Таърих

Бо назардошти ҳуҷҷатҳои баимзорасидаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина, ки аз сафарҳои расмии Президенти Украина Ющенко А.В. ба Тоҷикистон (тайи рӯзҳои 6-7-ми марти соли 2008) ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Украина (тайи 5-7-ми декабри соли 2008), инчунин мувофиқа бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 74 аз 26-уми июни соли 2008 дар назди Донишгоҳи технологии Тоҷикистон факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ бо номи «Идораи кормандон ва технологияи муосири пешбаранда» таъсис дода шуд, ки он аз 1-уми сентябри соли 2008 ба фаъолият шурӯъ намуд.

Донишгоҳ бо пешниҳоди Маркази украинии давлатии таҳсилоти байналмилалии Украина назди Вазорати маориф ва илми Украина таъсиси факултети навро дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя муфид шуморид, ки пас аз мувофиқаи самти тайёр намудани мутахассисон номи ӯро чунин муайян намуд: «Идораи кормандон ва технологияи муосири пешбаранда».

Таъсиси факултети муштарак дар Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя муҳокима гардида, ҳуҷҷатҳои лозимӣ оид ба ин мавзӯъ ба имзо расиданд.

Зимни таҳияи ҳуҷҷатҳои омодагии факултети муштарак ба инобат гирифта шудааст, ки донишҷӯёни факултети мазкур метавонанд дар ду марҳила, яъне дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (то 2 сол) ва баъд аз он ба Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя интиқол дода шаванд, ки таҳсил дар ҳар ду давра дар асоси шартнома сурат мегирад ва нархи шартнома дар Тоҷикистон – аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва дар Украина – аз ҷониби Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя муайян мегардад. Таҳсил дар Украина метавонад бо забонҳои русӣ, украинӣ ва англисӣ сурат гирад, ки донишҷӯён дар интихоби забони таҳсил озод мебошанд.

Донишҷӯёни факултети номбурда натанҳо ба Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя, инчунин ба дигар марказҳои таълимии Украина метавонанд дар асоси мувофиқаи тарафайн таҳсили хешро давом диҳанд ва мутасаддии ҳалли ин масъала Маркази украинии давлатии таҳсилоти байналмилалии Украина назди Вазорати маориф ва илми Украина мебошад.

Зимни созишномаи ҳамкорӣ ба мувофиқа расида шудааст, ки байни марказҳои таълимии ҳамкор барномаи ҷустуҷӯ ва дастгирии донишҷӯён ва олимони ҷавон таҳия гардида, аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии техникии Тернопол ба номи Иван Пулюя амалӣ мегардад.

Ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ, аз он ҷумла «Низомнома дар бораи факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ», нақшаҳои таълимӣ ва ғайра таҳия карда шуда, аз ҷониби вазоратҳои мутасаддии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина зимни сафарҳои хизматии ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон н.и.т., д.и.п., профессор Шоев Нуралӣ Наботович (тайи рӯзҳои 17-25 майи соли 2008) ва собиқ декани факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ н.и.т., дотсент Ҷаъфаров Сабзалӣ Файзалиевич (тайи рӯзҳои 14-21 декабри соли 2008)  мувофиқа ва тасдиқ карда шуданд.

Аз 01.09.2009 то 01.09.2010 роҳбарии факултет ба зимаи н.и.и. -Пулатов Ҳабиб Насимович, аз 01.09.2010 то 25.02.2014 года факултетро  н.и.ф.м., дотсент Юсупов Мирзо Чулиевич, аз 25.02.14. то 01.09.14. – н.и.и. Сатторов Абдурасул Абдуғаффорович сарварӣ намуда буданд. Аз 01.09.2014 то айни ҳол вазифаи декани факутет ба зиммаи н.и.ф.-м. и.в.дотсент  Негматова Гавҳар Дехкановна вогузошта шудааст.

Пас аз гирифтани иҷозати расмӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба факултети муштараки тоҷикӣ-украинӣ барои соли таҳсили 2008-2009 – 77 нафар донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои 220200 – «Автоматизатсия ва технологияҳои ба компютер интегриронидашуда» ва 061100 – «Менеҷмент» қабул карда шуданд.

Аз 1 сентябри соли 2014 ҳамкориҳои ДТТ бо Академияи муҳандисӣ – омӯзгории Украина дар шаҳри Харков оғоз гардид.

Аз  моҳи августи соли 2015 бо як қатор Донишгоҳҳои бонуфузи  Украина,  аз ҷумла – Донишгоҳи миллии хоҷагидории об ва истифодабарии табиат (ш. Ровно), Донишгоҳи миллии техникии Лутск (ш. Лутск), Донишгоҳи давлатии молиявӣ-иқтисодии Буковин (ш. Буковин), Донишгоҳи миллии иқтисодии Харков ба номи Семена Кузнетса (ш.Харков) оид ба ҳамкорӣ  ва қабули донишҷӯён ба таҳсилоти зинавӣ Меморандум ва шартномаҳо ба имзо расиданд.

Тибқи қарори Шӯрои Олимони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (суратҷаласаи №2 аз 24.10 соли 2016) бо фармони № 85/ХУ аз 31.10 соли 2016 номи факултет ба «Система ва технологияҳои компютерӣ» табдил дода шудааст.

Айни ҳол дар сохтори факултет 2 кафедра фаъолият менамояд: кафедраи  системаҳои компютерӣ ва Интернет – технологияҳо ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ.

Кушодашавии бинои таълимии факултет бо ширкати Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти ҶТ

мӯҳтарам Э.Раҳмон, 01 сентябри соли 2011

Мулоқоти фосилавӣ бо таълимгоҳҳои олии Украина бо ширкати Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти ҶТ

мӯҳтарам Э.Раҳмон, 01 сентябри  соли 2011