Шуъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълимӣ

Шуъбаи стандартҳо ва барномаҳои таълим мутасаддии таҳия, аз ташхис гузаронидан ва ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод намудани нақшаҳои таълимии зинаи бакалавр ва магистратура буда аз 01.10.2016 таъсис дода шудааст.

Самтҳои фаъолият:

  • таҳияи нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ барои зинаҳои бакалавр ва магистратура мутобиқи стандартҳои таҳсилоти олии касбии ҶумҳурииТоҷикистон;
  • назорати иҷроиши нақшаҳои таълим дар зинаҳои бакалавр ва магистратура;
  • таҳияи нақшахои кори марбут ба ихтисосҳои донишгоҳ ва таҳияи маълумот дар бораи барномаҳои асосии таълимии маълумоти олии касбӣ;
  • ташкил ва дастгирии фаъолияти кафедраҳои тахассусӣ дар бораи таҳияи нақшаҳои нави таълимӣ ва аз акредитатсияи давлати гузаронидани онҳо;
  • таҳияи стандартҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва назорати татбиқи стандартҳо оид ба ихтисос ва равияҳои марбут ба донишгоҳ;