Департаменти илм ва татбиқот мутассадии асосии баланд бардоштани нерӯи зеҳнии донишгоҳ, филиал ва дигар ҷузҳои сохтории он аз нигоҳи тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ буда, кафолати  муфиднокии фаъолияти аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра ва факултетҳоро таъмин менамояд, роҳҳои ҳавасмандгардонии дар мӯҳлатҳои нишондодашуда ҳимоя намудани рисолаҳои номзадӣ ва докториро ҷустуҷӯ намуда, онро дар амал татбиқ менамояд ва фаъолияти докторантураи PhD-ро ҳамоҳанг месозад. Консепсияи ташкил намудани технопаркҳо, озмоишгоҳҳои фаннӣ ва гузаронидани корҳои илмӣ-татқиқотиро дар раванди омӯзиши фанҳо ва ҷалб кардани донишҷӯёну омӯзгорон ба фикрронии инноватсионӣ, навоварию эҷодкорӣ, дар сатҳи кафедра ва факултетҳо ташкил намудани маҳфилҳои эҷодии худтакмилдиҳии донишҳои касбиро таъмин менамояд. Дар асоси пешниҳоди факултетҳо барномаи таҷрибаомӯзии техникӣ, технологӣ ва истеҳсолиро ташкил намуда, бо корхонаҳои саноатӣ шартномаҳои ҳамкориро ба имзо мерасонад.

Аз рӯзи таъсисёбии Коллеҷи олии технологии саноати сабук ва хӯрокаи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи технологии Тоҷикистон) дар сохтори он Департаменти илм ва татбиқот таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Наҷмиддинов С. Ҳ.  соли 1990 бо фармони собиқ ректори коллеҷи олии технологӣ Пӯлодов П.А. ба вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ ба уҳда дошт. Баъдан дар соли 1992 н.и.ф.-м., дотсент Ашӯров С.Б. аввал ба вазифаи проректор оид ба илм ва сипас ба вазифаи проректор оид ба таълим ва фаъолияти илмӣ таъин гардид.

Дар соли таҳсили 1993-94 ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳ аллакай соҳиби иқтидори илмӣ гашта, зарурати муаррифӣ намудани ин иқтидор пеш омад. Бо ин мақсад н.и.т., дотсент Шоев Н.Н. ба вазифаи проректор оид ба илм таъин гардида бо пешниҳоди моҳи феврали соли 1994 масъалаи таъсис додани «Маҷмааи корҳои илмии ДТТ» бо баровардани 2 маротиба дар як сол ба миён омад. Ин иқдом ба мақсади баланд бардоштани мақоми илм дар фаъолияти донишгоҳ ва кормандони он равона гашта буд. Акнун омӯзгорон, махсусан мутахассисони ҷавон имкон пайдо карданд, ки дар маҷмааи мазкур мақолаҳои илмии хешро чоп кунанд ва дар рушди касбии худ ҳамчун олимони оянда замина гузоранд.

Солҳои 1995-1997 ба вазифаи проректор оид ба илм н.и.ф.-м., профессор Ли И. Н., таъин гардид.

Тайи солҳои 1997-2000 дар вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ д.и.и., профессор Усмонова Т.Ҷ. фаъолият кардааст.

Бо мақсади ҷоннок намудани фаъолият дар самти тарбия кардани кадрҳои илмӣ аз 1 ноябри соли 1999 дар назди донишгоҳ шӯъбаи аспирантура кушода шуд. Акнун омӯзгорони донишгоҳ, пеш аз ҳама мутахассисони ҷавон имкон пайдо намуданд, ки дар машғулиятҳои мақсаднок аз фанни «Забони хориҷӣ» ва «Фалсафа» иштирок намуда, имтиҳонҳои минимуми номзадиро аз ин фанҳо бевосита дар донишгоҳ супоранд. Дар тӯли солҳои фаъолияти аспирантура даҳҳо нафар аспирантон ва ӯнвонҷӯён аз чунин имконият истифода бурданд.

Ба вазифаи проректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ аз 16.10.2000 то 2009 д.и.т., профессор Азизов Б. С. фаъолият намудааст.

Тайи солҳои 2009-2019 дар вазифаи проректор оид ба илм ва татбиқот номзади илмҳои техникӣ, и.в. профессор Ҳакимов Ғ.Қ. фаъолият кардааст.

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон тибқи Иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2016 барои тайер намудани доктор (PhD) аз рӯи ихтисос, аз рӯи 7 самт ва 10 равия қабули довталабонро ба докторантура (PhD) оғоз намуд.

Аз 01.02.2019 то ҳол доктори илмҳои техникӣ, и.в. профессор, академики Академияи байналмилалии таҳсилоти аграрӣ Ғафоров А.А. ба ҳайси муовини ректор оид ба илм ва татбиқот фаъолият дорад.

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ВА ДОКТОРӢ ДАР СОЛҲОИ 1999 – 2019

Рисолаҳои номзадӣ

Саромӯзгори кафедраи система ва технологияҳои иттилоотӣ Абдуллоев Умарҷон Ҳабибуллоевич санаи 16.03. с. 2019 дар Шӯрои диссертатсионии Д 999.020.02 назди  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Формирование и развитие регионального строительного класстера”  барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ  (08.00.05– иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ) бомуваффақият дифоъ намуд.

Ассистент кафедраи иқтисодиёт ва идора Хошмухамедова Парвина Сунатуллоевна санаи 30.03. с. 2019 дар Шӯрои диссертатсионии Д Д 999.031.03 назди Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Мобильность рабочей силы и ее влияние  на рынок труда (на материалах Республики Таджикистан)”  барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ  (08.00.05– иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ) бомуваффақият дифоъ намуд.

Саромӯзгори кафедраи мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли маводи хӯрока Назаров Шуҳратҷон Абдуғуломович  санаи 17.04. с. 2019 дар Шӯрои диссертатсионии Д 047.003.03 назди  Институти химия ба номи В.И. Никитини АИ ҶТ рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Физико-химические свойства алюминиевого сплава Al+6%Li с редкоземельными металлами (Y,La,Ce,Pr,Nd)”  барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ  (02.00.04– кимиёи физикӣ) бомуваффақият дифоъ намуд.

Саромӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идора Досиев Махмадшоҳ Назарович  санаи 20.04. с. 2019 дар Шӯрои диссертатсионии 6Д КОА.020. назди  Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Особенности формирования и развития экологического предпринимательства”  барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои иқтисодӣ  (08.00.05– иқтисодиёт ва идораи хоҷагии халқ) бомуваффақият дифоъ намуд.

Ассистенти кафедраи химия Тураева Гулноз Нормаматовна  санаи 30.04. с. 2019 дар Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА.039. назди  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Истифодаи пайвастаҳои фенолии табиӣ дар технологияи маҳсулоти хўрокаи  равғандор”  барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ  (05.18.06 – Технологияи чарбҳо, равғанҳои эфирӣ ва маҳсулоти атриёту косметикӣ) бомуваффақият дифоъ намуд.

Саромӯзгори Донишкадаи технология ва менељменти инноватсионӣ дар шаҳри Кўлоби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Сафаралиев Маҳмадалӣ Давлаталиевич  санаи 30.04. с. 2019 дар Шӯрои диссертатсионии 6Д.КОА.039 назди  Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Такмили технология ва ташаккули микроиқлими оптималӣ љиҳати нигоҳдошти картошка (дар шароити ҷумҳурии тоҷикистон)”  барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои техникӣ  (05.18.01 – Технологияи коркард, нигоҳдорӣ ва коркарди хўшагиҳо, лўбиёгиҳо, маҳсулоти ғалладона, мевагию полезӣ ва ангурпарварӣ) бомуваффақият дифоъ намуд.маълумоти бештар…..

Патентҳо оид ба ихтирооти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ки дар натиҷаи иҷрои КИТ аз тарафи ҳайати устодону профессорони

Донишгоҳи технологии Тоҷикистон

ба даст оварда шудаанд

(солҳои 2008-2019)

2019

 ПАТЕНТҲО ОИД БА ИХТИРООТ, КИ ДАР СОЛИ 2019 ТАСДИҚ ШУДААНД

  1. Мирзоев Г.Х., Мадалиев А., Кокулов П. ва диг. “Тарзи ҳосил намудани хокаи қаҳваи бисёркомпонента бо мазаи хушбӯй”. Нахустпатент TJ 967.
  2. Яминова З.А., Ишматов А.Б., Икроми М.Б. “Крашение композиционных метариалов при нанесении раствора серицина” Нахустпатент №1801258, 03.12.2018;
  3. Набиев А.Ғ., Ишматов А.Б., Ҳакимова З.Ғ. Ҷӯроби табобатӣ. Нахустпатент № 1801257. 03.12.2018;
  4. Ишматов А.Б., Ҳакимова З.Ғ., Набиев А.Ғ. Шона барои дастгоҳи бофандагии Пневмарапиравӣ. Нахустпатент № 1801256. 03.12.2018;  
  5.  Ишматов А.Б., Рузибоев Ҳ.Г. Маҷмӯи коркарди пурраи пахта ва партовҳои истеҳсолот. Нахустпатент № 1801249. 30.10.2018. 
  6. Иброҳимов Х. И. ва диг. Сохтор барои ҳифзи иловагии қосидаки POSICOM-и пайваткунандаи худкори таҷҳизоти ресандагии пневмомеханикӣ. TJ 1006.2019.
  7. Иброҳимов Х. И., Самадов Ҳ.Т. ва диг. Сохтор барои ҳосилкунии риштаҳои омехта. TJ 1012.2019.

2018

  1. Ишматов А. Б., Ҳакимов Ғ. Қ., Яминова З. А. Патенти Авруосиёгӣ №029384, МПК D01 C1/00;. 30.03.2018  
  2. Деревенько В. В., Новоженова А. Д., Мирзоев Г. Х. Способ получения дынного масла и жмыха. №2649022 от 29. 03.2018.
  3. Ҳакимов Ғ. Қ., Мирзоев Г. Х., Мадалиев А. М. Дастгоҳ барои сермаҳсул ҳосил намудани шарбати меваҳо. №TJ 895 аз 12. 05. 2018.
  4. Иброҳимов Х. И., Соибов Ҳ. С., Иброҳимзода И., Қурбонов Б. Д., Устувонаи хушккунӣ бо механизмҳои танзимкунандаи самти ҳаракати барандаи гармӣ №TJ 893 аз 05.04.2018с.
  5. Икроми М.Б, Мирзораҳимов К.К., Шарипова М.Б., Гулбекова Н.Б., Тураева Г.Н. Тарзи ҳосил намудани ранги зарди ғизоӣ аз решаи ширинбия НАХУСТПАТЕНТ №898. СПБ С09В61/00.
  6. Иброҳимов Х.И., Рузибоев Ҳ.Г. ва диг. Гармиҳосилкунанда. №TJ 956 аз 21.11.2018.маълумоти бештар…..

САНАД- ТАТБИҚОТ

ки аз ҷониби омӯзгорони ДТТ дар истеҳсолот татбиқ шудаанд 2019 

Ному насаб Номи маводи зеҳнӣ Макон ва соли татбиқ
1 Шарипова М.Б.,

Тураева Г.Н.

«Выработка опытных образцов растительного масла с применением природных антиоксидантов из экстрактов мяты полевой, базилика фиолетового и мелиссы лекарственной» ҶСК «АТО»

Душанбе

2 Тураева Г.Н. Натиҷаи рисолаи илмӣ дар мавзӯи “Асосноккунии истифодаи пайвастаҳои фенолии табиӣ дар технологияи маҳсулоти хўрокаи равғандор” дар раванди таълим Донишгоҳи технологии Тоҷикистон
3. Бобиев О.Ғ. “Методика количественного определения активных красителей” ҶСК «Нассоҷи тоҷик»

 

4. Бобиев О.Ғ. “Методика количественного определения активных красителей” ҶСК “Ваҳдат-текстиль” н. Ёвон
5. Ҷалилов Ф.Р. “Разработка структуры и технологии получение многослойных тканей сотовых структур” ҶСК «Нассоҷи тоҷик»

 

6. Ҷалилов Ф.Р. “Разработка структуры и технологии получение многослойных тканей сотовых структур” «Учебно-методический центр по реформированию ЖКХ»

2018 маълумоти бештар

ҶОИЗАҲОИ ДАВЛАТӢ

Ҷоизаҳои давлатӣ дар соҳаҳои илму техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

  1. Дар соли 2001д.и.т., профессор Азизов Б.С.
  2. Дар соли 2013д.и.ф.-м., профессор, академики АИ ҶТ Усмонов З.Ҷ.

 Ҷоизаҳои Президенти ҶТ дар соҳаи маориф

  1. Дар соли 2008н.и.т., д.и.п., профессор Шоев Н.Н.

 Ҷоизаҳои АИ ҶТ дар соҳаи илм ва техника ба номи академик С.Умаров

  1. Дар соли 2012 – н.и.т., дотсент мудири кафедраи СТИМХ Хушматов А.Т.
  2. Дар соли 2016 – д.и.т., профессор Иброгимов Х.И.

Ҷоизаҳои давлатӣ байни олимони ҷавон дар соҳаи илм ба номи И.Сомонӣ

  1. Дар соли 2012н.и.ф.-м. Акобиршоев М.О.
  2. Дар соли 2013 – н.и.б. Раҳимова Ф.А.
  3. Дар соли 2016 – н.и.к. Шарипова Ш.Б.
  4. Дар соли 2017 – н.и.т. Мирзозода Г.Х.
  5. Дар соли 2019 – н.и.т. Яминзода З.А.

Нишони Wilhelm Leibniz

Бо қарори Департамент оид ба мукофотонӣ дар соҳаҳои техникӣ ва физикаю математикии Консортсиуми илмию саноатии Иттиҳоди Аврупо аз 01.08.2014с, протоколи №27/1.08.14 (Олмон) бо нишон (медал)-и Wilhelm Leibniz ба олимони ФР ва хориҷӣ барои эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар рушди илмҳои техникӣ ва физикаю математика қадрдонӣ  мегарданд, д.и.ф.-м., проф., академики АИ ҶТ Усмонов З.Ҷ.-ро бо нишони зикршуда сазовор дониста шуд. Номзадии профессор Усмонов З.Ҷ.-ро Президиуми  Академия табиатшиносии ФР ба ин мукофот ҳамчун олиме, ки дар рушди илму техника саҳми босазо гузоштааст, пешниҳод кардааст.

 БАРАНДАГОНИ «НИШОН (МЕДАЛ) – и БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРИ ТОҶИКИСТОН

ДАР СОЛИ 2010-2011» ВА «ДИПЛОМИ ИХТИРОЪЧӢ»

 Дар соли 2012 д.и.т., профессор Ишматов А.Б. сарфароз гардид.

  НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУНИ «ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН» ДАР СОЛҲОИ 2015-2016 

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии ихтироъкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 26 апрели соли 2017 таҳти унвони «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон» дар солҳои 2015-2016 бо иштироки як қатор меҳмонони хориҷӣ аз қабили ноиби Президенти Ташкилоти патентии Авруосиёгӣ ҷаноби Фаёзов Ҳ. Ф. ва Президенти Институти патентии Ҷумҳурии Туркия профессор, доктор Ҳабип Асан баргузор намуд.

Дар қатори дигар МТОК кишвар 3 нафар ихтироъкор – намояндагони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ ширкат варзида бо Медали ихтироъкор д.и.т., профессор Иброгимов Х.И. ва Дипломи ихтироъкор  қадрдонӣ карда шуданд.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУНИ «ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН»

ДАР СОЛҲОИ 2013-2014 

Дар соли 2015 4 нафар омӯзгорони донишгоҳ н.и.т., дотсент Ҳакимов Ғ.Қ., н.и.к., дотсент Икроми М.Б., саромӯзгорон Ҳабибов А.Ҳ. ва Ниматов И.Ҳ.м сарфароз гардиданд.

Барандагони озмуни  “Навовари беҳтарин” байни олимони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

Яминова Заррина – унвонҷӯи ДТТ, дар озмуни ҷумҳуриявии “Навовари беҳтарин” бахшида ба 20 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда ғолиби ҷойи якум гардида бо Дипломи дараҷаи якум дар соли 2014 сарфароз  гардонида шуд.

Назаров Шуҳратсаромӯзгори кафедраи   ДТТ дар озмуни ҷумҳуриявии “Навовари беҳтарин”  бахшида ба 20 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда ғолиби ҷойи сеюм гардида бо Дипломи дараҷаи сеюм дар соли 2014 сарфароз гардонида шуд.

Раҳматов Исфандиёрдар озмуни ҷумҳуриявии “Навовари беҳтарин”  бахшида ба 20 солагии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи ВМваИ ҶТ дар соли 2014 сарфароз  гардонида шуд.

 ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “НАВОВАРИ БЕҲТАРИН” 2016  БАХШИДА БА 25 СОЛАГИИ

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Саромӯзгори кафедраи Мошин ва дастгоҳҳои истеҳсоли хӯрокаи н.и.т. Мирзозода Г.Х. дар озмуни ҷумҳуриявии “Навовари беҳтарин”  бахшида ба 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, сазовори ҷойи дуюм гардид ва бо Дипломи дараҷаи дуюм сарфароз гардонида шуд.

ОЗМУНИ КОРҲОИ ХАТМ (ДИПЛОМӢ) БАЙНӢ МТОК ФР АЗ РӮИ РАВИЯИ

“ТЕХНОЛОГИЯ ВА ТАҶҲИЗОТИ ИСТЕҲСОЛИ НАХҲОИ ТАБИӢ

 Озмуни корҳои хатмӣ (дипломӣ) байнӣ МТОК ФР аз рӯи равияи “Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли нахҳои табиӣ”, ки санаи 19 декабри  соли 2014 дар Донишгоҳи давлатии Технологии ш. Костромаи ФР баргузор гардид, донишҷӯи курси 4-уми равияи 1-54010104 Ҷулдошева С.А. таҳти роҳбарии профессор Иброҳимов Х.И. дар бахши “Равандҳои технологӣ ва таҷҳизоти коркарди нахҳои табиӣ” сазовори ҷойи 1-ум ва Дипломи дараҷаи 1-ум дониста шуд.

ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ  ЗАНҲОИ ИХТИРОЪКОР “KIWIE”  ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ

Яминова Заррина  Акрамовна –  дар Озмуни байналмилалии занҳои ихтироъкор “KIWIE-2016”, ки рӯзҳои 16-19 июни соли 2016  дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок карда, сазовори Дипломи ҷойи фахрии II-юм ва Медали нуқра дониста шудааст.

Шарипова Мавзуна Баҳриддиновна ва Меҳринигори Булбулназар дар Озмуни байналмилалии занҳои ихтироъкор “KIWIE-2019”, ки рӯзҳои 20-23 июни соли 2019  дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок карда, сазовори Дипломҳои ҷойҳои фахрии III-юм ва Медали биринҷӣ дониста шудаанд.

НАТИҶАГИРӢ АЗ ОЗМУНИ  “БЕҲТАРИН ИХТИРОЪКОРИ ТОҶИКИСТОН”  ДАР СОЛҲОИ 2017-2018

НАТИҶАГИРӢ

аз озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон”

Иброгимов Холназар Исломович

бо Медали WIPO -2019 аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ барои Ихтироъкори беҳтарини ҶТ сазовор гардонида шуд.

Яминова Заррина Акрамовна – бо Медали тиллои Блинников В.И. аз ҷониби Ташкилоти  патентии Авруосиёгӣ барои фаъолияти ихтироъкорӣ сарфароз гардонида шуд.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони беҳтарини Тоҷикистон»-ро барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд, ки дар он омӯзгорони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон иштирок намуда, бо Дипломи ғолиби озмун профессор Иброгимов Х.И. ва бо Дипломи иштирокчии фаъоли озмун  Ҳакимов Ғ.Қ., Ишматов А.Б., Яминова З.А., Рузибоев Ҳ.Г., Назаров Ш.А ва Мирзозода Г.Х. сазовор гардиданд.

Монографияҳо  чопшуда (2007-2019)

2019

  1. Хабибов А.Х. и др. Эффективность инновационно-технологического развития регионального птщевого подкомплекса./Душанбе: 2019. – 174 с.
  2. Хушматов А.Т. Местные бентониты в технологии виноделия Таджикистана. – Душанбе, Дониш. 2019- 98 с.
  3. Гафоров Ф.М. Основы управления развитием инвестиционного потенциала региона./Душанбе. Ирфон. 2019. – 128 с. ISBN 978-99975-1-006-8.
  4. Шобеков М. Учет, анализ и аудит в эпоху цифровой экономики в постсоветском пространстве: инновационные перспективы развития. Финансовый университет при правительстве Российской Федерации. ООО «Пилтан». Москва 2018. 268с.
  5. Ниёзбоқиев С.Қ. Педагогические условия формирования инновационного мышления у студентов инженерно-технологического профиля в условиях реализации кредитной технологии обучения в вузе. Душанбе. – 2019. С.144.

 2018

  1. Рахимов Р. К. и др. Исследование динамики и структуры добавленной стоимости в контексте инновационного развития экономики Республики Таджикиста/АН РТ Ин-т экономики и демографии. – Душанбе: Дониш, 2017. – 240 с.
  2. Бобоев Х. Из истории астрономической мысли таджикского народа/ Бобоев Х. – Олмон: LAMBERT (Academic Publishing), ISSN: 978-613-8-34407-0; ББК 22.1 г + 22,3 + 51,1. 2018. – 196 стр.
  3. Ҳакимов Ғ. Қ., Кёлер Т., Ударцева С. М., Дрюмер Й., Жолдошов М. К. Vocational Teacher Education in Central Asia. Developing Skills and Facilitating Success ISSN 1871-3041 ISSN 2213-221X, Issues, Concerns and Prospects ISBN 978-3-319-73092-9 ISBN 978-3-319-73093-6, Library of Congress Control Number: 2018933041. SPRINGER. Germany, – 217с.
  4. Мусинов А.С. Развитие механизма согласованного использования водно-энергетических ресурсов трансграничных рек. Монография. ТНУ. Душанбе.: «СИНО», 2018. – 210 с.
  5. Маҳмадалиева Ҳ.П. Сопоставительный анализ адъективных словосочетаний в таджикском и русском языках. «Ирфон». 2018, г. Душанбе. 90 с.
  6. Шобеков М. Учет, анализ и аудит в эпоху цифровой экономики в постсоветском пространстве: инновационные перспективы развития. Финансовый университет при правительстве Российской Федерации. ООО «Пилтан». Москва 2018. 268с.
  7. Яминова З. А., Ишматов А. Б. Использование шелковых отходов в ткачестве. Изд. ”Промэкпо” ва LAP “Lambert”. Душанбе и Германия 2018.// 167с.
  8. Амонзода И.Т. ва диг. Физикохимия алюминиевого сплава АЖ 2.18 с литием, бериллием и магнием.-  Душанбе, Шуъбаи таъбу нашри ДТТ. 2018.-146с. УДК 669.77:621.маълумоти бештар