Таълим

Департаменти идораи ҷараёни таълим ва идораи сифати таҳсилот аз соли таъсисёбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо номҳои гуногун, ба монанди:

  • аз 1 ноябри соли 1990  то соли 1993 ҳамчун  Шўъбаи таълим;
  • аз 1 сентябри соли 1993 то сентябри соли 2010 ҳамчун Департаменти ҷараёни таълим ва корҳои тарбиявӣ ;
  • аз 1 сентябри соли 2010 то имруз бо номи Департаманти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот фаъолият намудааст.

Вобаста ба таѓйирёбии самтҳои афзалиятноки донишгоҳ бо мурури замон номи департамнт низ таѓйир ёфтааст.

СОХТОРИ ИДОРАВӢ.  Сохтори  Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот аз чунин ҷузъҳо иборат мебошад:

  • шўъбаи таълим ва идораи сифати таҳсилот;
  • шўъбаи таҳлил ва мониторинги сифати таҳсилот;
  • шўбаи магистратура;
  • сектори кор бо кормандон;
  • сектори таҳлил ва дурнамо;
  • сектори таъминоти иттилоотии раванди таълим;
  • маркази ҳамоҳангсозии барномаи ТЕМПУС;

Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот бо кафедра, факултет ва дигар департаментҳои донишгоҳ ҳамкорӣ намуда, имконият ва мақоми ҳар яке аз сохторҳои марбутаро барои тарбия намудани мутахассисон ва ба талаботи соҳавӣ ҷавобгў будани онро муфид истифода мебарад. Бо назардошти гузориши масъала бо чунин мазмун, Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот  барои дар амал ҷорӣ намудани Консепсияи миллии таълим ва тарбия ва дар руҳияи ватандўстию хештаншиносӣ омода намудани мутахассисони оянда вазифадор мебошад.

САМТИ ФАЪОЛИЯТ.

Департаменти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот ҳамчун ҷузъи сохтории Донишгоҳи технологии Тоҷикистон барои дар амал ҷорӣ намудани сиёсати ягонаи тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи техника ва технология, иқтисодчиёни соҳаҳои гуногуни саноат, мутахассисони соҳаи техникаи компютерӣ ва иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, метрология ва стандартизатсия, ки дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тайёр карда мешаванд, мутасаддӣ буда, барои расидан ба мақсадҳои стратегии номбурда аҳли кормандон ва донишҷўёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва ҷузъҳои сохтории онро дар коллеҷ ва филиалҳо сафарбар менамояд.

  • Дар раванди вазифаҳое, ки аз тайёр намудани мутахассисони замони нав бо назардошти ҳалли масъалаҳои стратегии ҷараёни таълим бармеояд, департамент пеш аз ҳама:
  • барнома ва Стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста аз талаботи тахассусӣ ва азхуднамудани барномаи таълимии фанҳо таҳия намуда, барои мувофиқа ва тасдиқ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
  • бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонии тайёр намудани мутахассисон, дар таҳия ва ба амал ҷорӣ намудани консепсияи ҳамоҳанггардонии зинавии гирифтани донишҳои касбиро дар асоси низоми кредитӣ ва маҷмўи ҳуҷҷатҳои тасдиқшударо оид ба ин мавзўъ ба амал ҷорӣ менамояд;
  • барои ба танзим даровардани баҳогузории фаъолияти донишҷўён, омўзгорон, мудирони кафедра ва деканони факултет дар сатҳи кафедра ва факултетҳо мониторинги ягонаи таҳлил ва баҳогузориро пешниҳод менамояд;
  • мутасаддии дар амал ҷорӣ намудани низоми ягонаи иҷрои вазифаҳои хизматӣ, худтакмилдиҳӣ ва эҷодкориро дар амал ҷорӣ менамояд;
  • шартҳои рақобатпазирии баҳогузории фаъолияти ҳар яке аз иштирокчиёни ҷараёни ягонаи педагогиро таъмин менамояд;
  • дар ташкил ва гузаронидани таҳлили экспертии силлабусҳо, курсҳои мухтасари лексияҳои фаннӣ, ҷадвали дарсӣ дар асоси барномаҳои тасдиқшуда мутасаддӣ буда, талаботи маҷмўи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар ин раванд таъмин менамояд ва дар сари вақт ва бо сифати баланд маҷмўи маводҳои таълимӣ-методиро аз чопӣ типографии бароварда истифодаи онро дар сатҳи факултетҳо ва фанҳои таълимӣ таъмин менамояд;
  • низоми ягонаи гузаронидани таҳлилҳои аналитикӣ ва мониторинги санҷиши сифати машѓулиятҳо, баҳогузории донишҳои касбӣ ва амсоли онҳоро бо назардошти дастовардҳои марҳилавии донишҷўёнро меомўзад ва дар ин раванд вобаста ба ихтисос ва равияҳо муаррифиномаи касбиро таҳия ва дар амал татбиқ менамояд.

ДАСТОВАРДҲО. 

Департамнти идораи ҷараёни таълим ва сифати таҳсилот барои тайёр намудани мутахассисони ба бозори озоди меҳнат рақобатпазир ва дар сатҳи талаботҳои стандартҳои байналмилалӣ ҷорӣ намудани ҷараёни таълим бо ҳамкорӣ бо дигар ҷузъҳои сохтории донишгоҳ  ба дастовардҳои зерин мушарраф гардидааст:

  • таҳияи Модели сифати таҳсилот дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Консепсияи татбиқи модели сифати таҳсилот;
  • татбиқи пурраи низоми кредитии таҳсилот;
  • аз таҳлили экспертизи гузаронидан ва аз чоп баровардани зиёда аз 29 китоби дарсӣ, 78 дастури таълимӣ, 42 монография ва зиёда аз 250 дастурҳои методӣ оид ба иҷрои корҳои мустақилонаи фанҳои таълимӣ;
  • аз ҷониби омўзгорон таҳияи дастурҳои таълимию-методӣ оид ба ичрои корҳои семестрӣ ва корҳои курсӣ аз тамоми фанҳои таълимӣ марбут ба нимсолаи таҳсил аз рўи талаботҳои таъмини модели сифати таҳсилот дар донишгоҳ;
  • аз ҷониби омўзгорон таҳия ва ба донишҷўён дастрас намудани курсҳои мухтасари лексияҳо аз фанҳои таълимӣ;
  • татбиқи васеи усулҳои самараноки таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ ва мултимедиявӣ;
  • аз аттестатсияи касбият гузаронидани ҳайати профессорону омўзгорони кафедраҳои донишгоҳ ва кормандони ёрирасони таълимӣ;
  • ташкил намудани семинарҳо оид ба татбиқи усулҳои муосири таълим бо ҷалби омўзгорони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ барои омўзгорони ҷавон;
  • бо мақсади дастгирии донишҷўёни лаёқатманд ва боистеъдод дар донишгоҳ ташкил намудани Маркази рақобатпазирии донишҷўёни  Донишгоҳи  технологии Тоҷикистон   дар бозори озоди меҳнат ва аз мониторинги рақобатпазирӣ гузаронидани донишҷўён;
  • кушодашавии Маркази идораи захираҳои обӣ дар чаҳорчубаи барномаи байналмилалии таълимии ТЕМПУС;
  • баргузории конфересияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявии бахшида ба эълон намудани соли 2013 – “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об”дар мавзўи “Манбаҳои обӣ: роҳҳои ҳалли тақсимоти об дар дарёҳои байнисарҳадии Осиёи Миёна”.

ИШТИРОК ДАР ЛОИҲАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ.

Бо саю кўшиши Департаменти идораи ҷараёни аълим ва сифати таҳсилот,  донишгоҳ дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимию тадқиқотии ТЕМПУС – 4 SWAN: Sustainable Water Resources Management in Central Asia. 158982 – ТЕМПУС  – 1 – 2009 – 1 –ES –TEMPUS – JPCR . Идоракунии босуботи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ; GIZ, Programme Professional  Education and Training in Central Asia 1; Бунёди инисиативии Volkswagen Stifting “Between Europe and the Orient – A Focus on Research and Higher Education in/on Central Asia and the Caucasus” лоиҳаи “Prospects of clean energy in Central Asia” иштирок варзида тадқиқотҳои муштараки таълимию тадқиқотиро ба амал оварда истодааст.

Истифода аз манбаҳои молиявии лоиҳаҳои номбурда зиёда аз 11 нафар омузгорони донишгох дар семинар-тренингҳое, ки дар мамлакатхои Испания, Полша, Словакия, Қазоқистон, Қирѓизистон, Ўзбекистон баргузор гардидааст иштирок намуда соҳиби сертификатҳо гардидаанд, як нафар донишҷў дар барномаи магистратураи донишгоҳи Генуяи Италия ва як нафар рисолаи доктории Ph.D-ро дар мавзўъи « Тадқиқоти вазъи сармоягузорӣ дар манбаҳои барқароршавандаи энергияи безарар дар Осиёи Марказӣ» дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии Берлин  бурда истодааст.