Кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд

Сохтори мазкур соли 1991 ҳамчун кафедраи тарҳрезии бадеӣ таъсис ёфтааст. Ташаббускорони таъсисдиҳии он Рассоми халқии Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев ва дизайнери шинохта, профессор А.Н. Заневский буданд, ки дар солҳои 1990-ум сарварии кафедраро ба уҳда доштанд. Ҳоло кафедра барои ташкили раванди таълими панҷ ихтисос масъул аст:

1-1901010501 – Дизайни сару либос.

1-1901010504 – Дизайни маҳсулоти бофандагӣ

1-50010107 – Тарҳрезии бадеии газворҳои нассоҷӣ

1-50010201 – Технологияи маҳсулоти дӯзандагӣ

1-50010202 –Тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣ

Дар ҳайати кафедра олимон: доктори илми таърих М.Ф. Иброҳимов, доктори илмҳои техникӣ А.Б. Ишматов, доктори илмҳои техникӣ Д.С. Мансурӣ, номзади илми санъатшиносӣ Г.А. Умарова, номзади илми меъморӣ Ҷ.Ш. Ғанизода ҳамроҳ бо дигар омӯзгорони собиқадор ва мутахассисони ҷавон дар тайёр кардани дизайнерону тарроҳон саҳми арзанда мегиранд. Хатмкардагони ихтисоси 1-19010105 ва 1-50010107 ба дараҷаи касбии бакалаври рассом- стилист  соҳиб мешаванд ва онҳое, ки ихтисоси 1-500102–ро хатм мекунанд, соҳиби дараҷаи касбии бакалаври технолог ва тарроҳ дар истеҳсолоти дӯзандагӣ мегарданд.

01

Иброхимов Муродали Файзалиевич

Мудири кафедра

доктори илми таърих, профессор

8 марти соли 1964 таваллуд шудааст, доктори илми таърих, профессор, Аълочии маорифи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1989 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (филиал дар шаҳри Хуҷанд)-ро аз рӯи ихтисоси муҳандис-технологи истеҳсолоти бофандагӣ хатм намудааст.

Рисолаи докториро аз рӯи ихтисоси 07.00.02 «Таърихи Ватан» дар мавзӯи «Таърихи санъати нассоҷии тоҷикон» ҳимоя намудааст. Ҳоло ба таҳқиқи таърихи санъат ва либоси миллии тоҷикон машғул аст.

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳад:                  

–  Таърихи санъат

–  Таърихи либос

Муаллифи монографияҳои зерин мебошад:

  1. Бофандагии анъанавии тоҷикон: таърих ва технология / Иброҳимов М.Ф. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 210 с.
  2. Донишгоҳи технологии Тоҷикистон: таърих, тараққиёт, пешомад / Иброҳимов М.Ф. – 198 с.
  3. Илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо дар шароити ҷомеаи муосир / Андронова Н.Э., Голдман И.Л., Иброҳимов М.Ф., Раҷабова Д.Қ. ва диг. – Ставрополь: Логос, 2012.
  4. Касбҳои нассоҷии халқи тоҷик дар охири асри XIX – ибтидои асри XX / Иброҳимов М.Ф. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 182 с.

Муаллифи дастурҳои таълимии зерин мебошад:

  1. Сохт ва тарҳрезии матоъҳо. Дастури таълимӣ / Иброҳимов М.Ф., Бобомуродова Ф.Р. – Душанбе, 2006. – 128 с.
  2. Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ / Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф. – Душанбе: Ирфон, 2007. – 265 с.
  3. Фарҳанги русӣ – тоҷикии нассоҷӣ / Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 602 с.
  4. Технология ва таҷҳизоти омодагардонии ресмонҳо барои бофт. Дастури таълимӣ барои мактабҳои олӣ / Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф., Ҳакимова З.Ғ., Ҷалилов Ф.Р. – Душанбе: ЭР-Граф, 2011. – 104 с.
  5. Дастури заминавӣ оид ба татбиқи барномаи кори тарбиявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон / Шоев Н.Н., Иброҳимов М.Ф., Раҷабова Д.Қ., Наботов Ю. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 267 с.
  6. Тарҳрезии фабрикаи бофандагӣ. Дастури методӣ барои иҷрои лоиҳаи курсӣ ва дипломӣ / Иброҳимов М.Ф. –  Душанбе: Ирфон, 2013. – 72 с.

E-mail: murodali_f@list.ru

02

Умарова Гулрухсор Абдусаломовна

Соли таваллуд: 26 маи соли 1978 .

Номзади илми саньатшиноси, досенти  кафедраи “Дизайни либос ва санъати муд”, аъзои Иттифоки  хунармандони  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 2000  факултаи технологии Филиали Хуҷандии донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ- ро  аз рӯи ихтисоси    “муҳандис-технологи истеҳсолоти  саноати дузандаги”  хатм намудааст.Соли 2009 дар Институти Муди Академияи давлатии Меъмори  ва Санъати бадеии ш.Екатеринбунги ФР курси такмили ихтисосро хатм намудааст. Дар соли 2015 рисолаи номзадиро  аз рӯи ихтисоси 17.00.04 «Санъати тасвири, ориши амали ва меъмори» дар мавзӯи   “Традиционный мусульманский костюм таджиков: художественное своеобразие и современные тенденции развития»  дар Академияи Давлатии Санъати Бадеиву Саноатии ба номи С.Г Строганов дар шахри Москва ҳимоя намудааст. Лауреат, дипломанти озмунхои байналхалки, чумхурияви ва вилояти мебошад. Дар соли 2015 голиби фестивал-конкурси  II байналхалки “ Islamic Arts, Crafts and Creativity“ дар Табриз (Эрон) иебошад. Ҳоло ба таҳқиқи санъати  ороиши амалии матоъ ва либосхои милли дар асоси инкишофи  муди муосир  машғул аст.

Фанҳои таълими:    

–  санъатшиноси

– композитсияи костюм

– психологияи муд

–  расм

– накшу нигори милли

– таърих ва фалсафаи дизайн

– таърихи костюм ва муд

Муаллифи дастурҳои таълимии зерин мебошад:

  1. Композитсияи  костюм ( бо забони руси ва точики ) дастури таълими Худжанд: 220с
  2. Накшу нигори милли .  Дастури таълимӣ /Хучанд , 2012. – 159 с.
  3.  Расм .  Дастури таълимӣ – Хучанд , 2012. – 190 с.

E-mail: gulum78@list.ru

06

Шералиев Давлатёр Мирзовалиевич

Муаллими калон

19 майи соли 1977 таваллуд шудааст.

Соли 2000 Донишгоҳи технологии Точикистонро аз рӯи ихтисоси муҳандис-конструктори истеҳсолоти дӯзандагӣ

хатм намудааст.

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳад:                                           

 – Тархрезии либос

– Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти дӯзандагӣ.

– Тархрезии сару либос

E-mail: davlatyor 77@mail.ru

04

Маҳкамов Насим Азимҷонович

Соли 1981 Донишгоҳи нассоҷии шаҳри Ивановои

Федератсияи Руссияро аз рӯи ихтисоси “Муҳандис-технологи истеҳсолоти дӯзандагӣ”

хатм намудааст.

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳад:                  

– Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти дӯзандагӣ.

– Интихоби масолеҳи либосворӣ.

– Назорати техникӣ дар истеҳсолоти дузандагӣ

– Технологияи иттилоотӣ.

– Ташкили испеҳсолот.

E-mail: makhkamov.58@mail.ru

01

Сафарова Зайнура  Неъмоновна

Муаллими калон

26 феврали соли 1964 таваллуд шудааст, саромӯзгори  кафедраи дизайни либос ва санъати мӯд.

Соли 1994 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев – ро аз рӯи ихтисоси муаллимаи меҳнат, фанҳои умумитехникӣ, методист оид ба омӯзиши касбӣ ва МСХ хатм намудааст.

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳад:

–  Тамсиласози равандҳои технологӣ

–  Муносибгардонии равандҳои технологӣ

–  Тарҳрезии бадеъии либос

–  Масолеҳшиносии нассоҷӣ

Муаллифи мақолаҳои зерин мебошад:

  1. Кори мустақил ва эҷодӣ донишҷӯён ҳамчун омили баланд бардоштани рақобатпазирии хатмкунандагон: Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон. – Душанбе, 2009.
  2. Тарбияи эстетикии мутахассисони оянда: // Маводҳои конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ “Технологияҳои инноватсионӣ дар илм ва технология» (апрели соли 22-24, 2010). – Душанбе: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, соли 2010.
  3. Таълими фанҳои муҳандисӣ. Истифодаи технологияи нави инноватсионӣ // Маводҳои конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ” Рақобатпазирии донишҷӯён ва хатмкунандагон дар партави омодасозии онҳо барои кор дар соҳаи инноватсионӣ» (3-5 ноябрь 2011). – Душанбе: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, соли 2012.
  4. Либоси миллии тоҷикон дар охири асри 19 ва аввали  асри 20: // Маводҳои конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ ” Рақобатпазирии донишҷӯён ва хатмкунандагон дар партави омодасозии онҳо барои кор дар соҳаи  инноватсионӣ» (3-5 ноябрь 2011). – Душанбе: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, соли 2012.

Раванди ташаккули маърифати эстетикии донишҷӯён дар шароити муосир // Маводҳои конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ “Муҳити илм ва инноватсия» (25-26 апрели соли 2014). – Душанбе: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, 2014.

E-mail: bahor-64@mail.ru

viber image

Содиқова Сайёра Абдурақибовна

Муаллими калон

19 ноябри соли 1982 таваллуд шудааст.

Соли 2005 Донишгоҳи Донишгоҳм технологии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси “Муҳандис-тарроҳи истеҳсолоти дӯзандагӣ” хатм намудааст. 

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳад:                  

– Тарҳрезии либос

– Тамсиласози тарҳи либос

– Омодасозии тарҳрезию технологии либос

– Таърихи сару либос ва поракунии он

– Технологияи либос аз масолеҳи гуногун

– Амсиласози дар дизайни сару либос

E-mail: sayorka_s@mail.ru

07

Аҳророва Наргиза  Аюбҷоновна

Аҳророва Наргиза Аюбдҷоновна дар шаҳри Душанбе 17 марти соли 1978 дар оилаи коргар таваллуд шудааст.

Соли 1993-1997 Омузишгохи рассоми ба номи М. Олимовва.

солҳои 1997-2002 Донишкадаи санъати ба номи М. Турсунзода хатм намудаст.

Аз соли 1997 то соли 2008 ба ҳайси муаллими омузгори фанхои тахасуси дар Коллеҷи давлатии санъат ба номи M. Олимов кор кардааст.

Тайи солхои 2010-2017 саромузгори фани тахассусии  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон кор карда истодааст.

Муаллими мавзӯъҳои зерин:

– Каламкашӣ дар сару либос

– Рангакашӣ дар сару либос

Иштирокчии  намоишгоҳҳои сершумори  санъат, ба монанди: Аржанг 1998, Ирам 2003 Суруш 2005, Фонди Огохон Фарҳанг 2006, Гулдухтарони Тоҷик, 2012, 2013, 2014, 2015, Нигоҳ 2012, Ваҳдат миллӣ соли 2015 ва ғайра.

E-mail: nargiza.akhrorovna @mail.ru

08

Валиев Эҳсанҷон Нумонович

Муаллими калон

2 августи соли 1967 таваллуд шудааст.

Соли 1986 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М.Р. Олимови шаҳри Душанберо аз рӯи ихтисоси “Муаллими расмкашӣ ва нақшакашӣ” ва

соли 1994 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимиро аз рӯи ихтисоси “Меъмории биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ” хатм намудааст.

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳад:

  • Қаламкашӣ ва рангакашӣ;
  • Қаламкашӣ ва рангакашии сару либос.
  • Системаҳои автоматикунонӣ дар тарҳрезии либос;
  • Лоиҳакашии компютерии сару либос;

E-mail: valiev-ehson@mail.ru

09

Шарипова  Фарангис Ҳамдамбоевна

Ассистент

E-mail: farangizsharipova@mail.ru

10

Юсупова Шаҳноза  Азизбековна

Ассистент

29 апрели соли 1987 таваллуд шудааст. Соли  1993 ба Соли 2010 ба Донишгохи технологии Тоҷикистон, ба факултети Технология ва  дизайн, дохил шуда  соли 2010-ум Донишгоњи номбурдаро хатм намудааст. Айни замон дар кафедраи  ба хайси ассистент кор ва фаъолият дорад.

Аз фанҳоитаълимии зерин дарс медиҳад:                  

–  Қаламкашӣ

–  Рангакашӣ

11

Валиева Мадина Ҷамоловна

Ассистент

Соли 1997 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе аз рӯи ихтисоси “Ҳамшираи тиббӣ” ва соли 2015 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро  аз рӯи ихтисоси “Дизайн (костюм ва газвор)” хатм намудааст.

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳад:

  • Расмкашӣ ва рангакашӣ;
  • Нақши техникӣ;
  • Нақши касбӣ;
  • Қаламкашӣ ва рангакашии сару либос;
  • Асосҳои антропология ва биомеханика.

E-mail: madina.75@list.ru

12

Аноҳиди Саидаҳмад

Ассистент

17 июли соли 1992 дар оилаи  хизматчӣ таваллуд шудааст. Соли  1999 ба мактаби миёнаи  №9 шаҳри Қурғон-теппа рафта, то соли 2002-юм таҳсил намуда ва  давоми таҳсили худро дар мактаби миёнаи  №43 дар шаҳри Душанбе давом додаст. Соли 2010-ум, мактаби миёнаро хатм  намудааст. Ва ҳамон сол ба Донишгохи технологии Тоҷикистон, ба факултети Технология ва  дизайн, дохил шуда  соли 2015-ум Донишгоҳи номбурдаро хатм намудааст. Айни замон дар кафедраи  ба хайси ассистент кор ва фаъолият дорад.

 

Аз фанҳоитаълимии зерин дарс медиҳад:                  

–  Қаламкашӣ

–  Рангакашӣ

08

Раҷабова Дилафрӯз Қудратшоевна

Муаллими калон

Родилась 17 июля 1984 года, старший преподаватель кафедры дизайна костюма и искусства моды.

Защитила кандидатскую диссертацию по специальности 07.00.02 “Отечественная история” на тему “Историческая эволюция народного костюма таджиков (трансформация верхней одежды)».

Преподает следующие предметы:
– Компьютерный дизайн
Составитель учебных пособий:
Базовая инструкция по внедрению программы воспитательной работы в Технологическом университете Таджикистана / Шоев Н.Н., Иброхимов М.Ф., Раджабова Д.К., Наботов Ю. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 267 с.

E-mail: dtt2009@mail.ru

14

Ишматов Аскаралӣ Бозорович

Доктори илмҳои техникӣ, профессор

E-mail: ishmat_0405@mail.ru

15

Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат

Номзади илми меъморӣ, дотсент

E-mail: jamna@mail.ru

16

Мирзоева Малика Пӯлодовна

Муаллими калон

17

Холова Сайёра  Абдусатторовна

Муаллими калон

18

Холова  Фотима  Шарифҷоновна

Муаллими калон

E-mail: fotyahon@mail.ru

Фанҳои таълимии кафедра

Барои ихтисоси 1-19010105 – Дизайн (либос ва газвор)

  • Қаламкашӣ ва рангакашӣ
  • Муқаддимаи ихтисос
  • Таърихи сару либос ва санъати нассоҷӣ
  • Ҳамбастагии бадеию қаламӣ
  • Мулуҳсозӣ
  • Технологияи либос
  • Қаламкашии сару либос
  • Ранг дар сару либос
  • Нақши лоиҳавӣ
  • Дизайни таблиғотӣ
  • Низомҳои худкори тарҳрезӣ
  • Санъатшиносӣ
  • Тарҳрезии бадеӣ
  • Иҷрои лоиҳа дар масолеҳ
  • Тарҳрезии либос
  • Асосҳои ҳамбастагии сару либос
  • Рангкунии газвор
  • Пардози ороишӣ ва лавозимот
  • Физикаи ранг
  • Таърих ва фалсафаи дизайн
  • Лоиҳакашӣ ва амсиласозии сару либос
  • Тарҳрезии маснуоти махсус
  • Тазйини компютерӣ
  • Нақши миллӣ
  • Нақши касбӣ
  • Таърихи санъати ҷаҳон
  • Рангшиносӣ
  • Психологияи мӯд
  • Усулҳои ороиши бадеии либос
  • Тартибдиҳии шакл ва амсиласозӣ
  • Нақши  компютерӣ
  • Санъатшиносӣ
  • Тазйини маснуоти саноати сабук
  • Молшиносӣ ва стандартизатсияи маҳсулоти соҳа
  • Тарҳрезии сару либоси таъиноташ гуногун
  • Масолеҳшиносии нассоҷӣ

Барои ихтисоси 1-50 01 02 02 – Тарҳрезии маснуоти дӯзандагӣ

  • Қаламкашӣ ва рангакашӣ
  • Муқаддимаи ихтисос
  • Расмкашии  техникӣ
  • Таърихи  дизайн, илм ва техника
  • Рангшиносӣ
  • Технологияи истеҳсоли сару либос
  • Масолеҳшиносӣ дар дизайни сару либос
  • Нақши расмкашӣ
  • Таърихи сару либос ва санъати нассоҷии миллӣ
  • Асосҳои таблиғот
  • Ташкили фаъолияти лоиҳавӣ
  • Асосҳои назария ва методологияи тарҳрезии сару либос
  • Таърих ва фалсафаи дизайн
  • Психологияи мӯд
  • Ҳамбастагии қаламкашидаи сару либос
  • Тарҳрезии либос
  • Тартиби таҳияи шартҳои техникӣ
  • Тамсиласозии тарҳи либос
  • Муносибгардонии равандҳои технологӣ
  • Асосҳои ороишдиҳӣ
  • Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти дӯзандагӣ
  • Низомҳои худкори тарҳрезии либос
  • Лоиҳакашии компютерии сару либос
  • Тамсиласозии касбӣ
  • Технологияи истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ аз масолеҳи гуногун
  • Дизайни компютерӣ
  • Рангомезӣ ва расмкашӣ
  • Рангшиносӣ
  • Технологияҳои иттилоотӣ
  • Нақши лоиҳавӣ
  • Беҳдошти либос
  • Ҳамбастагии сару либос
  • Омодагии лоиҳавӣ-технологии истеҳсолот
  • Ташкили истеҳсолот
  • Технологияи махсусгашта
  • Назорати техникӣ дар истеҳсолоти дӯзандагӣ

Монографияҳои омӯзгорони кафедра

  • Иброҳимов М.Ф. Бофандагии анъанавии тоҷикон: Таърих ва технология. – Душанбе: Ирфон, 2006. – 210 с.
  • Иброҳимов М.Ф. Касбҳои нассоҷии халқи тоҷик дар охири асри XIX – ибтидои асри XX. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 182 с.
  • Иброҳимов М.Ф. Луғати русӣ-тоҷикии нассоҷӣ. – Душанбе, 2010. – 602 с.
  • Иброҳимов М.Ф. Касби нассоҷии  тоҷикон: Луғат-маълумотнома. – Душанбе: Ирфон, 2003. – 60 с.
  • Салимҷонов С., Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф., Ҷӯраев Ҷ. Луғати мухтасари русӣ-тоҷикии абрешимчигӣ. – Хуҷанд, 2010. – 122 с.

Китобҳои таълимӣ

Иброҳимов М.Ф., Охунзода О. Тарҳрезии истеҳсолоти бофандагӣ: Дастур оид ба тарҳрезии курсӣ ва дипломӣ. – Душанбе, 2006. – 72 с.
Иброҳимов М.Ф., Бобомуродова Ф. Сохт ва тарҳрезии матоъҳо: Дастури амалӣ. – Душанбе, 2006. – 128 с.
Ишматов А.Б.,  Иброҳимов М.Ф. Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ: Китоби дарсӣ барои макотиби олӣ. – Душанбе: Ирфон, 2007. – 265 с.
Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф., Ҳакимова З.Г., Ҷалилов Ф.С. Технология ва таҷҳизоти барои бофтан омодакунии ресмонҳо: Китоби дарсӣ барои макотиби олӣ бо тавсияи Вазорати маорифи ҶТ. – Душанбе: ЭР-граф, 2011. – 104 с.
Шоев Н.Н., Иброҳимов М.Ф., Раҷабова Д.Қ., Наботов Ю.Ш. Дастури заминавӣ оид ба татбиқи «Барномаи корҳои тарбиявӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон”. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 276 с.
Иброҳимов М.Ф. Тарҳрезии фабрикаи бофандагӣ: Дастури таълимӣ оид ба тарҳрезии курсӣ ва дипломӣ. – Душанбе: Ирфон, 2013. – 72 с.
Ишматов А.Б., Иброҳимов М.Ф., Ҳакимова З.Г., Ҷалилов Ф.С. Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти бофандагӣ: Китоби дарсӣ барои макотиби олӣ. – Душанбе: ЭР-граф, 2013. – 110 с.

Дастурҳои методӣ

Иброҳимов М.Ф. Дастури методӣ оид ба корҳои озмоишӣ аз масолеҳшиносии нассоҷӣ  . – Қ. 1-2. – Душанбе, 1993. – 163 с.
Иброҳимов М.Ф. Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ: Барномаи мукаммал барои донишҷӯёни ихтисоси 280900 – Тарҳрезии маҳсулоти дӯзандагӣ. – Душанбе, 2006. – 27с.
Иброҳимов М.Ф. Дастури методӣ оид ба иҷрои кори курсӣ аз фанни “Ташкили истеҳсолот” барои донишҷӯёни ихтисосҳои 1-50 010202 ва 1-91 010105. – Душанбе, 2013. – 26 с.

Дастовардҳои намоёни кафедра дар соли таҳсили 2015-2016

  • Ниёзова Макнуна Маҳкамовна, саромӯзгори кафедра, рӯзи 23.09.2015 дар даври интихобии Озмуни байналмилалии “Симои Осиёи Марказӣ” (Ҷумҳурии Қазоқистон, шаҳри Алма-Ато) бо коллексияи либосҳои эҷодкардааш бомуваффақият иштирок кард ва ба даври ниҳоии ин Озмун, ки дар Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад, роҳхат гирифт.
  • Рўзи 16-уми октябри соли 2015 дар меҳмонхонаи “Хайят Риҷенси”-и ш. Душанбе Озмуни тарроҳони ҷавони тоҷик таҳти шиори “Vogue Dushanbe – 2015 belive in beauty” бо иштироки 11 нафар эҷодкорони пойтахт баргузор гардид. Дар озмун чор нафар кормандони донишгоҳ – ассистентҳои кафедраи дизайн, тарҳрезии бадеӣ ва таърихи санъати татбиқӣ Шарипова Фарангис ва Аноҳиди Саидаҳмад, тренер-тютори театри мӯди “Тобон” Валиева Мадина ва сарнозири шуъбаи кадрҳо ва коргузорӣ Юлдашева Заррина коллексияҳои худро намоиш дода, сазовори ҷойҳои шоиста гардиданд: Ҷойи аввал (ғолиб) – Шарипова Фарангис; Ҷойи сеюм – Валиева Мадина; Ҷоизаи интихоби тамошобинон – Юлдашева Заррина; Ҷойи ифтихорӣ – Аноҳиди Саидаҳмад. Шахсони номбурда бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English