияи масолеҳи конструксионӣ
хосиятҳои физикӣ ва механикии ашёи хом ва маҳсулоти тайёр
Байниҳамивазшавӣ
Комплектҳои барномахои оморӣ

Мавзӯи корҳои курсӣ

1. Самаранокии иқтисодии  хати технологии  истеҳсоли адвиётҳо бо иқтидори 0,5 т/шабонарӯз
2. Самаранокии иқтисодии хати технологии истеҳсоли кулчақанд бо иқтидори       4,0 т/шабонарӯз
3. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли нони қолаби бо иқтидори 6,0 т/ шабонарӯз
4. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли конфет бо иқтидори             2,5 т/ шабонарӯз
5. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли  кучаи қандин  бо иқтидори 2,0 т/ шабонарӯз
6. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли макаронҳои кутоҳкардашуда  бо иқтидори 3,0 т/ шабонарӯз
7. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли кучақанди дарозуя  бо иқтидори 1,5 т/ шабонарӯз
8. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли карамел бо иқтидори 3,5 т/ шабонарӯз
9. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли мармалоди мевагӣ  бо иқтидори 0,7 т/ шабонарӯз
10. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли  ирис бо иқтидори               7,0 т/ шабонарӯз
11. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли  кукиҳои галетӣ бо иқтидори 4,5 т/ шабонарӯз
12. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли кулчақанди парҳези бо иқтидори 2,0 т/ шабонарӯз
13. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли нонхушкаҳо  бо иқтидори 6,5 т/ шабонарӯз
14. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли кукиҳо  бо иқтидори 5,0 т/ шабонарӯз
15. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли  зефир  бо иқтидори 1,5 т/ шабонарӯз
16. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли макаронҳои дароз  бо иқтидори 1,0 т/ шабонарӯз
17. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли нони нонвои бо иқтидори 7,5 т/ шабонарӯз
18. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли рогаликҳо бо иқтидори 0,8 т/ шабонарӯз
19. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли нони ѓайриқолабӣ  бо иқтидори 4,5 т/ шабонарӯз
20. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли кулчақанд  бо иқтидори4,5 т/ шабонарӯз
21. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли  кекс бо иқтидори 8,0 т/ шабонарӯз
22. Самаранокии иқтисодии хати технологии  истеҳсоли вафли бо иқтидори 3,0 т/ шабонарӯз

Мавзӯи корҳои курсӣ аз фанни Ташкили истеҳсолот барои донишҷӯёни бахши 4- уми ихтисоси 1-91010101 – «Технологияи шаробпазӣ ва маводҳои туршшаванда»

1. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шароби ноб аз навъҳои ангури Алиготе бо тавоноии 500 т дар як сол
2. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шароби қавӣ аз навъҳои ангури Тойфӣ бо тавоноии 450 т дар як сол
3. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шароби қавии портвейн аз навъҳои ангури  Ркатсителӣ 250 т дар як сол
4. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шароби қавикардаи ширин (десертное) аз навҳои Ангури Сиёҳ 200 т дар як сол
5. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шароби қавикардашудаи Модера бо иқтидори 900 т дар як сол
6. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шароби хушбӯй аз навъҳои ангури мускат бо иқтидори 500 т дар як сол
7. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шароби  қавӣ аз навъҳои ангури Рислинг бо иқтидори 700 т дар як сол
8. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани нимшароби шампонӣ аз навъҳои ангури Кулджинский 900 т дар як сол
9. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани нимшароби конякӣ аз ангури Ркатсители бо иқтидори 900 т дар як сол
10. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани спирти конякӣ бо иқтидори 900 т дар як сол
11. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шаробҳои  шампонӣ аз нимшароби шампонӣ бо иқтидори 900 т дар як сол
12. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани сумалак барои тайёр кардани оби ҷав бо  иқтидори 1000 т дар як сол
13. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани обҳои минералӣ бо иқтидори 1000 дал  дар як сол
14. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани нушокиҳои ѓайри алкоголӣ бо иқтидори 2000 дал дар як сол
15. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани шаробҳои руимизӣ бо иқтидори 2000 дал дар як сол
16. Самаранокии иқтисодии коркарди тилф барои тайёр кардани спирти этилӣ 200т дар як сол
17. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани оби ҷав 20000 дал дар як сол
18. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани спирти этилии ректификонидашуда 2000 дал дар як сол
19. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани коняк бо иқтидори 1000 дал дар як сол
20. Самаранокии иқтисодии истеҳсоли обҳои минералӣ барои ба зарф[о рехтан бо иқтидори 10000 дал  дар як сол
21. Самаранокии иқтисодии истеҳсоли кваси нонӣ бо иқтидори 1000 дал дар як сол
22. Самаранокии иқтисодии тайёр кардани спирти этилӣ бо иқтидори 2000 дал дар як сол

Дастовардҳои илмию методӣ

4 нишони ММПИ

1 диломи бехтарин ихтироъкор дар ш.Фаронса

1 медали бринҷӣ «Архимед» дар ш. Москва.

5 дипломи ихтирооти ҶТ

20 патент оид ба ихтирооти ҶТ ва 3 патент оид ба ихтирооти ФР

7 китоби дарсӣ

50 дастурҳои таълимию методӣ

10- сертификат

07

02

 


05

 

 

Дар назди кафедра маҳфили тарҳрезии донишҷӯён бо номи «Ихтироъкор» фаъолият мебарад, ки донишҷӯёни болаёқат метавонанд бо ёрии устодони кафедра корҳои илмию тадқиқотӣ баранд.

001

002

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English