Факултети телекомуникатсия ва таълимоти касбӣ

сссФакултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ тибқи  қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон суратмаҷлиси №1 аз 13.09.2011 ҳамчун факултети муштараки тоҷикӣ–россиягӣ “Технологияҳои соҳавӣ ва идораи инноватсияҳо”  таъсис дода шуда, аз 1-уми сентябри соли 2012 ба фаъолият шурӯъ намуд,  ки роҳбарии факултетро доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор Юсупов Шаъбони Тағоевич  ба уҳда дошт.

Аз санаи 01.11.2013 соли вобаста ба тағйиротҳои кадрӣ дар ДТТ ва ҷузъҳои таркибии он Директори филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Иброгимов Холназар Исломович бо тариқи гузариш роҳбари нави факултет  таъин гардиданд ва аз моҳи январи соли 2014 н.и.т., дотсент Самиев Қутбиддин Абдулҳаевич роҳбарии факултетро ба уҳда доштанд.

Аз 1 сентябри соли 2014 номи факултети мазкур ба  факултети муштараки тоҷикӣ–россиягӣ «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ, дизайни компютерӣ ва таълимоти касбӣ» табдил дода шуда, вазифаи декани факултет ба дӯши номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент  Насриддинов Мирзомудин Шамсудинович вогузор карда шуд.

Мувофиқи қарори Шӯрои олимони донишгоҳ №3 аз 24 октябри соли соли 2016 дар пояи факултети муштараки тоҷикӣ–россиягӣ «Технологияҳои телекоммуникатсионӣ, дизайни компютерӣ ва таълимоти касбӣ» факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ  таъсис дода шуда, ин қарор бо фармоиши ректори донишгоҳ №87/У аз 31 октябри соли 2016  тасдиқ карда шуд.

Факултети телекоммуникатсия ва таълимоти касбӣ  ҳамчун зерсохтори  Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон  дар тайёр намудани мутахассисон аз рӯи ихтисосҳои 1-0801010701 – Таълимоти касбӣ (информатика). Система ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, системаҳои мобилӣ, алоқаи маҳворавӣ ва радиотехника, 1-0801010702 – Таълимоти касбӣ (информатика). Дизайни компютерӣ, технологияҳои интернет ва мултимедия, 1-0801011001 – Таълимоти касбӣ (дизайн). Тарҳрезии услуби инсон ва муҳити зист,    1-0801011101 – Таълимоти касбӣ (саноати сабук). Технологияи саноати нассоҷӣ ва саноати сабук, 1-43010601 – Технологияи энергияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ, 1-45010301 – Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ фаъолият менамояд.

Дар сохтори факултет 3 кафедра фаъолият карда истодааст, аз ҷумла  кафедари забони тоҷикӣ таҳти роҳбарии н.и.ф., дотсент Одинаев Нурмухаммад Сафарович, кафедраи физика, телекоммуникатсия ва фанҳои техникӣ, таҳти роҳбарии н.и.т., дотсент Самиев Қутбиддин Абдулҳаевич ва кафедраи забони русӣ ва таҳсилоти касбӣ таҳти роҳбарии н.и.п., дотсент Хусанова Тамара Кадыровна раванди мунтазами ҷараёни  таълимро  таъмин менамоянд.

Кафедраи физика, телекоммуникатсия ва фанҳои техникӣ ҳамчун кафедраи пешбар мутасаддии тайёр намудани мутахассисони ихтисосҳои 1-45010301–Шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, 1-43010601–Технологияи самарабахш ва менеҷменти энергетикӣ, кафедраи забони русӣ ва таҳсилоти касбӣ  бошад, ҳамчун кафедраи пешбар мутасаддии тайёр намудани мутахассисони ихтисосҳои 1-0801010701 – Таълимоти касбӣ (информатика). Система ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, системаҳои мобилӣ, алоқаи маҳворавӣ ва радиотехника, 1-0801010702 – Таълимоти касбӣ (информатика). Дизайни компютерӣ, технологияҳои интернет ва мултимедия, 1-0801011001 – Таълимоти касбӣ (дизайн). Тарҳрезии услуби инсон ва муҳити зист,    1-0801011101 – Таълимоти касбӣ (саноати сабук). Технологияи саноати нассоҷӣ ва саноати сабук ба ҳисоб мераванд.

Аз рӯи 6 ихтисосе, ки дар факултет амал мекунад, дар ҳоли ҳозир 420 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки 13 нафари онҳо бо баҳои аъло тахсил менамоянд. Аз ин шумора ду нафар, яке Шакиров Шаҳбоз Абдуаливеич гирандаи стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2015-2016 ва Шарипова Тоҷиниссо Абдувоҳидовна гирандаи стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2016-2017 маҳсуб меёбанд.

Дар давраи фаъолияти факултет 5 нафар донишҷӯёни факултет таҳти роҳбарии мудири озмоишгоҳи  “Мехатроника” Хакёров Ибодулло дар барномаи телевизионии ихтирокорони ҷавон  “Бозёфт”, ки аз ҷониби телевизиони  “Баҳористон”  ҳар сол гузаронида мешавад, дар солҳои  2013-2014 ширкат варзида соҳиби дипломҳои дараҷаҳои 1-3 гардиданд.

Донишҷӯи факултет Сайфуллоев Рустам соли таҳсили 2015-2016 бо лоиҳаи худ дар озмуни беҳтарин лоиҳаҳо, ик аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, ширкат варзида ба рӯйхати 15  лоиҳаҳои  донишҷӯён ворид карда шуд.