Корҳои тарбиявӣ

 Дар моҳҳои апрел ва майи соли равон, бинобар сабаби эълон гардидан «Соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», аз ҷониби Департаменти тарбияи донишгоҳ хатсайрҳои экскурсиявӣ ба маконҳои таърихии мамлакат ташкил карда шуд, ки дар он донишҷӯёни факултети ММ ва И фаъолона ширкат варзида, аз таъриху ниёгони худ бохабар гардида, як ҷаҳон маънавиёти тоза низ гирифтанд.

Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон, дар санаи 20.03.2018с. ҷашни байналмиллалии Наврӯзро, дар гулбоғи донишгоҳ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифт. Тамоми факултетҳои донишгоҳ дар чорабинии мазкур ширкат варзида, дастархонҳои Наврӯзӣ ороста буданд. Донишҷӯёни факултети мо низ дар ин маъракаи фарҳангӣ бо омодагии ҳамаҷониба иштирок намуда, хони 7 сину 7 шин омода намуд.

Дар таърихи 30.01.2018с. бошад донишҷӯёни мо дар маъракаи умумиҷумҳуриявии «Ҷашни Сада» иштирок намуда, маҳсулотҳои хусусию миллии худро ба намоиш гузоштанд.

Дар соли таҳсили 2017 – 2018 аз ҷониби Факултети Менеҷменти молиявӣ ва инноватсионӣ, дар якҷоягӣ бо Департаменти тарбияи Донишгоҳ, як қатор чорабиниҳо, шанбегиҳо, намоишҳои илмию амалӣ, конфронсҳо ва дигар ҷашнвораҳои чи дохилидонишгоҳӣ ва чи умумиҷумҳуриявӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо донишҷӯёни факултети ММ ва И фаъолона иштирок намуданд.

Дар санаи 24.11.2017с. донишҷӯёни ФММ ва И дар якҷоягӣ бо омӯзгорону дигар кормандони факултет дар чорабинии умумиҷумҳуриявии «Рӯзи парчами миллӣ» фаъолона ширкат варзиданд.