Факултети иқтисодиёти ҷаҳон ва маркетинг

Таърихи факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг аз соли 1995  бо ташкили Коллеҷи байналхалқии амрикоӣ оғоз мегардад.  30 августи соли 2007 бо мақсади тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 060600.01-иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ ва 060600.00 – иқтисодиёти ҷаҳон факултети  байналхалқӣ ташкил ёфта, вазифаи декани факултети мазкурро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Юсупов Мирзо Чулиевич ба  уҳда дошт.  Аз 21 январи  соли 2009 тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 060600.01-иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ ва 060600.00 иқтисодиёти ҷаҳон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  таҳти сарварии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Усмонова Тӯҳфа Ҷумаевна дар доираи факултети  идоракунии маъмурӣ ва иқтисоди инноватсионӣ давом ёфт.  Аз 1 сентябри соли 2011 номи факултети мазкур ба  факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетингтабдил дода шуда, то 03 январи соли 2013 вазифаи декани факултет ба дӯши профессор Усмонова Т.Ҷ. вогузошта шуда буд. Аз 03 январи соли 2013 то моҳи сентябри соли 2014  номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Негматова Гавҳар Деҳқоновна вазифаи декани факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетингро ба уҳда дошт. Аз 01 сентябри соли 2014 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сатторов Абдурасул Абдуғаффорович вазифаи декани факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетингро ба уҳда гирифтааст. Айни ҳол факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг ҳамчун зерсохтори Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 1-26020305 – маркетинги байналхалқӣ, 1-25010301 идораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ ва 1-25010304 идоракунии сармоягузории хориҷӣ ҷавобгар  мебошад.

Дар сохтори факултет таҳти сарварии н.и.и., дотсент Наҷмидинов Бахтиёр Зоидович кафедраи маркетинги соҳавӣ ва байналмилалӣ ва таҳти сарварии  н.и.и., дотсент Оқилҷонов Фурқат Шарифович кафедраи фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ  фаъолият намуда,  раванди мунтазами  ҷараёни таълимро  таъмин менамоянд. Кафедраи маркетинги соҳавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун кафедраи пешбар мутасаддии тайёр намудани мутахассисони ихтисоси 1-26 02 03 05-маркетинги байналмилалӣ  ва кафедраи фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ ҳамчун кафедраи пешбар мутасаддии тайёр намудани мутахассисони ихтисоси 1-25 01 03 01-идораи фаъолияти иқтисодиёти берунмарзӣ  ва 1-25010304 – идоракунии сармоягузории хориҷӣ ба ҳисоб мераванд.

Сатторов Абдурасул Абдуғаффорович

Декани факултет
www.fijm.tut.tj
Номзади  илмҳои иктисодӣ

Дотсент

 

Мирзоалиев Тӯйчӣ Абдуалиевич

Ҷонишини декан оид ба тарбия

 

Маликов Фаррух Шарофович

Ҷонишини декан оид ба таълим

 

Ихтисосҳо

  • 1-25010301 – Идораи фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ
  • 1-25010304 – Идоракунии сармоягузории хориҷӣ
  • 1-26020305 – Маркетинги байналмилалӣ

Кафедраҳои факултет

  1. Кафедраи фаъолияти иқтисодии берунмарзӣ
  2. Кафедраи маркетинги байналмилалӣ ва соҳавӣ

Дастовардҳои асосии факултет бо овардани расмҳо

Дар озмуни дохилидонишгоҳӣ бахшида ба таҷлили ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дастаи факултет дар якҷоягӣ бо дастаи факултети муҳандисӣ-технологӣ сазовори ҷои якум гардид.

Хони наврӯзии донишҷӯёни факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг

Дастаи футболбозони факултет дар моҳи майи соли 2015 дар мусобиқаи дохилидонишгоҳии футбол дар байни факултетҳо сазовори ҷои якум ва ҷоми мусобиқа гардид.

Дар даҳаи дуюми моҳи ноябр бахшида ба 16-ноябр – рӯзи Президент дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои варзиши футбол, баскетбол, волейбол, шоҳмот дар байни донишҷӯписарон ва волейбол байни донишҷӯдухтарон гузаронида шуд.

Дастаи футболбозони факултет дар байни писарон ва дастаи волейболбозони факултет дар байни духтарон сазовори ҷои аввал гардида, бо медалу ифтихорнома сарфароз гардиданд ва ҷомҳои сайёри донишгоҳ оид ба ин намудҳои варзиш ба факултет тақдим карда шуд.

Дар байни шоҳмотбозон донишҷӯи курси 2, ихтисоси 1-25010301 Ҷумаев Аҳмадҷон сазовори ҷои сеюм гардид.

Ҳамчунин, донишҷӯи курси 3, ихтисоси 1-26020305 Ғаёсова Соно дар озмуни донишгоҳ оид ба кадбонуи беҳтарин сазовори ҷои аввал гашт.

Дар натиҷаи ҷамъбасти ҳамаи ин чорабиниҳо факултети иқтисодиёти ҷаҳон ва маркетинг дар байни факултетҳои донишгоҳ ҷои дуюмро ишғол намуд.

Донишҷӯёни факултет дар рӯзи 24 ноябр – Рӯзи Парчам