Шуъбаи тарғиботию фарҳангӣ

Мудири  шуъба

Гулбекова Наргис Баротовна

Шӯъбаи тарғиботӣ,  ки соли 2010 таъсис ёфта буд, аз 1-уми ноябри соли 2016 тибқи қарори  Шӯрои олимони донишгоҳ бо номи шуъбаи тарғиботию фарҳангӣ фаъолият намуда  истодааст.

Мудирони  шуъба:  аз соли 2010 то 2014 бо сарварии  Раҷабова Дилафрӯз;  2014 – 2015 – Мирзоев Шермуҳаммад;  2015 – 2016 Кабиров Фирдавс Одилшоевич ва аз соли 2016 то ба имрӯз  Гулбекова Наргис Баротовна мебошанд.

 Шӯъба  зерсохтор ва кормандони масъули зеринро дар бар мегирад:

Рӯзномаи “Фановар”, ансамбли “Зуҳал”, техник-мутасаддии маҷлисгоҳ, сектори барномаҳои таълимӣ-телевизионии “Маърифат” (муҳаррир – таҳиягар, техник-барномасоз, рӯзноманигор, наворбардор, коргардони овоз, техники эфирпахшкунанда). Дар шуъбаи тарғиботию фарҳангӣ дар  маҷмӯъ 14 (чордаҳ) нафар кору фаъолият менамоянд.

Мақсади асосии шуъба  амалӣ гардонидани сиёсати  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тарғибу ташфиқи фарҳанги бойи аҷдодӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тарбияи ҷавонони ватандӯсту худогоҳ ва содиқ ба муқаддасоти  кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Чорабини бахшида ба соли ҷавонон ва Ваҳдати миллӣ

    Ҳамоиш бахшида ба соли ҷавонон

    Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст

    ХУШ ОМАДЕД МЕҲМОНОН

   Маълумотномаи барномаи консерти