Рӯзномаи “Фановар”-и ДТТ

Рӯзномаи “Фановар”, ки муассисаш Донишгоҳи технологии Тоҷикистон мебошад, аз соли 2008 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 0136/рз ба қайд гирифта шудааст.

Вазифаи сармуҳарририи ҳафтаномаро аз давраи таъсисёбиаш то имрӯз аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, афсари интернатсионалист Раҷабалӣ Шарифов ба уҳда дорад.

Аввалин шумораи  “Фановар” 19-уми марти соли 2008 ба табъ расид, ки аксар маводҳои он ба ҷашни “Наврӯз” бахшида шуда буд. Рӯзнома аз рӯзи таъсисёбиаш то ба имрӯз  аз ҳаёти устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ,  инчунин дастовардҳои илмию фарҳангӣ, варзишӣ ва навоварию ихтирооти донишҷӯёну устодон, магистрону аспирантон маводҳои зиёдро рӯи чоп овардааст.