Ихтисосҳо

 Факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ система ва технологияҳои компютерӣ аз рўи ихтисосҳои зерин мутахасисонро тайёр менамояд.

  1. Бакалаври тахассуси 1-40010101 – «Системаҳои компютерӣ ва интернет – технология»

Ҳамчун хатмкунандаи ихтисоси 1-40010101 иҷро кардани масъалаҳои гуногуни лоиҳакашӣ, барномасозӣ, татбиқи таҷҳизотҳои техникию барномавӣ ва идораи онҳо, сохтани системаҳои интернетӣ, маъмурии шабакаҳои компютерӣ, нақшакашӣ ва ташкили муассисаҳо (муассисаҳое, ки дар фаъолияти худ IT-хизматрасониҳоро истифода мебаранд).

Сохтани системаҳои иттилоотии интернетӣ ва системаҳои хизматрасонӣ бо истифодаи интернет-технологияҳои ҳозиразамон.

  1. Бакалаври тахассуси 1-40010103 – «Системаҳои компютерии бонкӣ»

Ҳамчун хатмкунандаи ихтисоси 1-40010103 доштани тассавурот оиди воситаҳо ва тарҳрезии системаҳои иттилоотии бонкии ҳозиразамон ва инчунин таҳияи таъминоти барномавӣ барои автоматикунонии равандҳои истеҳсолии низоми бонкӣ. Назорати равандҳои санҷиш ва воридоти ҳуҷҷатҳои пардохткунандаи мизоҷон; сифатҳои коркарди автоматикунонии намудҳои гуногуни ҳуҷҷатҳои пардохткунанда; ҷиҳатҳои технологии бизнеси пластикӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ аз рўи назараи фаъолияти автоматикунонии бонкӣ.

Истифодаи санадҳои меъёрӣ ҳангоми лоиҳакашии автоматикунонии системаи бонкӣ; дар амал истифода кардани малакаҳои корӣ бо дастаи барномаҳои амалии универсиалӣ барои автоматикунонии масъалаҳои бонкӣ; истифодаи намудҳои гуногуни системаи «Интернет-бонк».

Зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои омодагии факултети муштарак ба инобат гирифта шудааст, ки донишҷўёни факултети мазкур метавонанд дар ду марҳила, яъне дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (то 2 сол) ва баъд аз он ба Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя интиқол дода шаванд, ки таҳсил дар ҳар ду давра дар асоси шартнома сурат мегирад. Таҳсил  дар Украина метавонад бо забонҳои русӣ, украинӣ ва англисӣ сурат гирад, ки донишҷўён дар интихоби забони таҳсил озод мебошанд. Зимни созишномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расида шудааст, ки байни марказҳои таълимии ҳамкор барномаи ҷустуҷў ва дастгирии донишҷўён ва олимони ҷавон таҳия гардида, аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя амалӣ мегардад.

3.Бакалаври тахассуси  1-40010102 – Системаҳои автоматикунонидашуда

Ин ихтисос барои шахсоне тавсия дода мешавад, ки математика ва барномасозиро дуст медоранд, мехоҳад озодона воситаҳои техникаи ҳисоббарори муосир ва таъминоти барномавӣ, технологияҳои шабакавии андозаҳои гуногун: аз локалӣ то глобалиро аз худ кунад.

Мутахассиси соҳаи системаҳои автоматикунонӣ барои ҳалли маҷмӯъи масъалаҳои лоиҳакашӣ ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ тайёр карда мешавад. Ба гурӯҳи масъалаҳо инҳо дохил мешаванд: давраи таҳлили системавӣ ва ташкили таҳияи системаи иттилоотӣ; таҳия ва ҳамроҳкунии манбаи додашудаҳо, инчунин таъминоти барномавӣ ва техникӣ бо усулҳои муосир ва воситаҳои нави автоматикунонии лоиҳакашӣ.

Донишҷӯёни ин равия чунин манбаи донишҳоро аз худ мекунанд:

  • Техникаи ҳисоббарори муосир, система ва шабакаҳои компютерӣ, таъминоти барномавии математикӣ ва иттилоотӣ;
  • Тарзҳо ва усулҳои лоиҳакашӣ, дарёфти хатогиҳо ва иҷрои воситаҳои барномавию техникӣ;
  • Асосҳои назариявии информатика, моделронии математикию компютерӣ;
  • Назарияи идоракунии автоматикунонии корхонаҳо бо истифодаи воситаҳои иттиллоотию-техникии ҳозиразамон;
  • Технологияҳои ташкили шабакаҳо бо татбиқи маълумотҳои таълимии ширкати CISCO;

Дар натиҷаи омӯзиш хатмкунанда чунин донишро аз худ мекунад:

  • Аз худ кардани малакаҳои таҳияи воситаҳои барномавӣ бо истифодаи технологияҳои барномавии муосир;
  • Ба даст овардани малакаҳо оиди сохтани воситаҳои барномавӣ дастгоҳӣ ва системаи автоматикунонӣ ва идораи автоматикунонӣ;
  • Соҳиб гаштани малакаҳои таҳлил ва истифодаи моделҳои иттилоотӣ ва равандҳо бо истифодаи таъминоти барномавии муосир;
  • Омӯхтани идораи IТ-лоиҳаҳо.