Шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш

ШУЪБАИ КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

tabarov

                                                             

                              Табаров Фирӯзҷон Тағоймуродович                                           

                       Мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш

 

 

        Тайи солҳои 1990-1994 дар сохтори донишгоҳ шуъбаи ҷавонон ҳамчун парламенти донишҷӯён таъсис дода шуда буд. Намояндагии парламент дар ҳамаи шӯроҳои донишгоҳ аз рӯи меъёр иштирок меварзиданд. Баъд аз он, тайи солҳои 1994-2000 шуъбаи ҷавонон ҳамчун ҷузъи сохтории донишгоҳ фаъолият менамуд. Баъди қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» соли 2004, шуъбаи ҷавонони  донишгоҳ ба шуъбаи кор бо ҷавонон ва дастгирии иқдоми донишҷӯён табдил дода шуд. Баъдан 17-уми апрели соли 2012 баъди муҳокима ва барррасї дар Шӯрои олимон, шуъбаи кор бо ҷавонон ва ташаккули имиҷи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ва ниҳоят 1-уми ноябри соли 2016 баъди муҳокима ва баррасӣ дар Шӯрои олимон шуъбаи зикргардида, ба шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши Донишгоҳи технологии Тоҷикистон табдили ном кард.

Самти фаъолият

          Шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамчун ҷузъи сохторї оид ба амалисозии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташаккули шахсият ва касбияти донишҷӯ ҳамчун нерӯи созандаи кишвар барномаҳои ба ин мавзӯъ бахшидашударо татбиқ менамояд. Шуъба тадқиқотҳои гуногуни сотсиологї гузаронида, инчунин дар мавзӯъҳои алоҳида афкори донишҷӯёнро меомӯзад ва дар ҷараёни таълиму тарбия корҳои ҳамоҳангшударо барои манфиати донишҷӯён ҳамчун нерӯи зеҳнии асри 21 ҳаллу фасл менамояд. Шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҳамзамон иштироки донишҷӯёнро дар чорабиниҳои гуногуни сиёсї ва фарҳангї-фароғатии сатҳи донишгоҳї, ноҳиявї, шаҳрї ва ҷумҳуриявї таъмин менамояд.

Нақшаҳои дурнамо

        Фаъолияти шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва нақшаи дурнамои таълимгоҳ – барномаи заминавии «Консепсияи рақобатпазиргардонї ва рушди инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» равона гардидааст.