Таърих

Таърихи факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг аз соли 1995 бо ташкили Коллеҷи байналхалқии амрикоӣ оғоз мегардад.  30 августи соли 2007 бо мақсади тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои 060600.01-иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ ва 060600.00 – иқтисодиёти ҷаҳон факултети  байналхалқӣ ташкил ёфта, вазифаи декани факултети мазкурро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Юсупов Мирзо Чулиевич ба  уҳда дошт.  Аз 21 январи  соли 2009 тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои 060600.01-иқтисодиёти ҷаҳон бо назардошти маркетинг ва менеҷменти байналмилалӣ ва 060600.00 – иқтисодиёти ҷаҳон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  таҳти сарварии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Усмонова Тўҳфа Ҷумаевна дар доираи факултети  идоракунии маъмурӣ ва иқтисоди инноватсионӣ давом ёфт.  Аз 1 сентябри соли 2011 номи факултети мазкур ба  факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг табдил дода шуда, то 03 январи соли 2013 вазифаи декани факултет ба дўши профессор Усмонова Т.Ҷ. вогузошта шуда буд. Аз 03 январи соли 2013 то моҳи сентябри соли 2014  номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Негматова Гавҳар Деҳқоновна вазифаи декани факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетингро ба уҳда дошт. Аз 01 сентябри соли 2014 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сатторов Абдурасул Абдуғаффорович вазифаи декани факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетингро ба уҳда гирифтааст. Айни ҳол факултети иқтисоди ҷаҳон ва маркетинг ҳамчун зерсохтори Донишгоҳи технологии  Тоҷикистон барои тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои 1-26020305 – маркетинги байналхалқӣ, 1-25010301 – идораи фаъолияти иқтисодиёти берунӣ ва 1-25010304 -идоракунии сармоягузории хориҷӣ ҷавобгар  мебошад.Таҳсил дар факултет тибқи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин раванди таълим дар ташаккули шахсияти озодандеш, эҷодкор ва созанда имкониятҳои нав ба нав  мекушояд.