ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚОТИ ВАРЗИШӢ БАЙНИ ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рӯзҳои 10-14 декабри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Президент мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши футболи хурд ва волейбол миёни донишҷӯписарони факултетҳои донишгоҳ баргузор гардиданд. Дастаи футболбозони Факултети иқтисодиёти ҷаҳон ва маркетинг дар рафти мусобиқот 4 бозӣ анҷом дода, дар ҳамаи онҳо ғолиб баромаданд, аз он ҷумла дар бозии финалӣ дастаи футболбозони Факултети муштараки тоҷики-украини “ …

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МАРКАЗИ МИЛЛИИ ПАТЕНТУ ИТТИЛООТ» – И ВАЗОРАТИ РУШДИ ИҚТИСОД ВА САВДОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ба муносибати «Рӯзи ихтироъкорон ва навоварони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»-26 апрел ОЗМУНИ «ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН» барои солҳои 2017-2018 – ро  ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:  НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОИ ЗАРУРӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН 1) Ариза барои иштирок дар озмун; 2) Варақаи шахсӣ; 3) Рӯйхати ихтирооти бо патент ё нахустпатент ҳифзшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё патенти Авруосиёгӣ бо ишораи Тоҷикистон, ариза(ҳо) …

Таманнниёти солинавии ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ба кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ

Хуш омадӣ, соли нави 2019 Таманнниёти солинавии ректори донишгоҳ Амонзода Илҳом Темур ба кулли устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ Устодону донишҷӯёни азиз! Инак, баъди чанд рӯз соли 2018, ки барои мардуми сарбаланди Тоҷикистон соли таърихӣ ва бобаракату пур аз дастовардҳо буд, ба ҳукми таърих ворид гардида, Соли нави мелодии 2019 фаро мерасад. Аз ин рӯ, ҳамаи Шумоёнро ба муносибати фарорасии …

Ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2018 таҳти унвони «Аз Паём то Паём»

Рӯзи 27 декабри соли 2018 дар толори асосии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати устодону кормандон маҷлиси ҳисоботи ҷамъбастии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию инноватсионӣ ва муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар соли 2018 таҳти унвони «Аз Паём то Паём» баргузор гардид. Дар оғози маҷлис ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муҳтарам Амонзода Илҳом Темур дар бораи дастовардҳои донишгоҳ дар самти таълиму тарбия, …

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар, 26-уми декабри соли 2018

26-уми декабри соли 2018 дар Кохи Сомони Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ки дар он 10 нафар кормандон ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуданд. Ҳамзамон дар толори маҷлисгоҳ ва инчунин дар толорҳои махсусгардонидашудаи факултетҳои донишгоҳ дар ҷамъ 800 нафар …