Таърих

 Таърихи факултети менеҷменти молиявӣ ва инноватсионӣ ҳанӯз аз даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оғоз мегардад.

Сохтори таълимии мазкур дар соли таҳсили 1991-1992 таҳти номи кафедраи фанҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ арзи вуҷуд намуда, нахустин сарвари он номзади илмҳои иқтисодӣ  К.А.Николаев  буд. Пас аз як сол К.А.Николаевро  дар вазифаи мудири кафедра  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент А. Эргашев иваз намуд.  Ҳамзамон номи кафедра дигар карда шуд ва он акнун кафедраи иқтисодтёт ва идора ном гирифт ва ин ном то соли 1996 бетағйир монд. Сарварии кафедраи мазкур сипас банавбат ба ӯҳдаи дотсентҳо Ҳ. Муҳадбердиев (1993), Р. М. Бобоҷонов (1993-1994) ва М. Шобеков (1994-1996) вогузошта шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар донишгоҳ ҳанӯз соли 1993 факултети маркетинг ва менеҷмент ва дар сохтори он кафедраи иқтисод ва идора таъсис ёфта буд. Вале бинобар танқисии кадрӣ сарварии факултетро мутахассисони дигар соҳа иҷро мекарданд, мудири кафедраи номбурда бошад ҳамасола иваз мешуд. Факултет бо номи маркетинг ва менеҷмент то 7 феврали соли 1995 фаъолият намудааст ва вазифаи декани факултетро номзади илмҳои физикаю-математика Г.Д.Негматова иҷро намудааст.

Дар оғози соли таҳсили 1996-1997 дар асоси кафедраи иқтисод ва идора ду кафедраи мустақил таъсис дода шуданд: кафедраи иқтисод ва ҳуқуқ (мудир н.и.и, дотсент Р.М. Бобоҷонов) ва кафедраи иқтисоди корхона ва фаъолияти соҳибкорӣ (мудир н.и.и., дотсент М.Н.Тошматов). Ҳамон соли таҳсил дар Донишгоҳи технолгии Тоҷикистон, бо назардошти таҷрибаи фаъолияти донишгоҳҳои ИМА, қарор шуд, ки факултет ва кафедраҳоро пароканда намуда ба ҷои онҳо шаш департаменти таълимӣ ташкил карда шаванд ва яке аз он департаментҳо департаменти иқтисодиёт ва бизнес буда сардори он н.и.и., дотсент М.Н.Тошматов таъин гардид. Бояд зикр намуд, ки маҳз баъд аз сардори департамент таъин гардидани М.Н. Тошматов, гузашти айём нишон дод, ки ин иқдом дуруст ва саривақтӣ будааст. У пеш аз ҳама фаъолияти худро аз таҳияи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои иқтисодӣ бо назардошти мукаммал намудан ва ба талаботи иқтисоди бозоргонӣ човобгӯ  будани онҳо оғоз намуд. Дар муддати кӯтоҳ ба кори омӯзгорӣ ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон олимони номдори соҳаи иқтисодиёт таклиф гардиданд, ба монанди академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илми иқтисод, профессор Р.К. Раҳимов, доктори илми иқтисод, профессор Т.Ҷ. Усмонова ва ғайра. Инчунин ба кормандони департамент муяссар гардид, ки аз тамоми фанҳои таълимии равияи иктисодӣ барномаи кориро бо назардошти талаботи иқтисодиёти воқеъии кишвар таҳия намуда онро дар ҷараёни таълим татбиқ намоянд.

Аз 1 сентябри соли 2000 дар заминаи департаменти иқтисодиёт ва бизнес факултети иктисодӣ таъсис дода шуд (декан М.Н.Тошматов). Сипас аз 1 сентябри соли 2001 факултети иқтисодӣ ба факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ табдил дода шудааст (декан М.Н.Тошматов). Аз 1 сентябри соли 2007 бо назардошти ҳамоҳангсозии фаъолияти факултет оид ба тайёр намудани иқтисодчиён ва менеҷерон ба соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ номи факултет ба факултети иқтисодиёт ва менеҷмент иваз карда шуд (декан М.Н.Тошматов).

Дар асоси қарори Шӯрои олимони ДТТ аз 1 феврали соли 2009 дар заминаи факултетҳои иқтисодиёт ва менеҷмент ва факултети байналмилалӣ факултети «Идоракунии маъмурӣ ва иқтисодиёти инноватсионӣ» («Делового админстрирования и инновационной экономики») таъсис дода шуд. Баъд аз зиёда аз як моҳ, яъне, 26 марти соли 2009 дар заминаи факултети «Делового админстрирования и инновационной экономики» ду факултет: менеҷменти молиявӣ ва инноватсинӣ ва «Делового админстрирования и инновационной экономики» таъсис дода шуд. Ба вазифаи декани факултети менеҷменти молиявӣ ва инноватсинӣ н.и.и., дотсент К.П. Дарингов таъин гардид.

Аз 1 сентябри соли 2010 то инҷониб вазифаи декани факултетро н.и.и., дотсент А.Р. Ҳасанов ба ӯҳда дорад. Дар айни замон дар сохтори факултет се кафедра: назарияи иқтисодиёт ва рушди иқтисодӣ (мудири кафедра д.и.и., профессор Т.Ҷ. Усмонова), молия ва қарз (мудири кафедра н.и.и., дотсент Р.Х. Содиқов), иқтисодиёт ва идора (н.и.и., дотсент Н.М. Додоҷонова) барои тайёр намудани мутахассисони иқтисоддон аз рӯи 5 ихтисос мутасаддӣ мебошанд.

Дар тӯъли фаъолияти худ факултет зиёда аз 2800 нафар мутахассисони соҳаи иқтисодиётро ба камол расонидааст, ки онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он фаъолият менамоянд. Хатмкардагони факултет то дараҷаи ходимони давлати, вазир, сарвари корхонахои азими бонкию-моливӣ, роҳбарони шӯъба ва департаментҳои ташкилотҳои бонуфузи молиявии иқтисодии ҷаҳонӣ ба монанди Бонки умумиҷаҳонӣ, Бунёди асрори байналмилалӣ, донишгоҳҳо ва ғайра фаъолият менамоянд. Факултет метавонад бо чунин хатмкардагони худ ифтихор намояд: Каҳоров Ф.С., Мирзоев Т., Холматов М., Колчин В., Сатторов А., Мирзоев Ш., Мухитдинова Ф., Рачабов А., Сангинов И., Саидов М., Ҳасанов С., Тошматова З.,   Шокаримов Б., Мирзоев Ш., Арбобов С.

Факултети менеҷменти молиявӣ ва инноватсионӣ факултети калонтарин ва мақоми яке аз беҳтарин сохторҳои донишгоҳро сохиб шудааст.

Айни замон дар шӯъбаи рӯзонаи факултет зиёда аз 900 нафар донишҷӯён аз рӯи 5 ихтисос дар зинаи бакалавр ва магистратура таҳсил намуда истодаанд. Инчунин дар факултет 8 нафар дар аспирантура ва 2 нафан дар доктаратура аз рӯи ихтисос (Ph.D) корҳои илми-тадқиқотии худро ба итмом расонида истодаанд.

Дар факултет зиёда аз зиёда аз 70 нафар омӯзгорону профессорон  машғулиятҳо  мебаранд, ки аз он ҷумла 1 нафар академики Академияи ванҳои ҶТ, як нафар аъзо-корреспонденти Академияи муҳандисии ҶТ, 7  нафар д.и.и, профессор,  3 нафар н.и.и., профессорон фаъолият ва 13 н.и.и., дотсентон мебошанд.

Факултет фаъолити худро дар чор самт амали менамояд: таълим, тарбия, тадқиқотҳои илмӣ ва инноватсионӣ. Саҳми факултет дар татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар донишгоҳ арзанда мебошад. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет дар дарсҳои худ усулҳои интерактивии таълимро роҳандозӣ намуда дар ин самт чандин маротиба семинар-тренингҳоро барои кормандони донишгоҳ ва дигар муассисаҳои таълимии олии касбии Тоҷикистон гузаронидааст.

Дастовардҳои донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ байни муассисаҳои олии касбӣ дар бахши иқтисодиёт дар донишгоҳ беназир мебошад. Солҳои 2005 (Мухитдинова Ф), 2006 (Мухитдинова Ф), 2010 (Шокаримов Б.), 2013 (Эвазов С.), 2015 (Давлатова З.)  сазовори ҷойи якум ва солҳои 2007 (Мухитдинова Ф), 2009 (Шокаримов Б.) ва соли 2014 (Давлатова З.) сазовори ҷойи  дуюм гаштаанд.

Пояи моддӣ-техникии факултет ҷавобгӯи талаботҳои муосир буда сннфхонаҳо бо воситаҳои электронӣ, компютерҳо, проекторҳо, тахтаи электронӣ, трибунаи электронӣ ҷиҳозонида шудаанд. Инчунин синфхонаи махсусгардонидашуда барои гузаронидани дарсҳои интерактивӣ, маркази инноватсинии ҷавонон фаъолият менамоянд. Инчунин курсҳои сертификатсионӣ дар самти баҳисобгири муҳосибот фаъолият менамояд, ки онро зиёда аз 470 нафр хатм намуда соҳиби сертификат гардидаанд.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти факултет ин тадқиқотҳои илмӣ мебошад. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет 3 кори илмӣ тадқиқотие, ки аз ҳисоби буҷети давлати маблағгузорӣ шудааст ба итмом расонидаанд: «Инвестиционная политика и проблемы инвестиционного комплекса РТ» (2001-2005, науч. руководитель к.э.н., доц. М.Н.Тошматов), «Управление инвестиционным потенциалом в РТ» (2006-2010, науч. руководитель к.э.н., доц. М.Н.Тошматов) ва «Финансовое обеспечение ускоренного развития национальной экономики РТ» (2009-2013, науч. руководитель к.э.н., доц. А.Р.Хасанов).

Дар айни замон  факултет оид ба мавзӯъҳои «Масъалаҳои рушди иқтисоди гузариш дар ҶТ», «Масъалаҳои ташаккул ва инкишофи бозори меҳнат дар ҶТ», «Сиёсати сармоягузори ва ҷалби сармоя дар ҶТ», «Финансовое обеспечение развития экономики и устойчивость государственных финансов РТ», «Управление хозяйственными рисками в промышленных предприятиях РТ», «Бехатарии озуқоворӣ дар ҶТ», «Хусусият, замина, мушкилот ва роҳҳои ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ дар ҶТ» ва ғайра корҳои тадқиқоти бурда шуда истодааст.

Самти муҳими фаъолияти факултет ин иштирок дар лоиҳаҳои байналмилалии таълимӣ мебошад. Ҳайати профессорону омӯзгорони факултет дар барномаҳои Тempus, Erasmus+,CAEP (Central Asia Education Platform), ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо  маблағгузорӣ мешавад ва   GIZ (Олмон) фаъолона иштирок варзида дар тренингу семинарҳо иштирок намуда малака, дониш, касбияти худро такмил медиҳанд.  Бо ҳамоҳангсозии профессор М.Н.Тошматов мутобиқи барномаи Тempus 4 лоиҳаи SWAN: Sustainable Water Resources Management татбиқ гардидааст, ки дар натича барномаи магистратура аз рӯи ихтисоси «Экономика и управление водными ресурсами» амали шуда, инчунин Маркази тадқиқотҳои захираҳои обӣ ташкил карда шудааст. Айни замон лоиҳаи MIND: Management Innivation Development дар доираи барномаи Erasmus+ «Баланд бардоштани иқтидори маълумоти олӣ» амали шуда истодааст. Бо дастгирии лоиҳа Маркази инноватсионии ҷавонон бо мақсади омӯзиш ва рушди малакаи соҳибкорӣ ва инноватсонии донишҷӯён ташкил карда шудааст. Марказ бо таҷҳизотҳои муосири электонию таълимӣ ҷиҳозонида шудааст.

Дар ташаккул ва рушди факултет дар солҳои гуногун саҳми деканҳои факултет Негматова Г.Д., ТошматовМ.Н., Дарингов К.П., Усмонова Т.Ҷ, Ҳасанов А.Р. бузург мебошад. Хусусан саҳми профессор Тошматов М.Н., ки факултетро 13 сол сарвари кардааст назаррас мебошад.

Дар равнақи таълиму тарбия, амали намудани нақшаҳои таълим, таъмин намудани ҷараёни таълим бо маводҳои таълимӣ дар факултет саҳми мудирони кафедраҳо Николаев К, Эргашев А., Мухатбердиев Р., Бобоҷонов Р., Шобеков М., Дарингов К.П., Қиёмиддинов Ҳ., Наҷмиддинов Б., Бегмуродов С., Сангинов С., Сатторов А., Содиқов Р., Додоҷонова Н.  ки дар солҳои гуногун вазифаи мудири кафедраро иҷро намудаан арзанда мебошад.