Шуъбаи мониториинг ва таҳлили сифати таҳсилот

Шӯъбаи мониторинг ва таҳлили сифати таҳсилот бо мақсади ташкили назорат, таҳлил ва муайян намудани дурнамои беҳдошти сифати тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир дар бозори озоди меҳнат ҳамчун сохтори таркибии қисми департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳлоти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Самтҳои асосии фаъолияти шӯъбаи мониториг ва идораи сифати таҳсилот таҳия ва истифодаи усулҳои муосири назорат ва таҳлили сифати таҳсилот;

  • назорати фаъолияти кафедраҳо оид ба таҳия, мувофиқат намудани барномаҳои кории фан (силлабус), ки дар асоси нақшаи таълим ва талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ;
  • назорати риоя намудани пайдарҳамии мавзӯъҳо, ҳаҷми соатҳои пешбинишудаи барномаи кории фан (силлабус) ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ;
  • пайваста омӯхтани фикру ақидаи донишҷӯён оид ба таълими фан ва ба инобат гирифтани онҳо дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгор ва ташкили низоми таҳсилот;
  • фароҳам овардани шароит барои мубодилаи озоди афкор ва тарбияи донишҷӯён дар руҳияи эҳтироми гуногунақидагӣ;
  • фароҳам овардани фазои якдигарфаҳмӣ ва эҷодӣ ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ ва амалӣ, дар донишҷӯён бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, расидан ба қадри маърифату дониш ва худшиносии миллӣ;
  • ӯҳдадор намудани омӯзгорон барои дар дарсҳои лексионӣ ва машғулиятҳои амалӣ, донишҷӯёнро дар руҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунонанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд, то ки шогирдон арзишҳои миллию умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавиро эҳтиром намоянд.

Сохтори шӯъба

Сохтори шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таҳсилот аз чунин воҳиди штатї иборат мебошад:

  1. Мудири шӯъба;
  2. Сармутахассис;
  3. Ҳамоҳангсоз;