Факултети менеҷменти байналмилалӣ ва инвеститсионӣ

 

 

Рабиева Таҳмина Муқимовна

Декани факултет

номзади илмҳои иқтисодӣ Дотсент

 

 

 

Дар соли соли 2014 бо фармони ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултети менеҷмент ва модели аврупоии таҳсилот барпо гардид. Дар моҳи октябри соли 2016 сохтори донишгоҳ тағйир ёфт ва номи факултет дигар карда шуд. Дар айни замон факултети менеҷменти байналмилалӣ ва инвеститсионӣ мутахассисонро барои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт омода намуда , тайёор кардани мутахассисон ва бакалаврҳоро бо ихтисосҳои: 1-26020202 «Менеҷменти байналмилалӣ»,1-26020208 «Менеҷменти инвеститсионӣ», 1-25010301 – «Идоракунии фаъолияти иқтисодии бурунмарзӣ», 1-7405010501 – «Дипломатия ва истифодаи захираҳои обӣ» ба зима дорад. Таҳсил бо се забон фаро гирифта мешавад: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Дар тобеияти сохтории факултет ду кафедра вуҷуд дорад: кафедраи менеҷменти байналмилалӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Имомназаров Музаффар Аҳмадҷонович ва кафедраи забонҳои хориҷӣ таҳти роҳбарии номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Насруддинов Сироҷидин Моҳадшарифович. Кафедраи менеҷменти байналмилалӣ кафедраи тахассусӣ (пешбар)дар омода сохтани бакалаврҳо маҳсуб мешавад.

Шӯъбаи рӯзонаи факултет навъи асосии омода кардани мутахассисон ба шумор меравад. Ҳар сол ба тамоми намуди ихтисосҳои факултет шумораи дохилшавандагон меафзояд. Дар айни замон дар шӯъбаи рӯзонаи факултет зиёда аз 500 донишҷӯён таҳсил менамоянд. Дар ду кафедраи факултет бештар аз 40 омӯзгорон фаъолият доранд , ки дар байни онҳо профессорон, дотсентҳо, номзадҳои илм ҳастанд. Дар раванди омода намудани донишҷуёни баландихтсос мувофиқи ихтисоси “Менеҷер-иқтисодчӣ” коллективи факултет ҳамаҷониба бо корхонаҳои муштарак ва муассисаҳои давлатӣ ҳамкорӣ дорад, ки боиси тараққиёти мамлакат ва азхудкунии технологияҳои навини идоракунӣ гардида, ҳалли мушкилиҳои иқтисодӣ, инчунин ба нақшагирӣ ва ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотиро ба миён мегузорад.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултет дорои чунин равандҳо мебошад: таҳлили сохтори идоракунии давлатӣ, лоиҳакашӣ ва такмили менеҷмент дар муассисаҳои шакли моликияташон гуногун, роҳҳои беҳтар намудани истифодаи маблағҳо ва баланд кардани ҷалби сармоягузории муассисаҳо, таҳлили таъминоти дохилӣ ва хориҷии корхонаҳо бо об, дипломатияи истифодаи захираҳои об миёни мамлакатҳо.  Ба кори илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашӣ донишҷӯён низ ҷалб карда мешаванд. Натиҷаҳои фаъолияти донишҷӯён дар конференсияҳо,семинарҳо, форумҳо ва конкурсҳои байналмилалӣ намоиш дода мешавад.

 Ихтисосҳо

  • 1-26020202- «Идоракунии байналмилалӣ»
  • 1-26020208 «Идоракунии сармоягузорӣ»
  • 1-25010301- «Идоракунии фаъолияти савдои хориҷӣ»
  • 1-7405010501- “Дипломатия ва истифодаи захираҳои об”

Кафедраҳои факултет

Кафедраи идоракунии байналмилали

Кафедраи забонҳои хориҷӣ

Барномаи таълимӣ

Дар факултети Менеҷменти  байналмилалӣ ва инвеститсионӣ барномаҳои таълимӣ зерин мавҷуд аст:

  • Бакалаврият
  • Магистратура
  • Аспирантура
  • Барномаи «Ман-манеҷер»

Магистратура

Барномаи дараҷаи аввал магистр дар соли 2014 оғоз гардид . Барномаҳои магистрӣ дар се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) амал мекунад. Ба шўъбаи магистрӣ  метавонад хатмкунандагони бакалавр ва аз тамоми донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил  шаванд.

Муддати омӯзиш – 2 сол

Шакли таҳсил – рузона