Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот

markazМаркази бақайдгирӣ чун сохтори нав бо назардошти талаботи низоми кредитии таҳсил дар донишгоҳ соли 2005 ташкил карда шуд. Дар ин давра вазифаи марказ аз омӯхтани таҷрибаҳои татбиқи низоми кредитӣ дар дигар давлатҳо ва омода сохтани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ равона карда шуда, ҳамзамон аз ташкили системаи автоматикунонидашудаи раванди ҷараёни таҳсили ба ин раванд алоқаманд  иборат буд. Дар ин давра донишгоҳ низоми кредитии амрикоиро ба таври таҷрибавӣ меомӯхт.

Аз соли 2012 тамоми макотиби олии кишвар ба татбиқи низоми кредитии аврупоӣ гузаронида шуд. Аз ин лиҳоз дар сохтор ва вазифаҳои марказ низ тағйироти мувофиқ ворид карда шуда, номи марказ ба Маркази бақайдгирӣ ва идораи ҳукумати электронии донишгоҳ (МБ ва ИҲЭД) иваз шуд. Сарварии он ба зиммаи мутахассиси таҷрибадори соҳаи технологияҳои информатсионӣ Шогурезов Х.А. гузошта шуд.

Дар ин давра барномаи Системаи идоракунии ҷараёни таълим аз нав таҳрезӣ гардида имконоти он васеъ гардонида шуд. Доираи ваколати марказ васеъ гардид ва теъдоди вазифаҳое, ки марказ бояд иҷро мекард васеъ гардид, ки номгӯи нопурраи онҳо чунин аст:

  • бақайдгиирии донишҷӯён ба курсҳо;
  • дар асоси нақшаи таълимӣ муқаррар намудани номгӯи фанҳои интихобӣ барои ихтисосҳои мухталиф;
  • дар асоси нақшаи таълимӣ ба гурӯҳҳои академӣ вобаста намудани фанҳои таълимӣ;
  • тартиб додан ва назорати иҷроиши бандҳои тақвими академии донишгоҳ;
  • бақайдгирии давомоти донишҷӯён ва назорати он ҳангоми таҳияи варақаҳои имтиҳонӣ;
  • таҳия ва чопи варақаҳо барои санҷишҳои марҳилавӣ ва ниҳоӣ;
  • таҳияи «Транскрипт» (оддӣ ва кумулятивӣ)-и ҷавобгӯи қолаби системаи ECTS;
  • чопи замимаи диплом (вкладыш);
  • таҳияи ҳуҷҷатҳои омории мухталиф аз рӯи дархости сохторҳои донишгоҳ дар асоси додашудаҳои дар система мафҳузбуда.
  • ғанӣ гардонидани имконоти системаи марказ аз лиҳози техникӣ, барномавӣ ва хизматрасонӣ;

Тибқи фармони ректори донишгоҳ таҳти № 85/ХУ аз 31 октябри соли 2016 номи марказ аз Маркази бақайдгирӣ ва идораи ҳукумати электронии донишгоҳ (МБ ва ИҲЭД) ба Маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот (ММБНКТ) табдил дода шуд.

Бо қарори шӯрои олимони донишгоҳ вазифаҳои кории дар марказ иҷрошаванда низ тағйир дода шуд. Ҳайати кормандони марказ  ба намуди зерин муқаррар карда шуд:

Сохтори марказ

  1. Сардори марказ
  2. Менеҷер барномасоз (2 воҳиди корӣ )
  3. Сарнозир
  4. Нозирони факултет ва шуъбаҳо (10 воҳиди корӣ)

Кормандони марказ ҷидду ҷаҳд доранд, ки тамоми вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ва аз тарафи маъмурияти донишгоҳ пешбинишударо сарбаландона дар муҳлати муқарраршуда ба сомон расонида, дар раванди тайёр намудани мутахассисони рақобатпазири бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ саҳмгузор бошанд.