HiEdTec

HiEdTec-МОДЕРНИЗАТСИЯИ СИСТЕМАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ ТАВАССУСИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ НАВ

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти фаъолияти берунмарзӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар, дарёфти лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ ва фондҳои дастгирии таълимот дар байни тамоми муассисаҳои таълимии кишвар пешсаф буда, таҷрибаи хеле ғанӣ касб намудааст. Ҳамасола ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ дар озмунҳои гуногуни барномаҳои байналмилалӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб оид ба рушди таҳсилот ва таҳкими заминаҳои таълимӣ  ширкат намуда, соҳиби грантҳо ва бурсияҳои таҳсилӣ мегарданд. Соли таҳсили 2017/2018 маркази технологияҳои компютерӣ ва таълимии донишгоҳ дар озмуни барномаи ЕРАСМУС+ ширкат намуда, дар ба даст овардани гранти ин барнома дар самти рушди иқтидори муассисаҳои таҳсилоти олӣ муваффақ гардид.

Лоиҳаи HiEdTec – “Модернизатсияи системаи таҳсилоти олӣ дар осиёи марказӣ тавассуси технологияҳои нав асосан ба татбиқи технологияҳои навини иттилоотиву коммуникатсионӣ дар системаи таҳсилоти олӣ равона гардида, барои мусоидат дар азнавсозии низоми таҳсилоти олӣ тавассути сохтани портали захираҳои таҳсилотии кушода марбут ба  азхуднамоии малакаҳои рақамӣ, усулҳои омӯзиш ва сафарбарнамоии саҳмдорон, аз он ҷумла, омӯзгорон, таълимгирандагон ва шарикони иҷтимоию иқтисодӣ роҳандозӣ мегардад.

Кадом омилҳо барои тавлиди лоиҳаи мазкур сабаб гардиданд:  

– Интиқоли технологияҳои рақамӣ ба соҳаҳо (дар асоси талаботи таҳавуллоти 4-уми саноатӣ), ки он иттилоотикунонии системаи таҳсилоти олиро  бо суръати баланд тақозо мегардад, ки дар асоси он консорсиум консепсияҳои мутобиқгардонии системаи таҳсилоти олиро  ба насли рақамӣ бо назардошти шароити мушаххаси ҳар як аъзо-давлатҳо таҳия менамояд.

– талаботи имконият додан ба ҲАМА барои таҳсил дар ДИЛХОҲ вақт ва дар ДИЛХОҲ ҷой бо ёрии ДИЛХОҲ лектор, бо истифода аз ДИЛХОҲ таҷҳизот – компютер, ноутбук, планшет, смартфон ва ғайра, ки консорсиум дар назди донишгоҳҳои аъзо-давлатҳо марказҳо барои технологияҳои инноватсионии таълимӣ таъсис медиҳад.

Натиҷаҳо ва маҳсули лоиҳа чунин хоҳад буд:

– ба миён омадани шабакаи устувори академӣ барои мукаммалгардонии методология, мубодилаи таҷриба ва таҷрибаи беҳтарин дар соҳаи технологияҳои инноватисонии таълимӣ;

– таҳияи панҷ консепсияи мутобиқгардонии системаи таҳсилоти олӣ ба насли рақамӣ – барои ҳар як аъзо-давлатҳо яктогӣ;

– даҳ марказҳо барои технологияҳои инноватсионии таълимӣ – барои ҳар як аъзо-давлатҳо яктогӣ;

– даҳ озмоишгоҳҳои фаъоли таълимӣ;

– таҳияи захираҳои озоди таълимӣ дар низоми абрӣ;

– таҳияи дастур барои татбиқи технологияҳои инноватсионии таълимӣ дар донишгоҳҳои аъзо-давлатҳо;

– ташкил намудани курсҳо барои тренерҳо оид ба азхуд намудани малакаҳои рақамӣ ва усулҳои таълим;

– ташкил намудани курсҳо барои омӯзгорон оид ба азхуд намудани малакаҳои рақамӣ ва усулҳои таълим;

Дар натиҷаи амалигардонии 16 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос дар давлатҳои аврупо гузашта соҳиби сертификатҳои махсус мегарданд.

Дар мумият лоиҳаи мазкур метавонад дар баланд бардоштани сифати таълим тавассути роҳандозии усулҳо ва технологияҳои муосир дар ҷараёни таълим, саҳмгузор бошад.

 

Аҳрор Ҷафаров

Ҳамоҳангсози лоиҳа аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон