Шуъбаи магистратура

ШУЪБАИ МАГИСТРАТУРА

       Шӯбаи магистратура бо назардошти зарурияти татбиқ намудани низоми бисёрзинагии таҳсилот ва мутобиқи ҷараёни Болония ташкил намудани раванди таълим бо фармони ректори Донишгоҳи технологии Тоxикистон аз 16 уми декабри соли 2013,№90 ХУ таъсис дода шудааст. Тайи солҳои 2016 ва 2017 шӯъбаи магистратураи донишгоҳро 145 нафар бомуваффақият хатм намуданд
Шуъба соҳиби заминаҳои кофии моддию техник,таълимию методӣ ва кадрии ҷавобгӯи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Айни замон дар он 2 нафар академик,8 нафар докторони илм, профессорон ва 31 нафар номзадҳои илм,дотсентон ва 13 нафар муаллимони калон кор мекунанд. Дар соли таҳсили 2017-2018 теъдоди умумии магистрон 260 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 154 нафар дар курси якум ва 106 нафар дар курси дуюм таҳсил менамоянд.

Вазифаҳои асосии шуъбаи магистратура:
роҳнамоии барномаҳои магистрӣ бо мақсади баланд бардоштани донишҳои касбии мутахассисон, такмили сифатҳои кори онҳо баҳри иҷрои вазифаҳои нави меҳнатӣ;
ҳамоҳангсозии корҳои таълимӣ, ташкилӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорон ҷиҳати таъмини ягонагии низоми талабот ба ташкил, шартҳои татбиқ ва баҳодиҳии сифати барномаҳои тайёр кардани магистрантон;
банақшагирӣ ва ташкили раванди таълими магистрантон;
ташкил ва баҳисобгирии ҳаракати ҳайати магистрантон.

chononov-s

Ҷононов  С

Сардори шуъбаи магистратура

 

          Бо фармони ректори  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  аз 16 уми декабри соли 2013,№90 ХУ  таъсис дода шудааст. Шуъба дорои иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи пешбурди фаъолияти таълимї таҳти рақами АУ №0000598 ва низомнома мебошад,ки бо фармони  ректор аз  28 августи соли 2014 ,№1 тасдиr карда шудааст. Шуъба соҳиби заминаҳои кофии  моддию техникӣ,таълимию методӣ ва кадрии   xавобгeи талаботи стандартҳои  давлатии таҳсилоти олии касбии Xумҳурии Тоxикистон мебошад. Айни замон дар он 2 нафар академик,8 нафар докторони илм,профессорон ва 19 нафар номзадҳои илм ,дотсентон ва 3 нафар муаллимони калон кор мекунанд.

Шуъба аз руи равия ва ихтисосҳои зерин магистр тайёр мекунад:

РАМЗИ ИХТИСОС НОМГУИ ИХТИСОС МАБЛАҒИ ШАРТНОМА
1. 1-54 01 01 Метрология,стандартикунонӣ ва сертификатсия                                 (аз руи самтҳо) 4600 с
2. 1-36 09 01 Мошинҳо ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хурока 4600 с
3. 1-40 01 01 Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ                                 (аз руи самтҳо) 4600 с
4. 1-49 01 01 Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди ашёи хоми ғизоӣ 4600 с
5. 1-50 01 02 Тарҳрезӣ ва технологияи маҳсулоти дeзандагӣ 4600 с
6. 1-19 01 01 Дизайн (аз руи самтҳо) 4600 с
7. 1-25 01 04 Молия ва rарз 4600 с
8. 1-25 01 03 Иrтисодиёти ҷаҳонӣ 4600 с
9. 1-25 01 07 Иrтисодиёт ва идора дар корхона                          (дар корхонаҳои саноатӣ) 4600 с
10. 1-25 01 07 07 Идораи лоиҳаҳо 4600 с
11. 1-26 02 03 05 Маркетинги байналмилалӣ 4600 с
12. 1-40 01 02 02 Технология ва низоми иттилоотӣ 4600 с
13. 1-26 02 02 Менеҷменти байналмилалӣ 4600 с
14. 1-26 02 02 08 Менеxменти инвеститсионӣ 4600 с
15. 1-40 01 01 01 Системаҳои компютерӣ ва Интернет технологияҳо 4600 с
16. 1-40 01 01 03 Системаҳои компютерии бонкӣ 4600 с
17. 1-70 04 03 04 Истифодаи оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ дар якҷоягӣ бо Барномаи Темпус 4600 с
18. 1-74 05 01 05 01 Идора ва  дипломатияи истифодабарии захираҳои обӣ 4600 с