Озмуни навоварон ва ихтирокорони ҷавон

Ба диққати ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, устодон, донишҷӯён, магистрантон, аспирантон, докторантон (PhD) расонида мешавад, ки санаи 15-марти соли 2017 бо мақсади дастгирии иқдоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон шудани соли 2017 «Соли ҷавонон» ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Нақшаи баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  озмуни навоварон ва ихтирокорони ҷавон дар мавзӯи “ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН” баргузор намояд.

Хоҳишмандон метавонанд, бо ихтироот ва навгонии худ  аз рӯи бахшҳои зерин пешниҳод намоянд:

  1. Техника ва технологияи инноватсионӣ
  2. Инноватсия дар технологияҳои иттилоотию иртиботӣ
  3. Илмҳои табиӣ-риёзӣ
  4. Инноватсия дар иқтисодиёт
  5. Инноватсия ва рушди илмҳои улумибашарӣ.

Ихтирооти беҳтарин аз тарафи донишгоҳ барои дорандагони ҷойҳои намоён 1-1500сомонӣ ҷойи 2-1000сомонӣ ва ҷойи 3-700сомонӣ пешбини шудааст. Маълумоти муфассалро метавонед аз сомонаи Донишгоҳ ва аз телефонҳои  зерин дастрас намоед:

(+992) 234 91 69 корӣ

(+992) 915 48 03 85 моб.

(+992) 907 79 89 07 моб.

JAVONON

27/02/2017 11:34

Шанбегии ДТТ

     Бахшида ба ҷашни 25 солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар ДТТ нақшаи чорабиниҳо тасдиқ  гардида, омодагӣ ба ин рӯз рафта истодааст.  Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ободу зебо гардонидани дохили…

17/02/2018 16:39 Муфассалтар

ВНМО ва роҳҳои пешгирии он

    Санаи 15-уми феврали соли 2018 тибқи нақшаи чорабиниҳои департаменти корҳои тарбиявии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрии донишҷуён ва устодони донишгоҳ бо мудири шуъбаи арзёбӣ ва баҳодиҳии Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ…

17/02/2018 15:37 Муфассалтар
Ҳамаи хабарҳо

ДАЪВАТНОМА

ВАЗОРАТИ САНОАТ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН Китобхонаи ДТТ Шуморо ба семинар таҳти унвони «ПАРЧАМ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ» бахшида ба 24…

20/11/2017 16:31 Муфассалтар
Ҳамаи эълонҳо
Забон:
  • Русский
  • Тоҷикӣ
  • English