Факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ система ва технологияҳои компютерӣ


Негматова Г.Д. – декани факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ «Система ва технологияҳои компютерӣ»,номзади илмҳои физикаю математика,дотсент.

 

Ибрагимов Сафар Юнусович – ҷонишини декани факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ «Система ва технологияҳои компютерӣ» оид ба таълим, ассистенти кафедраи системаҳои компютерӣ ва интернет-технологияҳо


Туроншоев Хуршедшо – ҷонишини декани факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ «Система ва технологияҳои компютерӣ» оид ба тарбия

Усмонкулова Манижа Усмоналиевна ҷонишини декани факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ «Система ва технологияњои компютерӣ»оид ба илм ва инноватсия, муаллими калони  кафедраи системаҳои компютерӣ ва интернет-технологияҳо

Бо назардошти ҳуҷҷатҳои баимзорасидаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина, инчунин дар мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 74 аз 26-уми июни соли 2008 дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ таъсис дода шуд, ки он аз 1-уми сентябри соли 2008 ба фаъолият шурўъ намуд. Донишгоҳ бо пешниҳоди Маркази украинии давлатии таҳсилоти байналмилалии Украина назди Вазорати маориф ва илми Украина таъсиси факултети навро дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя муфид шуморид, ки пас аз мувофиқаи самти тайёр намудани мутахассисон номи онро чунин унвон дода шуд: «Идораи кормандон ва технологияи муосири пешбаранда». Айни ҳол факултет бо номи «Идораи кормандон ва технологияҳои соҳавӣ» фаъолият намуда, аз рўи ихтисосҳои зерин бакалавр тайёр менамояд:

ИХТИСОСҲОИ ФАКУЛТЕТ ВА ШАРҲИ КЎТОҲИ ОНҲО

  1. Бакалаври тахассуси 1-40010101 – «Системаҳои компютерӣ ва интернет – технология»

Ҳамчун хатмкунандаи ихтисоси 1-40010101 иҷро кардани масъалаҳои гуногуни лоиҳакашӣ, барномасозӣ, татбиқи таҷҳизотҳои техникию барномавӣ ва идораи онҳо, сохтани системаҳои интернетӣ, маъмурии шабакаҳои компютерӣ, нақшакашӣ ва ташкили муассисаҳо (муассисаҳое, ки дар фаъолияти худ IT-хизматрасониҳоро истифода мебаранд).

Сохтани системаҳои иттилоотии интернетӣ ва системаҳои хизматрасонӣ бо истифодаи интернет-технологияҳои ҳозиразамон.

  1. Бакалаври тахассуси 1-40010103 – «Системаҳои компютерии бонкӣ»

Ҳамчун хатмкунандаи ихтисоси 1-40010103 доштани тассавурот оиди воситаҳо ва тарҳрезии системаҳои иттилоотии бонкии ҳозиразамон ва инчунин таҳияи таъминоти барномавӣ барои автоматикунонии равандҳои истеҳсолии низоми бонкӣ. Назорати равандҳои санҷиш ва воридоти ҳуҷҷатҳои пардохткунандаи мизоҷон; сифатҳои коркарди автоматикунонии намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои пардохткунанда; ҷиҳатҳои технологии бизнеси пластикӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ аз рўи назараи фаъолияти автоматикунонии бонкӣ.

Истифодаи санадҳои меъёрӣ ҳангоми лоиҳакашии автоматикунонии системаи бонкӣ; дар амал истифода кардани малакаҳои корӣ бо дастаи барномаҳои амалии универсиалӣ барои автоматикунонии масъалаҳои бонкӣ; истифодаи намудҳои гуногуни системаи «Интернет-бонк».

Зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои омодагии факултети муштарак ба инобат гирифта шудааст, ки донишҷўёни факултети мазкур метавонанд дар ду марҳила, яъне дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (то 2 сол) ва баъд аз он ба Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя интиқол дода шаванд, ки таҳсил дар ҳар ду давра дар асоси шартнома сурат мегирад. Таҳсил  дар Украина метавонад бо забонҳои русӣ, украинӣ ва англисӣ сурат гирад, ки донишҷўён дар интихоби забони таҳсил озод мебошанд. Зимни созишномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расида шудааст, ки байни марказҳои таълимии ҳамкор барномаи ҷустуҷў ва дастгирии донишҷўён ва олимони ҷавон таҳия гардида, аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя амалӣ мегардад.

       3.Бакалаври тахассуси  1-40010102 – Системаҳои автоматикунонидашуда

Ин ихтисос барои шахсоне тавсия дода мешавад, ки математика ва барномасозиро дуст медоранд, мехоҳад озодона воситаҳои техникаи ҳисоббарори муосир ва таъминоти барномавӣ, технологияҳои шабакавии андозаҳои гуногун: аз локалӣ то глобалиро аз худ кунад.

Мутахассиси соҳаи системаҳои автоматикунонӣ барои ҳалли маҷмӯъи масъалаҳои лоиҳакашӣ ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ тайёр карда мешавад. Ба гурӯҳи масъалаҳо инҳо дохил мешаванд: давраи таҳлили системавӣ ва ташкили таҳияи системаи иттилоотӣ; таҳия ва ҳамроҳкунии манбаи додашудаҳо, инчунин таъминоти барномавӣ ва техникӣ бо усулҳои муосир ва воситаҳои нави автоматикунонии лоиҳакашӣ.

Донишҷӯёни ин равия чунин манбаи донишҳоро аз худ мекунанд:

  • Техникаи ҳисоббарори муосир, система ва шабакаҳои компютерӣ, таъминоти барномавии математикӣ ва иттилоотӣ;
  • Тарзҳо ва усулҳои лоиҳакашӣ, дарёфти хатогиҳо ва иҷрои воситаҳои барномавию техникӣ;
  • Асосҳои назариявии информатика, моделронии математикию компютерӣ;
  • Назарияи идоракунии автоматикунонии корхонаҳо бо истифодаи воситаҳои иттиллоотию-техникии ҳозиразамон;
  • Технологияҳои ташкили шабакаҳо бо татбиқи маълумотҳои таълимии ширкати CISCO;

Дар натиҷаи омӯзиш хатмкунанда чунин донишро аз худ мекунад:

  • Аз худ кардани малакаҳои таҳияи воситаҳои барномавӣ бо истифодаи технологияҳои барномавии муосир;
  • Ба даст овардани малакаҳо оиди сохтани воситаҳои барномавӣ дастгоҳӣ ва системаи автоматикунонӣ ва идораи автоматикунонӣ;
  • Соҳиб гаштани малакаҳои таҳлил ва истифодаи моделҳои иттилоотӣ ва равандҳо бо истифодаи таъминоти барномавии муосир;
  • Омӯхтани идораи IТ-лоиҳаҳо.

Бо кор таъминкунӣ:

Баъд аз хатми ин ихтисос хатмкунанда бо муваффақият метавонад ба вазифаҳои зерин фаъолият кунад:

  • Барномасоз, муҳандис, мутахассис оиди таъмини сифати барномавӣ;
  • мушовир, таҳлилкунанда, нависандаи техникӣ, мутахассис оиди нигоҳдории техника;
  • менеҷери IT-лоиҳаҳо, роҳбари шӯъба, IT -роҳбар.

Дастовардхои факултет

  • Дар Форуми байналмилалии «Ҷалби дастовардҳои зеҳнӣ ва лоиҳаҳои инноватсионии ҷавонон барои рушди маҳалҳои Тоҷикистон» аз тарафи донишҷўёни факултет зиёда аз 40 номгўй лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия гардиданд.
  • Дар соли сипаригашта факултети муштараки тоҷикӣ – украиниро 108 нафар донишҷўён бо дараҷаи академии бакалави техника ва технология хатм намуданд, ки 4 нафари онҳо сазовори дипломи аъло дониста шуданд, аз ҷумла , як нафар тибқи квотаи Президентӣ.
  • Муродова Шаҳло Сангинмуродовна – муаллими калони кафедраи пешбари системаҳои компютерӣ ва интернет – технологияҳо таҳияи рисолаи номзадиашро барои соҳиб гардидан ба дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рўи мавзўи “Циклические инновационные педагогические модули и технологии оценки конкурентноспособности студента в вузе”, рамзи 13.00.01- Педагогика , педагогикаи умумӣ, таҳти роҳбарии д.и.п., проф. Шоҳиён Н.Н. ба охир расонида, нусхаи авторефераташ чоп гардид. Дар давоми соли сипаригашта аз тарафи ў ду мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА ФР эътирофшуда ва чор мақолаи илмӣ дар Паёми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва маҷалаҳои дигар макобитҳои олӣ аз чоп баромад.
  • Устодону омўзгорони кафедраҳои факултет 20 номгӯй дастурҳои таълимӣ – методӣ ва 17 мақолаҳои илмӣ аз чоп бароварданд;
  • Дар чаҳорчўбаи ҳамкорӣ бо таълимгоҳҳои олии Украина дар давоми сол ду нафар мутаххасисони варзидаи соҳа, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи миллии хоҷагидории об ва истифодабарии табиати шаҳри Ровнои Ҷумҳурии Украина – Савина Наталия Борисовна ва номзади илмҳои техникӣ, дотсенти донишгоҳи мазкур – Степанченко Ольга Николаевна ба донишҷўёни курсҳои болоӣ аз фанҳои тахассусӣ дарс доданд.
  • Китоби дарсӣ аз фанни «Ҳуқуқ», ки бо Қарори мушовараи ВМ ва И ҶТ ба сифати китоби дарсӣ барои донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия карда шудааст, таҳти муаллифии н.и.ҳ, дотсент, мудири кафедраи навтаъсиси ҳуқуқшиносии инноватсионӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ Нодиров Ф. аз чоп баромад.
  • Дар сатҳи кафедраи тахассусии системаҳои компютерӣ ва интернет – технологияҳо дар раванди иҷрои корҳои семестрӣ Ҳукумати электронӣ пурра татбиқ гардид.
  • Бо мақсади ба талаботи бозор мувофиқ гардонидани малакаи тахассусии хатмкунандагон дар соли сипаригашта дар ҳамаи гурўҳҳои курси 3-юм ва 4-ум таълими фанни “Технологияи шабакавии Cisco” ба роҳ монда шуд.
  • Нуралиев Ш.Н.-донишҷўи курси 2-юми ихтисоси 140-010101тА: қаҳрамони бисёркарати ҷумҳурӣ, қаҳрамони чоркаратаи ш.Душанбе, унвони устоди варзиши ҶТ оид ба шоҳмот.

Тибқи фармони №865 аз 25.05.2011-и Вазорати маориф ва илм, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Украина дар замимаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази муштараки таҳсилоти фосилавӣ таъсис дода шуд.
Дар сохтори факултет се кафедра фаъолият менамоянд:
-кафедраи системаҳои компютерӣ ва интернет-технологияҳо,
-кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва рушди шахсият
-кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш
 Факултет дар бинои нави ҳозиразамон ҷойгир шуда, синфхонаю озмоишгоҳҳои он бо техникаи муосир ҷиҳозонида шудаанд.

Дар назди кафедраҳои факултет  якчанд мактаби илмӣ, семинарҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва маҳфилҳои илмӣ-маърифатӣ амал менамоянд, ки дар замимаи онҳо донишҷўён мунтазам бо таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва тадқиқи мавзўъҳои илмӣ машѓул мебошанд.
Факултет бо як қатор муассисаҳои бонуфузи соҳаи иттилоотӣ, коммуникатсионии кишвар ҳамкориҳои судманд дорад.
Бо кўшиши кормандони факултет мунтазам конференсияҳои илмӣ – амалӣ, мизҳои мудаввар ва семинар – тренингҳо оиди тадбиқи технологияҳои иттилотӣ гузаронида мешаванд.
Соли ҷорӣ донишҷўёни факултет дар аввалин форуми байналмиллалии «Ҷавонон- нерўи рушди зеҳнии кишвар» фаъолона ширкат варзида, бо як қатор лоиҳаҳои инноватсионӣ симои интеллектуалии донишгоҳро муаррифӣ намуданд.

001

002

Нуралиев Ш.Н.-донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси 140-010101тА: қаҳрамони бисёркарати ҷумҳурӣ, қаҳрамони чоркаратаи ш.Душанбе, унвони устоди варзиши ҶТ оид ба шоҳмот.