Кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ

Кафедраи «Система ва технологияҳои иттилоотӣ» ҳамчун ҷузъи таркибии факултети  Технологияҳои иттилоотии соҳавии Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон буда, дар асоси талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №8/4 аз 13 апрели соли 2006 тасдиқ шудааст, амал мекунад.

Кафедра дар асоси Оинномаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва нақшаи корӣ фаъолият менамояд. Кафедраи “Система ва технологияҳои иттилоотӣ” воҳиди таркибии Факултети технологияҳои иттилоотии соҳавии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон буда, он дар асоси якҷоя кардани кафедраҳои “Информатика ва ҳифзи иттилоот” ва “Системаҳои иттилоотӣ” бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ, таҳти фармони №79/ху аз 04 сентябри соли 2014 таъсис дода шудааст.

1Ғафуров Миршафӣ Ҳамитович

н.и.т., дотсент, мудири кафедра

E-mail: mirugaf@mail.ru

2Усмонов  Зафар  Ҷураевич

д.и.ф.-м., профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

E-mail: Zafar-usmanov@rambler.ru

3Алиқулов Алишер Раҳимбердиевич

саромӯзгор

E-mail: alisher.alikulov.80@mail.ru

4Мусинов Абдуали Саидвалиевич

н.и.и., саромӯзгор

E-mail: musinov_v@mail.ru

5Абдуллоев Умар Ҳабибуллоевич

саромӯзгор

E-mail: abdulloev_umar_h@mail.ru

7Нозилов Ҳоҷимурод Абдузамонович

ассистент

E-mail: hojimurod_85@mail.ru

8Ниёзбоқиев Обидҷон Сафарбоқиевич

ассистент

E-mail: niyozboqievobidjon@mail.ru

9Усмонқулова Манижа Усмоналиевна

саромӯзгор

E-mail: usmonim@mail.ru

Кафедра аз рӯи равия ва ихтисосҳои зерин мутахассисонро тайёр мекунад

Дараҷаи бакалавр:

1 – 40. 01. 02. 02   «Технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт)»;

1 – 40. 01. 01. 04 «Системаҳои таъмини бехатарии маълумот»;

1 – 25. 01. 10. 24  «Таъмини иттилоотии бизнес»;

 

Дараҷаи магистр:

– М – 1 – 40. 01. 02. 02  «Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт»;

– М – 1 – 53. 01. 01. 06 «Автоматикунонӣ дар равандҳои истеҳсолот»,

саҳмгузор мебошад.

Номгӯи фанҳои таълимӣ дар кафедра

1. Автоматикунонии баҳисобгирии муҳосибӣ
2. Амалияи барномасозӣ
3. Асосҳои web-тазйин
4. Асосҳои алгоритм ва забонҳои барномасозӣ
5. Асосҳои ҳифзи иттилоот
6. Асосҳои физикии ҳифзи иттилоот
7. Барномасозии самти объектӣ
8. Барномасозӣ дар Интернет
9. Бехатарии манбаи додашудаҳо
10. Бехатарии системаҳои оператсионӣ
11. Бехатарии шабакаи компютерӣ
12. Графикаи компютерӣ
13. Замимаҳо ва тиҷорати мобилӣ
14. Идораи воситаҳои технологияи иттилоотии корхона
15. Иқтисоди ҳимояи иттилоот
16. Лоиҳакашии СИ дар иқтисодиёт
17. Лоиҳакашии СИ паҳншуда
18. Манбаи додашудаҳо
19. Маъмурии система ва воситаҳои шабакавии корхона
20. Маъмурсозии системаҳои иттилоотӣ
21. Моделҳо ва усулҳои иқтисодии математикӣ
22. Назарияи алгоритмҳо
23. Назарияи қабули қарор
24. Ҳимояи криптографии иттилоот
25. Ҳимояи муҳандисӣ-техникии иттилоот
26. Ҳимояи ҳуқуқии  иттилоот
27. Ҳимояи таҷхизотию барномавии иттилоот
28. Системаҳои иттилоотӣ дар логистика
29. Системаҳои иттилоотӣ дар таҳлили лоиҳаҳои инвеститсионӣ
30. Таҳлили системавӣ
31. Таҳрезии математикӣ дар иқтисодиёт
32. Тарҳрезӣ ва таҳлили бизнес равандҳо
33. Ташкил ва идоракунии корхонаи электронӣ
34. Таъминоти барномавии бехавф
35. Технологияи биометрии ҳимояи иттилоот
36. Технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт
37. Технологияи мултимедӣ
38. Технологияи нав дар телекомуникатсия
39. Технологияи тартибдиҳии манбаи додашудаҳо
40. Технологияҳои иттилоотӣ
41. Тиҷорати электронӣ
42. Усули стенографии ҳифзи иттилоот
43. Усулҳо ва воситаҳои ҳифзи иттилоот
44. Усулҳои ҳисобкунӣ
45. Эконометрика

    Забон:
    • Русский
    • Тоҷикӣ
    • English