Инженерно-технологический факультет

Факултети муҳандисӣ технологи

ТАЪРИХИ ТАШКИЛ ВА РУШДИ  ФАКУЛТЕТ

Сентябри соли 1990 дар Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) кафедраи Кимиё таъсис ёфт, ки он барои тайёр намудани мутахассисони  соҳаи саноати хӯрокворӣ равона карда шуда буд. Соли 1991 бо мақсади ташкил додани кафедраи тахассуси тағйиротҳои сохтори гузаронида шуд, ки дар он кафедраи Кимиё ба ду кафедра: «Кимиё» ва «Технологияи саноати хӯрокворӣ» тақсим карда шуд. Бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05.12. 1996с. ва фармони ректор таҳти № 250/ОХ аз 25.12.1996с. – Депатаменти илм ва технологияи маводи хӯрока(раиси Департамент н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд) таъсис ёфт, ки ба он кафедраҳои навтаъсиси «Кимиё ва Биокимиё» (мудири кафедра н.и.б., дотсент Бобоҷонова Х.И. таъин шуд)   ва  «Технологияи саноати хурокворӣ»(мудири кафедра н.и.к., дотсент Юсупов Ш.Т. таъин шуд) шомил гашт. Факултети Муҳандисӣ-технологӣ бо қарори Шӯрои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 05. 09. 2003с. таъсис ёфт ва декани факултет номзади илмҳои техникӣ, дотсент Ҳакимов Ғ.Қ. таъин шуд. Номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Қурбонов Ф.Б. аз ноябри соли 2009 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи декан ва аз 01.01.2010 декани факултет таъин гардид.

Қурбонов Файзали Бобоевич

Декани факултет

Номзади илмҳои техникӣ

Дотсент

Faizali_58@mail.ru

 

 

 

 

01

Садикова Ситора Абдуракибовна

 06 феврали соли 1987 таваллуд шудааст, унвонҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Соли 2009 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси технологияи маводи туршшаванда ва шароббарорї бо дипломи аъло хатм намудааст.

Аз фанҳои таълимии зерин дарс медиҳам:

  • Технологияи истеҳсоли шароб;
  • Технологияи истеҳсоли ликёру арақ;
  • Технологияи истеҳсоли нушокиҳои ғайриалкоголӣ;
  • Квалиметрия ва идораи сифати маҳсулот;
  • Асосҳои дизайн ва техникаи ченкунӣ;
  • Технологияи умумии соҳаи хӯрока;
  • Техника ва таҷҳизот дар соҳаи хӯрока

 

Муалифи дастури таълимӣ

  • Курбонов Ф.Б. Хушматов А.Т. Садикова С.А., Пирмахматова Н.А. Назорати технокимиёвии истехсоли шароб в ликёру арак. 

Патентҳо: 

  • Хушматов А.Т., Ҷумаев А.Т. Патент РТ TJ 63 от 06.04. 2007с. Вино белое сухое столовое «Шоми Душанбе»
  • Хушматов А.Т., Азонов Ҷ, Джумаев А.Т., Мухамедиев Н.П., Абдуллаева М. Патент РТ TJ470   от 27.10.2011с. Марҳами «Сомонӣ»

Ихтисосҳо

  1. 1-36090101 – Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ;
  2. 1-36090102 – Таҷҳизоти корхонаҳои коркарди маҳсулоти ғаллагӣ;
  3. 1-36090104-Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, ва маводи ғизоии консентронидашуда;
  4. 1-36090105 – Таҷҳизоти саноати шароббарорӣ;
  5. 1-36090106 – Таҷҳизоти саноати гӯштию ширӣ;
  6. 1-490101 – Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи хӯрока аз растанӣ;
  7. 1-490102 – Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи чорво;
  8. 1-910101 – Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки омма.
  9. 1-54-01-01-05 – Метрология,  стандартизатсия ва сертификатсия самти хӯрока

Сохтори раёсати Факултети Муҳандисӣ-технологӣ

Ба факултети муҳандисӣ-технологӣ мутобиқи банди 9 Низомномаи Донишгоҳ декан аз тарафи ректор таъин карда мешавад. Фаъолияти худро раёсати  ФМТ аз рӯи чунин сохтор пеш мебарад.

Декани ФМТ – Қурбонов Файзалӣ Бобоевич, номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент;

Ҷонишини декан оид ба таълим– Зиёвадинов Сӯҳроб Субхонидинович, саромӯзгори кафедраи МваДИМХ;

Ҷонишини декан оид ба илм ва инноватсия – Содиқова Ситора Абдурақибовна, саромузгори кафедраи ТИМХ;

Ҷонишини декан оид ба тарбия – Самадов Исломиддин Шуришович, ассистенти кафедраи Кимиё;

Мудири кафедраи МваДИМХ – Мирзоев Гулмаҳмад Холович, номзади илмҳои техникӣ;

Мудири кафедраи ТИМХ – Хушматов Азимҷон Тоирович, номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент;

Мудири кафедраи Кимиё – Шарипова Мавзуна Баҳридиновна, номзади илмҳои кимиё.

Кафедраҳои факултет

Кафедраи Мошин ва дастгоҳҳои маводи хӯрока (МваДИМХ) ҳамчун тайёркунандаи мутахассисон аз рӯи равияи 1-360901 – Дастгоҳҳои технологӣ ва таҷҳизот:

ихтисосҳои

  • 1-36090101 – Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти хӯрокворӣ;
  • 1-36090102 – Таҷҳизоти корхонаҳои коркарди маҳсулоти ғаллагӣ;
  • 1-36090104 – Таҷҳизоти корхонаҳои маҳсулоти нонӣ, макаронӣ, ва маводи ғизоии консентронидашуда;
  • 1-36090105 – Таҷҳизоти саноати шароббарорӣ;
  • 1-36090106 – Таҷҳизоти саноати гӯштию ширӣ;
  • 1-54-01-01-05 – Метрология стандартизатсия ва сертификатсия самти хӯрока  фаъолияти хешро пеш мебарад.

Кафедраи технологияи маводи хӯрока (ТИМХ) ҳамчун тайёркунандаи мутахассисон аз рӯи  ихтисосҳои

  • 1-490101 – Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи хӯрока аз растанӣ;
  • 1-490102 – Технологияи нигаҳдорӣ ва коркарди ашёи чорво;
  • 1-910101 – Истеҳсоли маҳсулот ва ташкили хӯроки омма.

фаъолияти хешро пеш мебарад.

 

Кафедраи Кимиё ба донишҷӯёни факултетҳо – ФМТ ва факултети технология ва дизайн (ФТваД) аз рӯи Стандартҳои давлатии таълимӣ тасдиқ шуда, ба равияҳои  1-36 09 01, 1-49 01 01 03, 1- 49 01 01 04, 1- 49 01 01 06, 1-49 01 01 02, 1- 50 01 01 ва ихтисосҳои 1-36 09 01, 1- 91 01 01, 1- 54 01 01 05 курсҳои 1,2 ва 3 ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дарс меомӯзанд.

 

Дар ФМТ аз рӯи ихтисосҳои 05.18.12 – «Равандҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли хӯрока», 05.18.13 – «Технологияи консервакунонии маҳсулоти хӯрока» ва 05.18.17 –«Технологияи маҳсулоти хӯрокаи спиртдор» аспирантонро тайёр мекунад, ки теъдоди онҳо вобаста аз шакли таҳсил чунинанд: 1 нафар шӯъбаи рӯзона, 5 нафар  шӯъбаи ғоибона ва 3 нафар унвонҷӯй.

Дар кафедраҳои ФМТ 23 омӯзгори штатӣ, аз ҷумла 9 омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ дошта фаъолият мекунанд.

Мувофиқи нақшаҳои таълимии тасдиқшудаи донишгоҳ дар кафедраҳои ФМТ аз рӯи 68 фанҳои таълимӣ дарс медиҳанд, аз он ҷумла дарсҳои назариявӣ, амалӣ, озмоишӣ (лабораторӣ) ва факултативӣ барои донишҷӯёни ФТваД – ихтисосҳои 1-54 01 01 04 – Стандартизатсия, метрология ва сертификация ва 1- 50 01 01  – Технологияи саноати сабук; ФИМваИИ ихтисоси 1- 25 01 03 – Иқтисодиёти ҷаҳон; ФММваИ равияи 1- 25 01 04 10 –Иқтисодиёт; ФТКваСИ ихтисосҳои 1- 40 01 01 ва 1- 40 01 02 02  иҷро  намуд.

Теъдоди донишҷӯёни факултет дар санади 1-уми декабри соли 2016 ба 388 нафар баробар расид, ки аз онҳо 24 нафарашон тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд.